274 комментария
    1K класса
    Эй дӯст ғами ҷаҳон беҳуда махур, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махур. Чун буда гузашту нест нобуд падид, Хуш бош ғами будаву нобуда махур. ﴾Умари Хайём﴿
    14 комментариев
    1.4K класса
    Чун ятимеро касе гирён кунад, Молик андар дузахаш бирён кунад. Чун шавад гирён ятиме ногаҳон, Арши Ҳақ бар ҷунбиш ояд он замон. Он ки хандонад ятими хастаро Боз созад ҷаннати дарбастаро. ﴾Шайх Аттор﴿
    15 комментариев
    1.2K класс
    Имруз хулқи хеш ба симу ба зар кунанд, Безар агар бародар аст, з-ӯ ҳам ҳазар кунанд. Зардорро ба маҷлис ҷое диҳанд ба сар, Безар агар биёяд, ҷой тангтар кунанд. Зардор агар чӣ нодон, гӯянд оқил аст, Безар агар чӣ доно, мислаш ба хар кунанд. Зардор агар бимирад, хешону ғайр бигирянд, Безар агар бимирад, чашм кам тар кунанд... ﴾Шайх Саъдӣ﴿
    35 комментариев
    1.3K класс
    Зани хуби фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат, Чу ёри мувофиқ бувад дар барат. Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор, Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор. Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ, Бало бар сари худ, на зан хостӣ. Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй, Зани девсимои хуштабъу гӯй. Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй, На ҳалво хурад сирка андуда рӯй. Киро хона ободу ҳамхона дӯст, Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст. Ба зиндони қозӣ гирифтору беҳ, Ки дар хона бинӣ бар абрӯ гиреҳ. Тиҳипой рафтан беҳ аз кавши танг, Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг! Чу зан роҳи бозор гирад, бизан, Вагар - на ту дар хона биншин чу зан! Чу дар рӯи бегона хандид зан, Дигар мард гӯ, лофи ма
    118 комментариев
    1.3K класса
    К добру и миру тянется мудрец, К войне и распрям тянется глупец! ﴾Рудаки﴿
    31 комментарий
    1.9K классов
    Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ, Бар кас маписанд бародари ман. Гар модари хеш дӯст дорӣ, Дашном мадеҳ бар модари ман. ﴾Шайх Саъдӣ﴿
    9 комментариев
    1.2K классов
    От праха черного до всех небесных тел, Я тайны разгадал мудрейших слов и дел. Коварства я избег, распутал все узлы, Лишь узел смерти я распутать не сумел. ﴾Ибн Сина﴿
    28 комментариев
    1.5K классов
    Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист, Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист. Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз, Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист. Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд, Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист. Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд, Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист. Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист, Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист. Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор, Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист. Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр, Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист. Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд, Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист. Чизе шикор кун, ки ба майдони
    44 комментария
    1.2K классов
#СаъдӣШерозӣ Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ, Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ. Сармояи ту дар ин чаҳон як кафан аст, Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ. اي خواجه چرا در اين جهان بي خبري روزان و شبان در طلب سیم و زری سرمایه تو در این جهان یک کفن است آن هم به گمان است، کي ببری یا نبری О хаджа, отчего ты незнающий в этом мире, Днём и ночью думающий о золоте и серебре. Твое богатство в этом мире только саван, Унесешь ль ты это или нет, и то сомнение! 🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
#СаъдӣШерозӣ
Бомдоде, ки тафовут накунад лайлу наҳор,
Хуш бувад домани саҳрову тамошои баҳор.
Офаринаш ҳама танбеҳи Худованди дил аст,
Дил надорад, он кӣ надорад ба Худованд иқрор¹.
Булбулон, вақти гул омад, ки биноланд аз шавқ,
На кам аз булбули масте ту бинол эй ҳушёр.
Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд,
Ҳар, ки фикрат накунад, нақш бувад бар девор.
Куҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд,
На ҳама мустамеъе² фаҳм кунад ин асрор.
Хабарат ҳаст, ки мурғони саҳар мегуянд:
«Охир эй хуфта сар аз хоби ғафлат бардор!»
Кӣ тавонад, ки диҳад меваи алвон³ аз чуб?
Ё кӣ донад, ки барорад гули садбарг аз хор.
Ҳар ки имруз набинад асари қудрати У,
Ғолиб он аст, ки фардош набинад дидор.
Поку беайб Ху
#ПандуНасиҳат
Ғофил мабош банда, ки умрат дубора нест,
Зикри Худо бикун, ки аз марг чора нест.
Дар роҳи Ҳақ бикуш, ки фурсат ғанимат аст,
Зеро, ки рузи марг ба кас ошкора нест.
🌱 🌷 🍁 🏵️ 🌸 🌾 💮 🍃 🌿 🌼 🌻 🌺
#АбӯсаидиАбулхайр
Дар гуфтани зикри Ҳақ, забон аз ҳама беҳ.
Тоъат, ки ба шаб кунӣ, ниҳон аз ҳама беҳ.
Хоҳӣ, ки пули сирот осон гузарӣ,
Нон деҳ ба чаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
در گفتن ذکر حق زبان از همه به
طاعت که به شب کنی نهان از همه به
خواهی ز پل صراط آسان گذری
نان ده به جهانیان که نان از همه به
🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼 🍁🌷🥀 🌺 🏵️
#ҶалолиддиниРумӣ
Ё Раб, Ту маро ба нафси танноз мадеҳ,
Бо ҳарчӣ ба ҷуз Туст маро соз мадеҳ.
Ман дар Ту гурезон шудам аз фитнаи хеш,
Ман они Туям, маро ба ман боз мадеҳ.
🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼🌷🍁
#ҲофизиШерозӣ
Корам зи даври чарх ба сомон намерасад,
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад,
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон,
То обру намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале,
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Қайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро,
Ин ғусса бас, ки даст суи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намеруяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намера
#ФаридиСомғорӣ
Яке марг суроғат омаду зуд,
Гар нестӣ омода, ҳайфи ту буд.
Набуданд зи дасту забонат дар амон,
Бигиранд ҷонат баттар зи ҳаявон.
Кизбу буҳтон чаро пеш гирифтӣ,
Кунун вақти ҳисобот ба дурустӣ.
Вақти он, ки ру суи Парвардигорат,
Вагарна, сад вой бар ҷону ҳолат!
📜 Гулафшон
🌺 🌱 🌹 🍃 🌸 🍂 🌷 🌿 🌼 🌾 🏵️ 🍁
#АбдураҳмониҶомӣ
Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ.
Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ.
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгоҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ.
Эй фохта, парвозкунон бар сари сарве,
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ.
Ҷомӣ, ту беҳушию ҷоми маю мастӣ,
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ!
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
#СаъдӣШерозӣ
Хуш аст умр, дареғо, ки ҷовидонӣ нест,
Пас эътимод бар ин панҷ рузи фонӣ нест.
Дарахти қадди санавбархироми инсонро
Мудом равнақи навбоваи ҷавонӣ нест.
Гулест хурраму хандону тозаву хушбуй,
Валек умеди саботаш чунон, ки донӣ нест.
Давоми парвариш андар канори модари даҳр
Тамаъ макун, ки дар у буи меҳрубонӣ нест.
Мабош ғарраву ғофил чу меш сар дар пеш,
Ки дар табиати ин гург галлабонӣ нест.
Чӣ ҳоҷат аст аёнро ба истимои баён,
Ки бевафоии даври фалак ниҳонӣ нест.
Кадом боди баҳорӣ вазид дар офоқ,
Ки боз дар ақибаш накбати хазонӣ нест.
Агар мамолики руи замин ба даст орӣ,
Баҳои муҳлати як руз зиндагонӣ нест.
Дил, эй рафиқ, дар ин корвонсарой мабанд,
Ки хона сохтан оини корвонӣ нест
#ФаридиСомғорӣ
Чуноне, ки Парвардигори кулли мавҷудот мефармояд: чашмҳо нобино нашаванд, балки дилҳои қабати сина нобино шаванд!
Чашме-к надорад қобили дид, кур мадон,
Қалби кур дар асл аъмост, хуб бидон.
Бар нозебу бечораҳол ҳаргиз маханд,
Зи бенавову беҷамол гирад покиз панд.
Куҷо донӣ, эй соҳибном, ба Яздони пок,
Турост баҳо олимақом ё зарра хошок?!
📜 Гулафшон
🌺 🌱 🌹 🍃 🌸 🍂 🌷 🌿 🌼 🌾 🏵️ 🍁
Показать ещё