Дар Шветсия беҳурматӣ ба Қуръонро такрор карданд Як зани масеҳӣ таҳти ҳимояти полиси Шветсия рӯзи гузашта дар шаҳри Малмо, нусхае аз Қуръони Каримро ба оташ кашид. Ба гузориши ТоҷикПресс, полиси Шветсия барои таҷаммуъи қуръонсӯзӣ дар яке аз шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар, ки рӯзи гузашта дар Малмо баргузор шуд, иҷозатнома содир кард. Тасовир ва наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳамроҳ бо ин зан, ки як салиб дар даст дорад, марде ки парчами режими саҳюнистиро бар дӯши худ андохта, дар канори ин зан истодааст. Тибқи гузоришҳо, ин фарди муҳин, ҳамон зане аст, ки ҳафтаи гузашта ва дар наздикии Стокголм ба Қуръони Карим беҳурматӣ карда буд. Дар навори нашр шуда, нишон дода мешавад, ки ин зан бо ҳофизати комили полиси Шветсия даст ба ин иқдоми муҳин мезанад ва мусулмонон низ дар ҳоле, ки парчами Фаластин ба даст доранд, алайҳи он шиор медиҳанд ва аз муқаддасоти исломӣ дифоъ мекунанд. Баргузории ҷамъомади монанди ин дар Шветсия, ки дар он ба китоби Худованд тавҳин мешавад, интиқодоти мусулмонони саросари ҷаҳонро барангехта ва равобити Стокголм бо кишварҳои исломиро тира кардааст. https://tajikpress.com/2024/05/04/%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88%d0%b2%d0%b5%d1%82%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d1%83%d1%80%d0%bc%d0%b0%d1%82%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d2%9b%d1%83%d1%80%d1%8a%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%82%d0%b0%d0%ba/
    0 комментариев
    0 классов
    Ҳимоят ва ҳамбастагии мардуми Португалия аз Ғазза Дар идомаи ҳимоятҳои мардумӣ аз Ғазза дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия ба хиёбонҳо омаданд ва ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро маҳкум карданд. Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия бо ҳузур дар хиёбонҳо, зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ҷиноятҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро маҳкум карданд ва хостори таваққуфи фаврии ҷанг ва барқарории оташбас дар Навори Ғазза шуданд. Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза имрӯз панҷ шанбе эълом кард, ки аз оғози таҳоҷуми режими ваҳшии саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар 7 октябр то имрӯз дасти кам 34 ҳазор ва 596 фаластинӣ шаҳид ва 77 ҳазор ва 816 нафари дигар низ захмӣ шуданд. Бинобари эъломи ин вазоратхона дар шабонарӯзи гузашта 28 нафар дар Навори Ғазза шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд. Дирӯз чаҳоршанбе ва дар идомаи ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, ҳазорон нафар аз мардуми Италия бо таҷаммуъ дар шаҳри Милан, зимни ҳимоят аз муборизаи гуруҳҳои муқовимати исломии Фаластин алайҳи саҳюнистҳои кӯдаккуш, ҷиноятҳои артиши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ва куштори мардум бегуноҳро маҳкум карданд. Шабакаи Алҷазра рӯзи чаҳоршанбе тасовире аз тазоҳуроти пуршур дар шаҳри Милани Италия зери бориши борон барои дархости таваққуфи ҷиноёти режими хабиси Исроил дар Навори Ғазза мунташир кард. Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бо дар дастдоштани парчами Фаластин шиорҳои зидди саҳюнистӣ дар куштори мардуми Фаластин дар Навори Ғазза ва таваққуфи ҷанг сар доданд. Дар хабари муртабит, мардуми Туркия дар шаҳри Трабзони Туркия низ дар роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза бо ҳамли парчамҳои Фаластин аз мардуми Навори Ғазза дар баробари режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳимоят карданд. https://tajikpress.com/2024/05/02/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%bf%d0%be%d1%80%d1%82%d1%83%d0%b3%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%8f/
    0 комментариев
    0 классов
    #ҶУДОКОРОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!! Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Ҳамакаса ҷудокорони кишварамонро дасгирӣ менамоем ва аз меҳмонони хориҷӣ пазироии хубӣ тоҷикона намоем !!! Агар ин мусобиқаро бо меҳмонавозиву фарҳанги хуби тоҷикӣ ҷамъбаст намоем боз ҳам нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон баланд мегардад ва ифтихори кули мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад ! ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! БА ПЕШ! БА ПЕШ !
    0 комментариев
    4 класса
    0 комментариев
    0 классов
    Баёнияи Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ дар бораи режими саҳюнистӣ Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, рӯзи якшанбе ҷаласаи Кумитаи вузарои таъйин шуда аз сӯи сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар хусуси таҳаввулоти Навори Ғазза баргузор ва баёнияе тавассути он содир шуд. Дар ин нишаст, ки ба раёсати Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд, бар лузуми эъмоли таҳримҳои муассири ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз ҷумла таваққуфи содироти силоҳ ба ин режим таъкид шуд. Ин иқдом дар посух ба нақзи қонунии байналмилалии инсонӣ ва низ ҷиноёти ҷангие, ки дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ тавассути ин режим сӯрат мегирад, иттихоз шудааст. Вазирони ҳозир дар ин дидор бар лузуми фаъолсозии абзорҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомоти исроилӣ дар қиболи ҷиноёте ки муртакиб шудаанд ва лузуми таваққуфи тероризми шаҳрак нишинон ва иттихози мавозеъи сариҳ ва қотеъ дар баробари он таъкид карданд. Дар ин баёния омадааст, ки дар ин нишаст механизмҳое барои ташдиди иқдомоти муштараки арабӣ ва исломӣ барои таваққуфи фаврӣ ва поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза, тазмини ҳифозат аз ғайри низомиён мутобиқ бо қонуни байналмилалии инсонӣ ва ироаи кумакҳои башардӯстонаи кофӣ ва пойдор барои саросари Навори Ғазза баҳс ва гуфтугӯ шуда ва бар идомаи талошҳо барои ба расмият шинохта шудани кишвари мустақили Фаластин ва муҳаққиқ кардани хостаҳои мардуми Фаластин таъкид шудааст. https://tajikpress.com/2024/04/30/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-4/
    0 комментариев
    0 классов
    Бедории насли нави Амрико ва таъсири он бар ояндаи равобит бо Исроил Ҷунбиши эътирозии донишҷӯён дар Амрико, ки бо мавҷи густарда идома ёфтааст, дар ояндаи равобити ин кишвар бо Исроил ҳам таъсир дорад. Дар ҳоле, ки наслҳои қаблии Амрико бо пайравӣ аз рӯйкарде, ки давлатҳои ин кишвар ба онҳо таҳмил карда буданд, худро муваззаф ба ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ медонистанд, аммо насли ҷадид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раҳбарони ояндаи ин кишвар ҳастанд, як масири комилан дигарро пеш гирифтаанд. Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷунбиши эътирозии азиме дар донишгоҳҳои Амрико алайҳи ҷиноятҳои режими ишғолгар дар ҳаққи мардуми бедифои Фаластин дар Навори Ғазза, табдил ба яке аз аслитарин таҳаввулоти марбут ба ҷанги Ғазза, дар расонаҳои ҷаҳон шудааст ва таҳлилҳои мутааддиде дар ин бора вуҷуд дорад. Дар ҳамин бора шабакаи Ал-Ҷазира дар ёддоште ба қалами «Муҳаммад Ал-Миншов, таъсири хезиши донишҷӯии Амрико алайҳи режими саҳюнистӣ бар ояндаи равобит бо ин режимро мавриди баррасӣ қарор додааст. https://tajikpress.com/2024/04/29/%d0%b1%d0%b5%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d1%8a%d1%81%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
    Густариши мавҷи эътирозҳои дониҷшӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳҳои Канада Бо идомаи мавҷи густариши эътирозҳои зидди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ, донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳи МакГилл дар Монтрали Канада низ кампи эътирозӣ алайи наслкушии Исроил дар Ғазза ба роҳ монданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, эътирозҳои донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил, ки аз донишгоҳи Колумбияи Амрико дар шаҳри Ню-Йорк оғоз шуд бо вуҷуди саркӯб аз сӯи мақомоти Амрико ибтидо ба дигар донишгоҳҳои ин кишвар ва сипас ба донишгоҳҳои соири кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Англис, Фаронса, Олмон, Канада ва Австралия расид. Шабакаи CBC-и Канада гузориш дод, ки донишҷӯёни эътирозгар дар донишгоҳи МакГилл бо барпоии камп дар донишгоҳ бо Фаластин ибрози ҳамбастагӣ карданд. Ба гайр аз Штатхои Муттахида, дар тамоми чахон, аз чумла дар Берлин, фаъолон дар назди парламент хайма зада, аз хукумат хохиш карданд, ки фиристодани аслиха ба Исроилро бас кунад. Дар Донишгоҳи илм ва технологияи Париж эътирозгарон шаҳраки марказиро бастанд. Дар Шветсия тазоҳуроти тарафдорони Фаластин баргузор шуд ва мардум шиорҳои “Фаластин озод аст” ва “Исроилро бойкот” карданд. Тарафдорони Фаластин низ дар Лондон ҷамъ омаданд. https://tajikpress.com/2024/04/28/%d0%b3%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d2%b7%d0%b8-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d2%b7%d1%88%d3%af%d1%91/
    0 комментариев
    0 классов
    Ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва Фаронса Ҷунбиши донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари Амрико шиддат гирифта ва ба чанд кишвари дигар сироят карда ва токунун садҳо донишҷӯ тавассути полис дастгир шудаанд. Донишҷӯён дар ин кишварҳо ҳамвора аз гурӯҳҳои пештози ҳомии Фаластин будаанд, аммо ҳамалоти ваҳшиёна ва густурдаи низомиёни палиди саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин дар беш аз 200 рӯзи гузашта ва шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани ҳазорон фаластинии бегуноҳ, сабаби шиддат гирифтани мавҷи эътирозот дар миёни гурӯҳҳои мухталифи донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ шудааст. Акнун мавҷи сареъ аз эътирозот, ки ёдовари ҷунбиши зидди ҷанги Ветнам аст, донишгоҳҳои саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар посух ба ҷанги Исроил алайҳи Ғазза фаро гирифтааст, ки мунҷар ба дастгирии садҳо нафар ва онлайн шудани теъдоди зиёде аз дарсҳо шудааст, мавҷе, ки ба донишгоҳҳои Аврупо низ расида ва онро таҷриба кардаанд. Дар гузориши ҳозир бахше аз эътирозоти донишҷӯён дар Амрико ва Аврупо алайҳи Исроили ҷинояткор ва дар ҳимоят аз Фаластин, ки расонаӣ шуда, ба тасвир кашида шудааст: Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ ба кадомяк аз донишгоҳҳои Амрико сироят кардааст? https://tajikpress.com/2024/04/27/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b0%d0%b7%d0%b7-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%81%d0%b0/
    0 комментариев
    0 классов
    Паҳлавони ҷопонӣ, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ) оид ба ҷудо, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, қаҳрамони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF Шоҳей Оно ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Паҳлавони 32-солаи ҷопонӣ Шоҳей Оно бо даъвати Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Гран Слами Душанбе 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд. Ёдовар мешавем, ки аввалин рақобатҳои ҷудои Гранд-Сл
    0 комментариев
    4 класса
    Вышел новый фильм. Дзюдо. Как научить или научиться броску через бедро подбивом. O-goshi. Данный фильм создан для того, чтобы помочь разобраться в приёме бросок через бедро подбивом. Посмотрев этот фильм, вы будите понимать все особенности приёма. Технику приёма показывают спортсмены и тренеры из Японии, Польши, Великобритании, Франции и других стран мира. Фильм разбит на следующие части. 1. Захваты для броска o-goshi. 2. Выведение из равновесия для броска o-goshi. 3. Вход в приём для броска o-goshi. 4. Учикоми для броска o-goshi. 5. Выполнение броска o-goshi с другими захватами. 6. Контрприём от броска o-goshi. 7. Способы подготовки броска. 8. Комбинации с броском o-goshi. 9. Контратака бро
    0 комментариев
    1 класс
#ҶУДОКОРОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!! Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Ҳамакаса ҷудокорони кишварамонро дасгирӣ менамоем ва аз меҳмонони хориҷӣ пазироии хубӣ тоҷикона намоем !!! Агар ин мусобиқаро бо меҳмонавозиву фарҳанги хуби тоҷикӣ ҷамъбаст намоем боз ҳам нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон баланд мегардад ва ифтихори кули мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад ! ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! БА ПЕШ! БА ПЕШ !
её боялся ВАН ДАММ🔥КОРИ ЭВЕРСОН💪👇
Паҳлавони ҷопонӣ, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ) оид ба ҷудо, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, қаҳрамони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF Шоҳей Оно ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Паҳлавони 32-солаи ҷопонӣ Шоҳей Оно бо даъвати Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Гран Слами Душанбе 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд. Ёдовар мешавем, ки аввалин рақобатҳои ҷудои Гранд-Сл
Показать ещё