Сипосгузории худро ба донишманди нуктафаҳму нуктадон, адабиётшинос, муҳаққиқи нуктасанҷ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устод Рустами Ато, нисбати заҳматҳо барои омӯхтану навиштаҳои болояшон ба эҷодиёти банда мерасонам. Инчунин аз кормандони рӯзномаи Шӯҳрати Ашти ноҳияи Ашт барои нашри мақолаи мазкур сипосгузор ҳастам. Саломат бошетон!
Дар мотами Абдусалом Абдулҳақов ----------------------- Ба панҷоҳу чор рафта як навҷавон, Хушодобу ботамкину меҳрубон. Наозурда касро, вай андар ҳаёт, Ба мактаб буд устоди хориҷзабон. Бурун аз Ватан, дар ғарибӣ дареғ, Бипӯшидааст ҳарду чашм аз ҷаҳон. На бо модару на ба панҷи гулаш, Накарда видо, кардааст бо фиғон. Ба сар оварандаш, зи дурии дур, Зи деҳ рафта, гарчӣ ба пои равон. Фалак, аз ту ин сина сарду ба дард, Накардастӣ раҳме, чу бар ину он. Намегӯӣ, ки модараш, интизор, Барӣ, ҳар яки мо, зи мо ногаҳон. Ба сол, ар чӣ кӯчак, зи Мақсудалӣ, Ба доногӣ, Абдулсалом, з-ин калон.
БА ОЛИМҶОН ЭРБОЕВ Шумо, ки меҳри беандоза доред, Муҳаббатномаҳои тоза доред. Вафодоред ҳаме бо ёру дӯстон, Чу савти Ҷӯрабек, овоза доред. Набинед дарду ғамро дар ду олам, Кушода баҳри мо дарвоза доред. Ба гуфтори хушу ширинбаёнӣ, Забону шеваи шаҳноза доред. Бубинед умри Шайхи бомурувват, Чу лаҳни Саъдии Шероза доред. Дуогӯтон, ҳамин Мақсудалӣ аст, Чу ӯ зебоватан, Понғоза доред. Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
Бар шаҳри Самарқанд омадам ман, Бинед, ки чӣ хурсанд омадам ман. Бар дидани кӯҳнашаҳри бобом, Бо дасти пур аз қанд омадам ман. Мамнун шудам аз дидани шаҳрам, Шодон ба шакарханд омадам ман. Ваҳ-ваҳ, чӣ хушо, диёри дерам, Гӯё, ки ба Хуҷанд омадам ман. Бар зодагаҳи бузургворон, Бигрифта басо панд омадам ман. Бишнидам аз он забони ширин, Бар меҳани дилбанд омадам ман. Бар даргаҳи Садридини Айнӣ, Бо шодии даҳчанд омадам ман. Мегӯӣ, чу Маъданам, ба Понғоз, Чун шоири Хуқанд омадам ман. Бар манзили ҳамдилони хубам, Ангор, чу шаҳрванд омадам ман. Чун Мақсудалӣ, ба ин гулистон, Хандида сипосманд омадам ман. Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
  • Класс
УШШОҚИ ПОНҒОЗ Маро бошад ҳавас сайри диёри гул ба домонам, Гулистондеҳае, дар байни кӯҳҳои ба осмонам. Зиёратгоҳамон, "Бобои Об"-и сар ба афлокаш, Саодатманду хуштолеъ шавӣ, гардӣ чу меҳмонам. Бадар аз худ намоӣ дарди тан нӯшӣ зи оби он, Занад фаввора аз он қуллаи чандин ҳазоронам. Аҷаб бошад ҳавои форамаш, бо накҳати гулҳо, Чӣ хӯш, атрогин ояд бар димоғ, ҳулбӯйу райҳонам. Зи рӯди пуршару шӯраш, ки ҷорист аз миёни кӯҳ, Ба оҳангу наво меояду аз он хиромонам. Ба мардони бузургаш шӯҳраташ афзӯн бувад имрӯз, Ба Маъдан шоиру бо додситону бо забондонам. Ғазалхонии мурғони саҳархезаш аҷаб бошад, Ба илҳомам зи сози ҳар яке, з-он рӯ ғазал хонам. Чу Гулбоғи Ирам мебошад ин ҷаннатмакони ман, З
  • Класс
ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК! Ид омаду моҳи Рамазон аз дари мо рафт, Моҳе, ки пурэҳсону ба файз аз бари мо рафт. Моҳе, ки ба шодиву дуо буду ибодат, Моҳе, ки муборак, аҷабо, аз сари мо рафт. Моҳе, ки ба тоат ҳама бинмуду Худогӯй, Покиза намуду гунаҳ, аз манзари мо рафт. Эй кош, нарафтӣ дигар ин моҳи муқаддас, Ҳайфо, ки ба ин тезӣ ҳидоятгари мо рафт. Моҳе, ки чунон Хизри накӯпай шуда меҳмон, Чун мурғи Ҳумо болзанон хушпари мо рафт. Моҳе, ки ба ин Мақсудалӣ, роҳи ҳақ омӯхт, Худ донӣ кунун гуфту саҳар, раҳбари мо рафт.
Чанд ҳарфе дар бораи китобҳои "Субҳи босафо" ва "Сафои зиндагӣ"- и Мақсудалӣ Ҷӯраев --------------------- Шеър як оҳанги ғайбӣ ва таронаи ҷодугаронаи рӯҳ аст. Аз ин хотир розҳо ва сирри вуҷуди инсонро бо воситаи ҳисобҳои риёзии илмӣ баён кардан имконпазир аст. Калиди асрори рӯҳ шеър аст. Шоир тавассути хуну эҳсос қолаби ҷовидона мерезад, ки он моломол аз нерӯи андеша ва талоши абадият хоҳад буд. Оре, дарду ранҷ шоирро ба шеър гуфтан ҳидоят мекунад ва шеъре ки бе дард иншо мешавад, тифли  иллатдорест ва умри ҷовидонӣ намеёбад. Чи хеле ки Антон Павлович Чехов гуфтааст: “Агар шумо барои имрӯз эҷод бикунед, ҳосили заҳмататон пучу ботил хоҳад буд, барои оянда бояд офарид.” Бинобар ин шеър гуфтан
МУХАММАСИ МАҚСУДАЛӢ БАР ҒАЗАЛИ РАСУЛБЕКИ АҲМАДЗОД Сина пур аз дард аз кирдори беоре бишуд, Дил зи кори нокасе ранҷид, хуншоре бишуд, Чашми сар номардумонро дида, беморе бишуд, "Он киро афтод кораш, ӯ ба ман ёре бишуд, Доманам бомеҳр бигрифта, чу ғамхоре бишуд". Гуфт: "Ҳар ҷое, ки бошӣ, бар тани ту ҷавшанам, Садқаи номи азизи туст ин ҷону танам, Бӯса бар хоки раҳат, ар лозим ояд, мезанам", "Пеши поям сар бимонду гуфт: "Дар хидмат манам...", Гӯӣ бар ман ёвару беҳин мададгоре бишуд". Дар хушомадгӯӣ дорад бо худ олӣ маълумот, Кард бо лофу газофаш иддаеро банду мот, Буд ҳаме аз кори неку номи некам дар сифот, "Бо тамаллуқ дар сари ҳар гом кард ӯ илтифот, Ҷой дар қалбам гирифту чун вафодоре биш
  • Класс
Дар мотами шаҳри Маскав ва қурбониёни он, ки аз дасти қотилон ҷон супоридаанд ------------------------ Сархамтарин аз ман на ба ин шаҳри Ярослав, Аз дасти ду-се нохалафи нокаси каҷрав. Дидан натавонам ба рухи мардуми ин шаҳр, Шармандаам аз ҳодисаи дӣ, ки ба Маскав. Ид омаду з-он шодии ман дер напоид, Эй вой, маро ғусса дигарбора бишуд нав. Оқи падароне, ба яроқ, ҳамла намудаст, Дардо, ки бирӯида зи гандум ба ҷаҳон ҷав. Халқе ба таҳи тиру туфанг омаду сад ҳайф, Ҷон дар кафи дастон, ҳама гирён ба даводав. Оғушта ба хун гашта дареғо, ки саде чанд, Дар қасри бузурге ҳама хобида ба раҳрав. Ҳамдардатам, эй мардуми биншаста ба мотам, Ҳамдардатам, эй дода басо Ширину Хусрав. Чун лолаи кӯҳсо
Дар зодрӯзи нависандаи умедбахши ҷавон Баҳманёр Маҳмудзода --------------------------- Чу Баҳманёри Маҳмудзоди хушзод, Кам андар кам бувад, дар роҳи эҷод. Ҷавон аст, арчӣ ҳоло ин қаламкаш, Суханро додааст, имрӯз бар дод. Расида бар мурод, ин зодаи Ашт, Муродӣ, чун падар, ҳам аввалустод. Ҳикоёташ аҷиб асту ғароиб, Бувад ҳар нукта аз килкаш ба фарёд. Ба дӯстӣ, беназир аст, ин суханвар, Ба сони қиблагоҳ, он марди озод. Даме гардидаам ҳамсӯҳбати ӯ, Зи гуфтораш шудастам бо дили шод. Ҷавоне, хоксору меҳрубон аст, Ба фарҳангу ба доноӣ, Худодод. Ба тамкину ба одоб, бо таҳаммул, Ба корафтодагон, доим ба имдод. Ба рӯзи мавлудаш, инро бигӯям, Набинад дарду ғамро, бошад обод. Ҳамеша хомааш, да
  • Класс
Показать ещё