БА МОДАРАМ Ба кунчи сандали биншаста шабхо, модари пирам, Ту шояд чомаи домоди медузи ба сад ният. Ки рузи туй дида дар кади ман, бишкани армон, Бубини то ба ранги нав, ба хусни нав чавоният, Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман! Наебад чашми камбинад ба чустан чашми сузанро, Биларзад дасти пурэъчози ту дар кабзаи пири, Валекин боз медузи ту дастархони гулдузи, Ки рузи маърака дар байни мардум обру гири, Чи дунеест дунеи умеди ту, Ае модар, ае модар! Нихону пардаги бигзашт даврони чавоният, Хаетат дар гуселу пешвози зиндаги тай шуд. Бикун бо гушаи карси сафедат пок ашкатро, Ба дуне одами якбор меояд ба пои худ. Ба охи тобнокат аз кучо акси садо чуи,
Оҳану фӯлод аз як кӯра меоянд бурун, Он яке шамшер гардад, он яке наъли хар аст. Гар бубини нокасон боло нишинанд сабр кун, Рӯи дарё каф нишинад, қаъри дарё гавҳар аст.
Марги ман маълум, аммо мурданам маълум нест, Муъминам аммо Эмон бурданам маълум нест. Дар киёмат рох дорам номи он гуяд сирод , Ман намедонам баинчо рафтанам маълум нест. Рохи пуршуру хатар нодида бикшодам сафар, Дар савори асби чубин рафтанам маълум нест, Дар даруни гури торики лахат хастам якин. Ё баминат ё барохат хуфтанам маълум нест.
Ассалом эй модари андар фироқам сӯхта, Чашми шаҳлоят ба роҳи васли рӯям дӯхта. Номае бинвистам аз баҳрат дар ин мулки ғариб, Чун туи танҳо барои кулли дарди ман табиб. Хоб дидам очаҷон имшаб висоли рӯйи ту, Ҳар нафас, ки мекашидам пур буд аз бӯйи ту. Дастагул бар даст мерафтам ба сӯят очаҷон, Буса мекардам зи дастону зи рӯят очаҷон. Ашки шодӣ шуст он дам рӯйи тобони туро, Боз ту карди пок он дам ашки чашмони маро. Ман фитодам пеши поят бусса аз поят задам, Қувати бозӯ намонда то бимонам як қадам. Он замон биншастиву оғӯш мекарди маро, Бо суханҳоят ҳаме дилхуш мекарди маро. Чашм пӯшидам даме хобам барад оғӯши ту, Лаҳзае буд лек роҳат буд зи бӯйи хуши ту. Хостам бар чеҳраат бори дигар созам на
Аз вафо харфе бигу то як даме гушат кунам.. Дарди чонамро табобат бо лаби нушат кунам.. Рузу шаб андар хаёлам нест гайри руи ту.. Худ бигу бар чи созам то фаромушат кунам .
Тема удалена или не является публично доступной
Дар фасли бахор ё зимистон мурдем,Ё вақти хазони тирамохон мурдем.Ё бахри хаёт хар нафас чун ошиқ, Чон додаву чон додаву бечон мурдем..
Бо бонги сагон,шукр,қаландар нашудем,Хангоси харон шунидаву хар нашудем.Будем зи баски ғарқа дар хуни чигар,Об аз сари мо гузашту мо тар нашудем.
Як ҷавон мехост шуҳрат ёбад андар байни халқ, Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон. Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд: Канд номашро ба рӯи сангу з-он шуд шодмон. Гуфтамаш: Он сангро селоб агар аз ҷо барад, Созад онро дар ягон ҷое зи чашми кас ниҳон, Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт, Номи ту гум мешавад, бешубҳа, бо санг аз миён. Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор, Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо, Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун, Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо! 1959
  • Класс
Показать ещё