Чашми шаҳлоят ба роҳи васли рӯям дӯхта.
Номае бинвистам аз баҳрат дар ин мулки ғариб,
Чун туи танҳо барои кулли дарди ман табиб.
Хоб дидам очаҷон имшаб висоли рӯйи ту,
Ҳар нафас, ки мекашидам пур буд аз бӯйи ту.
Дастагул бар даст мерафтам ба сӯят очаҷон,
Буса мекардам зи дастону зи рӯят очаҷон.
Ашки шодӣ шуст он дам рӯйи тобони туро,
Боз ту карди пок он дам ашки чашмони маро.
Ман фитодам пеши поят бусса аз поят задам,
Қувати бозӯ намонда то бимонам як қадам.
Он замон биншастиву оғӯш мекарди маро,
Бо суханҳоят ҳаме дилхуш мекарди маро.
Чашм пӯшидам даме хобам барад оғӯши ту,
Лаҳзае буд лек роҳат буд зи бӯйи хуши ту.
Хостам бар чеҳраат бори дигар созам назар,
Хестам вақти намозу лек болин гашта тар...
Модари ҷонам Худои Меҳрубон хоҳад агар,
Мешавад чашмони шаҳлоят зи ашки шодӣ тар.
Медамад андар лабонат ғунчаи шодона бас,
Медурахшад чеҳраат мисли дурахши лаълу фас.
Мерасад рӯзи висол бо ин ҷигарбанд очаҷон,
Гар дуъо гӯйи бароям дар намозат ҳар замон.
Нигаҳбонат Худо бошад, Худо Ёрат бувад модар,
Диҳад сабреву то он дам Мададгорат бувад модар.
30•01•2020
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев