---------------------
Шеър як оҳанги ғайбӣ ва таронаи ҷодугаронаи рӯҳ аст. Аз ин хотир розҳо ва сирри вуҷуди инсонро бо воситаи ҳисобҳои риёзии илмӣ баён кардан имконпазир аст. Калиди асрори рӯҳ шеър аст. Шоир тавассути хуну эҳсос қолаби ҷовидона мерезад, ки он моломол аз нерӯи андеша ва талоши абадият хоҳад буд. Оре, дарду ранҷ шоирро ба шеър гуфтан ҳидоят мекунад ва шеъре ки бе дард иншо мешавад, тифли иллатдорест ва умри ҷовидонӣ намеёбад. Чи хеле ки Антон Павлович Чехов гуфтааст: “Агар шумо барои имрӯз эҷод бикунед, ҳосили заҳмататон пучу ботил хоҳад буд, барои оянда бояд офарид.”
Бинобар ин шеър гуфтан корест мушкил. Агар эҳсосро бо наср баён кунем, ҳарчанд он зебо бошад ҳам, ҳанӯз онро шеър гуфтан нашояд. Пас вақте ки баён аз гуфтан оҷизӣ кард, ин ба марзи шеър расидан аст. Қолаб, мусиқии рӯҳ, андешаи баланд ва дарди шадид шеърро падид меоварад. Вақте ки вожаҳо ба ҳамдигар равобит пайдо карданд, қолаби аниқу дақиқ падид омад, шеър аз кӯраи дилу руҳ тавлид мешавад ва ба марзи ҳастӣ гӯё болу пар мекушояд. Саранҷом, шоир касест, ки чизи нав кашф мекунад. Чунон ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам пешаи пайғамбарист.
Ду маҷмуаи ашъори шоир Мақсудалӣ Ҷӯраевро таҳти унвонҳои “Субҳи босафо” (Хуҷанд:- “Анис”, 2013) ва дигаре бо номи “Сафои зиндагӣ” (Хуҷанд:- “Анис”, 2015) мавриди мутолиа қарор додем. Баъди хониши китобҳо хостам чанд ҳарфе дар бораи ин офарандаи сухан ифшо созам. Ҳангоми хониш бо қалам барои худ қайдҳо сохтем, ки дар китоби аввал 42 ғазал, 22 шеър ва 20 мухаммас ҷамъоварӣ карда шудааст. Китоби дувум дорои 11 шеър, 45 ғазал, 32 мухаммас ва 12 марсия мебошад.
Бояд қайд кард, ки як қисми шеъру ғазал ва мухаммасҳо дар китоби дуюм такрор омадаанд. Лек ҳусни китобро накоҳонидаанд.
Чунин мепиндорам, ки тавлиди шеър ва мухтасарбаёнии он ба хислату одату аъмолу афъоли офаринандаи он пайванди ногусастанӣ дорад. Чунин нозукиҳоро зимни мутолиа ва барчидани маънӣ ва мавзуъ бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, дар тасаввур ва сувари хаёли хонанда муаллифи он шахсияте поку дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, эъҷознависӣ бо меҳру сидқу вафо ва сарояндаю тараннумгари садҳо оҳангҳои зиндагист.
Одатан нафароне, ки эҷод мекунанд, хоҳ ҳунарманд бошанд, хоҳ ихтироъкор ва хоҳ адиб, ҳатман соҳиби қалби нозук мебошанд.
Баъди мутолиаи ашъори ӯ ба хулосае омадем, ки дар ҳама жанрҳо ва шаклҳои адабӣ бо маҳорати баланди худододаш шеър мегӯяд.
Ба қадри умр расидан, аз зиндагӣ баҳра бурдан, ба кори судманд сарф кардани он ба амали инсон вобаста аст. Ба қавли Мақсудалӣ инсон бояд ҳамеша дар омӯзиш ва эҷодкорӣ бошаду аз худ чизе ба номи накӯ боқӣ гузорад, зеро дунё ҷойи саъю кӯшишу талошу аз худ нишоне гузоштан аст. Касе коре ва осоре аз худ мегузорад, ки номаш ҳамеша ҷовидонӣ хоҳад монд. Мисли гул, ки ба гулоб табдил меёбад, аммо номаш яъне, гул боқӣ мемонад:
Зинда дорад мардро осори мард,
Номи гул боқист, чун гардад гулоб.
Тоҷикистон, модар, ватан, падар, шиква аз рӯзгор, ёри хаёлӣ, Наврӯз, панди зиндагӣ, васфи табиати диёр, омезиши дӯстӣ, одамият ва ғайраҳо мазмуни асосии эҷодиёти Мақсудалӣ Ҷӯраев мебошад, ки шеърҳояш воқеан ҳам бедурӯғу бениқобанд.
Ғазалҳои бузургтарин адибони адабиёти классики форсу тоҷик, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва таъсиргузору созандаи адабиёти ҷаҳонӣ ҳам ҳастанд, ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ... маҳз бо ҳамин хусусият, ки мазмунро дар вусъати донишу ҳикмату ирфон ва лафзро дар ҳадди муъҷизаовари бадеият нигоҳ доштанд, мондагор шудаанд. Барои шоири муосир ҳам, ки меросдору нигоҳдори ин ганҷинаи бебаҳост, нигоҳ доштани шеър дар садри осмонии иззату зебоӣ рисолат аст.
Офаранда ва сафобахшандаи ҳаёт модар аст. Ҳар гоҳе сухан аз модар равад, беихтиёр пеши назар фариштае намудор мегардад, ки фаршу арши моро такони руҳбахш медиҳад. Модар ягона фариштаест, ки васфи вай анҷом надораду ангораҳои он куҳна намегардад. Гуфтанду гуфтем ва мегӯянд, аммо касе ба ситоиши бузургии Зан-модар нуктаи анҷом нагузошта ва одамизода имкони онро низ надорад. Чунки зан фариштаи офаринандаву идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯйи замин аст. Худованд ба модар мартабаи волоро ба хотири меҳру муҳаббати беолиш, бедорхобӣ, ҳаётбахшу ҳаёторо, фурӯғи гунбади сардмеҳр, тавлидгари эҷоду эҳсон ва олиҳаи меҳр буданаш насиб гардонида, фарзанд низ модарро ба хотири ягона буданаш баҳори зиндагӣ меномад. Ӯро наметавонад ба каси дигаре бадал созад ва модар гуфта, дунёи бекаронаеро пеши назар меорад, ки дар тасвири он оҷиз мемонад.
Ҷойи модарро касе гирифта наметавонад. Чунки модар офарандаи тавоноест, ки тамоми ҳастӣ ва буду набуди хешро ба фарзанд мебахшад. Дороии ӯ дар дунё танҳо фарзанд ҳасту бас. Ӯ парии субҳест, ки кӯшиш мекунад ҳамеша шоми фарзандро саҳар гардонад. Ӯ шаҳдест, ки аз буданаш коми фарзанд ширин мешавад ва оинаест, ки ҷурму иллат, камбудӣ ва гарду ғубори фарзандро нишон медиҳад. Ӯро аз ҳар балову аз ҳар қазо дифоъ мекунад. Мегӯянд, ки инсон то замоне, ки модар дорад, фақир нест.
Зан-модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеди ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбият мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад...
Зиндагиям, ҳастиям, нури сабоҳам, модарам,
Шодиям, хурсандиям, пушту паноҳам, модарам...
Шоир бузургии модарро васф намуда, дар давоми ғазал маҳз бо дуои модар расидан ба саодати зиндагӣ ва соҳиби бахту иқбол гардиданро таъкид месозад.
Шеър мехонам ба васфат, лек аз он болотарӣ,
Аз дуоят нур борад рӯи роҳам, модарам!
Модар фарзандро аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушодан то ба охир як хел мондан ба мисли моҳи мунири нурбахшанда дар байти ғазал оқилона ва шоирона ба риштаи назм кашидааст:
Дар ҳама давру замон бо ман ту якрӯ мондаӣ,
Дар шаби зулмат чу моҳ астӣ ба роҳам, модарам!
Дар ин ғазал шоир боз як бори дигар бузургию нотакрории ин фариштаи заминиро таъкид намудааст.
Дар адабиёти классикӣ ва алалхусус, дар адабиёти муосири тоҷик шоире нест, ки дар мавзуи модар шеъре, достоне нагуфта бошад. Лек мавзуи “Падар” дар эҷодиёти Мақсудалӣ дар мақоми аввал меистад гӯем ҳам, ғалат нахоҳем кард. Собити ин ҳангоми мактабхонӣ ӯ аз меҳри падар, падаре, ки бо сабабҳои номаълум ба таври фоҷиавӣ риштаи ҳаёташро дар айни нашъунамо, дар айни авҷи камолот, дар айни шабоб - ҷавонӣ, ширинии ҳаёт, дар айни лаззатбарӣ аз гуфтори ҷигарбандон барканд, ин “доғ”-ест дар дили шоир ва ӯ ҳама дарду алам, ноомадии кор, меҳри падариро дар шеъру ғазал ва марсияву мухаммасҳояш ба тасвир медиҳад.
Маро умре дили озурда аз марги падар бошад,
Ба вақти ёдбуд аксаш фақат дар чашми тар бошад. (С.б,саҳ.9) ***
Рӯзи тӯйи хоҳаронам ашки ман гардад равон,
Ҳам ба тӯйи додаронам ашки ман гардад равон. (С.б,саҳ.10)
***
Зи ҳаҷри қиблагоҳи худ дилам лабрези ғам бошад,
Ҷигар ҳам сӯзише дорад, ду чашм аз ашк нам бошад. (С.б,саҳ.11)
Шоир образи падарро ҳамчун шоҳсутуни хона бо бисёр паҳлуҳояш ба қавли Мавлоно Ҷомӣ (Ба паҳлуи худ ин дилро наёбӣ, Чӣ бошад, гар зи худ паҳлу матобӣ) ба риштаи назм кашидааст. Падаре, ки ӯ тасвир мекунад, хирадманд, накӯсират, хушахлоқ, муниси ҷону дил, рӯшноибахши шабҳои тор, марди майдон, қиблагоҳу сарпаноҳ, қаҳрамону паҳлавон, шоҳсавор ва роҳнамо мебошад.
Дар набарди зиндагӣ мондаам бе раҳнамо,
Қаҳрамонам, паҳлавонам, шаҳсавори ман, биё!
Дар маҷмуаҳои ашъор шоир зиёда аз 10 шеъру ғазал бахшида ба падар эҷод намуда, бо қалам ҳамаи дарду алам, ғаму ғуссаи бепадарӣ ва ҳам ифтихор аз чунин падарро ситоиш намудааст.
Шоир бо ашъори пурмазмуни хеш метавонад дар дили насли ҷавон ифтихор аз ватану давлати хеш доштанро бедор созад. Кӯдакон ҳанӯз чизеро дарк накарда, шеър аз бар менамоянд. Агар шеър пурмаъно, равон, сода ва фаҳмост, пас бо боварӣ гуфта метавон, ки он дар зеҳни насли наврас ба зудӣ нақш мебандад ва то дер гоҳ зудуда намегардад. Дар китобҳои “Субҳи босафо” ва “Сафои зиндагӣ” чунин шеърҳо кам нестанд. Дар шеъри “Тоҷикистон” хонанда ҳисси ифтихори муаллифашро аз Ватану кишивари худ дармеёбад, ки бешубҳа, он ба вай низ бетаъсир намемонад:
Тоҷикистон, давлати боиқтидорам орзуст,
Оли Сомон – пайкари овозадорам орзуст!...
...Ифтихорам шаҳри зебои Душанбеву Хуҷанд,
Қуллаҳои сарбаланди обшорам орзуст...
...Мепарастам Лоиқу Бозору Турсунзодаро,
Миллати меҳмоннавози тоҷдорам орзуст...
Мақсудалӣ дар пайравӣ ба шеъри машҳури Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме...” ғазали “Ояд ҳаме”-ро эҷод намудааст.
Ҳар замон ёди маро шамсу қамар ояд ҳаме,
Сарзамини кӯҳсорам шуълаовар ояд ҳаме...
...Ҳар касе лаб мекушояд аз биҳишти анбарин,
Дар хаёлам Тоҷикистон ҷилвагар ояд ҳаме...
Гарчанде Тоҷикистон сарзамини камзамини кӯҳсорист, лек шоир обу ҳавои мусоид, ҳукмронии чор фасли сол, меваҳои шаҳдбор, одамони меҳрубону макони амни ободии Ватани хешро ба биҳишт монанд кардааст.
Пайванди мавзуи Тоҷикистон дар ашъори шоир Ватан, диёр, зодгоҳ аст. Мавзуи ватан ва ҳифзи марзу буми он дар як силсила шеърҳои ӯ мавриди ситоиш қарор гирифтааст ва хонандаро ба арҷгузорӣ, меҳру муҳаббату дилбастагие ҳидоят менамояд. Мафҳуми “Ватан” дар ашъори шоир маҳдуд набуда, аз деҳаи Понғоз то ба Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Душанбеву Бадахшон мерасад. Дар ин бобат ӯ сарзамини авлодӣ ва бобоии ориёиро ёдовар мешавад ва ватандӯстии фарзандони фарзонаи он давраҳоро баррасӣ менамояд. Ӯ хонандаро аз диёри куҳанбунёду зархез ва фарҳангпазир ба ифтихору худшиносӣ мехонад. Баъзан аз бебарориҳову нобасомонӣ ва нофаҳмии ҷоҳилон ба ранҷ асту мардуми диёрро ба сулҳу салоҳ, машварату мадоро мекашад. Агар ашъори дар китобҳо андар боби Ватан сурудаи Мақсудалиро барчинем, ба монанди як дастури самимии меҳандӯстӣ ба хонанда арзёбӣ мегардад.
Дар эҷодиёти шоир мафҳуми Ватан маънои мушаххас касб мекунад ва аз хурдтарин ашё, сангу кӯҳ, қатраи обу пораи хоки диёр, манзараҳои зодгоҳ, хонаи падар сар шуда, ба Ватани умумӣ ва ягона Тоҷикистон пайванд мегирад.
Дигар аз мавзуъҳое, ки дар эҷодиёти Мақсудалӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд, диёр, зодгоҳ ва табиати дилкаши он мебошанд. Тасвири манзараи диёр дар бисёре аз шеърҳояш хеле возеҳ ба назар мерасад.
Деҳи тиллоӣ, басо хушманзар астӣ Понғоз,
Бо дили пур аз муҳаббат гӯямат ман бо ту роз...
Шоир дар мисраъҳои баъдӣ аз табиати зебою боғҳои шукуфо ва дарахтони серҳосилу меваҳои ширини он ёдрас мегардад.
Сабзазору боғу роғатро гаҳе орам ба ёд,
Себу зардоолуву нокат ҳусн мебахшанд боз...
Чормағзу туту гелос, олую шафтолуят,
Меваҳои шаккаринро аҳли деҳ дорад ниёз.
Шоир машғулияти асосии аҳли деҳ, ки боғдорӣ ва чорводорӣ асту деҳаро аз чор сӯ кӯҳҳои сарбафалаккашида иҳота намудаанд, васф кардааст. Ҳар як ваҷаб замин барои аҳли деҳа ва боғпарварони моҳираш қадру қиммати баланд дорад, ки бо меваҳои ширину шаккарини маҳсули дасти худ ифтихор мекунанд. Онҳо дар сари китфу тахтапушт хокро ба қирҳо бароварда, дарахт мешинонанд, онро чун фарзанд нигоҳубин карда, аз паи парваришаш мегарданд.
Дар шеъри “Ҳамдиёро” низ ба ин мавзуъ рӯй овардааст.
Доруву дармони қалби одамӣ зардолуяш,
Ҳамчу шаккар шарбати себу мавизу олуяш.
Меваҳояш хӯрда, гӯяд роҳати ҷон асту бас,
Аз биҳишти рӯи дунё, аз гулистон асту бас...
Шоир дар шеърҳои “Хушманзар астӣ, деҳи ман”, “Диёри нозанин”, “Хушам ояд”, “Мардуми меҳмоннавозам орзуст” мадҳи диёри худ намудааст.
Дар ҳақиқат, зардолу доруи табиии дил аст. Дар Понғоз як навъ зардолуе бо номи “қандак” мавҷуд аст, ки меваи он хурд буда, бениҳоят ширин аст ва донаки дохили он зудшикан аст. Бобою бобокалонҳои мо онро чун давои табобатӣ истифода мебурданд.
Ин ҷо овардани ёддошти собиқ Вазири саноати маҳаллии РСС Тоҷикистон Абдулҳаким Бойматовро айни маврид донистем. Шодравон вазир дар замони шуравӣ бо сафари корӣ ба мамлакати Фаронса мераванд. Дар он ҷо саломатиашон нохуб гардида, ба беморхона меафтанд. Духтурони фаронсавӣ аз беҳтарин дорую давоҳо ва методҳои пешқадами тиб баҳри табобати намояндаи давлати шуравӣ истифода мебаранд.
Баъди як навъ беҳ гаштани саломатиаш рӯзе профессори қалбшиносе, ки аз паи табобаташ буд, пакети майдаҳакеро пешниҳод намуда, ин доруи табии аст, истеъмолаш пагоҳон дар шумури ду ва ё чор дона аст, – гуфт. Бастаро кушоданд ва дар дохилаш зардолуи қандаки диёрро дида, қоҳ-қоҳ хандиданд. Профессор дар тааҷҷуб шуда ҳайрон мемонад. Баъд шарҳ медиҳанд, ки ин давои камёфти пурарзиш дар зодгоҳашон, дар кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон мерӯяд.
Дар шеъри дигари Мақсудалӣ донандаи таърихи диёру зодгоҳ буданаш бармало ба чашм мерасад. “Дар васфи бузургони диёри Понғоз” унвон дорад шеър. Ӯ аз Маъдан шоири классикии тоҷику форси асрҳои 18-19 оғоз намуда, ҳамаи ононеро, ки дар рушд ва пешрафти диёр бо кору эҷод ва касбу ҳунарҳои худ саҳми арзанда гузоштаанд, тасвир кардааст.
Офарин бар зодагонат, Понғоз*,
Дар канорат мо зи шодӣ сарфароз.
Маъданат чун булбули боғу чаман
Дода буд бо килки худ доди сухан
Қаҳрамони хоксорат, Нурулло,
Зиндатар бинмуд номат дар Ватан...
...Фарухат бо санъати волои худ
Бурда номи тоҷикон дур аз Ватан.
Пури Мирзо Ӯзбекистонро сафир,
Уктами Қӯчқор он ҷо сарвазир...
...Бурда аз сар ҳушу боз орад ба ҳуш,
Анвари Исомиддин бо сеҳри худ.
Марди бофарҳангу хушному насаб,
Дон, ки Абдуллои Ориёи араб...
...Гар табиби шаҳри Орск Мамадвалӣ,
Халқи Пермашро вакил Маҳмадалӣ...
...Қиблагоҳам, зодгоҳам - деҳи ман,
Такягоҳам, сарпаноҳам – деҳи ман
Офарин бар зодагонат Понғоз,
Ҷон Ватан, бо ёди ту мо сарфароз.
Дар ин шеър дар бораи 130 нафар абармардон сухан рафтааст. Сафи чунин мардони майдон, номбардорони диёр, қаҳрамонони даврон хеле зиёд аст. Васфи онҳо ба достонҳои калонҳаҷм меарзад. Зиёд шудани сафи чунин шермардон шояд ба андешаи шеъри нав ё қисмати дуввуми шеър муаллифро водор созад.
Шоир дар ин шеър ҳиссиёти дарки таърихии худро низ тавонистааст, ҳунармандона дар қолаби шеър гунҷонад, ин рӯоварӣ ба таърих аз эҳсоси баланди худогоҳии ӯ дарак медиҳад.
Тасвири манзараи диёр дар бисёре аз шеърҳои ӯ хеле возеҳ ба назар мерасад. Худро ҳамеша як ҷузъи Ватан ҳисобида, тамоми вуҷудашро ба хидмати халқи диёр равона сохтааст. Зебоии диёр пайваста илҳомовари шоир буда, дар бештари ашъораш онро тараннум кардааст.
Мавзуи васфи табиат, баҳор ва Наврӯз низ яке аз ҷойҳои асосиро дар эҷодиёти Мақсудалӣ ишғол менамояд. Ӯ ташнаи ҳусну зебоии диёри хеш аст. Шоир тасвири ҷилваҳои табиат, манзараҳои латифу зебои диёри хешро чун як гӯшаи сарсабзи Ватани маҳбуб дониста, бо дарку эҳсос ва аз бӯю накҳати он баҳравар мегардад. Ба ин васила меҳру муҳаббати табиати дилфиребро бо шӯру ғулғула дар қалби хонанда бедор намуда, ӯро ба ҳаяҷон меоварад.
Зи ҳусни гул хумори дил шикастем,
Зи бӯйи деҳи худ мадҳушу мастем.
Хушу хушманзар аст ин деҳаи ман,
Дар ин зебодиёри худ бирастем.
Табдилёбии табиат, таровати замину осмону шабнаму гулбарги тар, тобиши хуршеду себаргаву садои андалеб, зарҷомаи кӯҳу дашту даман, атри гулу накҳати ёсуману садбаргу бед ва садҳо мавҷудоти табиат ва муъҷизаҳои он аз зеҳни шоир берун таровида ба тасвир меоянд. Дар ин маврид Шоири халқии Тоҷикистон, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, шоири тавонои тоҷик Аскар Ҳаким чунин менигорад: “Шоир танҳо ҳамон вақт қалам ба даст мегирад, ки ҳиссиёт ва таассуроташро аз ин беш дар худ гунҷонида наметавонад. Дари дил боз мешаваду шеър мерезад ва пас аз ин шоир боз гумон мекунад, ки бо ӯ дигар ин ҳолат рух нахоҳад дод. Ҳамин тавр ки бошад, дигар шеър ҳам намегӯяд, зӯрӣ ба зӯрӣ шеър гуфта наметавонад.”
Дили шоир оламест, ки баҳору боронҳо, тирамоҳу хазонҳо ва зимистону барфҳои худро дошта, резиши боронҳою баргҳо ва барфҳо ва радду бадали фаслҳо дар ин нисбат ба олами воқеӣ дигартар аст. Бисёр мешавад, ки дар зимистон дар дили шоир баҳорон аст ва дар баҳорон дар дили ӯ тирамоҳи файзбахш ва хазонрез. Ҳамаи фаслҳо барои замин заруранд. Вай дар ҳар фасл таровати хоса, рангу бӯйи нав ва андоми дигар дошта, ҳар чаҳор фасл барои ӯ зебост. Чун як баҳор мегузарад, соли дигар баҳори тозае меояд, лекин баҳори дили шоир, ки ба шеър гузашт, ба солиёни дароз ҳамон хел ботароват мемонад.
Шоир бо зинаҳои сангини табиат, бо пайраҳаи кӯҳсор боло мебарояд. Аз баландӣ садоҳои хуш аз домони кӯҳсор ба гӯш расида, рӯди шӯхи кӯҳие, ки аз мобайни деҳ ба ҷӯйҳо тақсим шуда, боз роҳаш хурӯшон аз домони кӯҳ сар ба сангҳо зада, решаи гулу буттаҳоро шуставу лаззати хосае ба худ гирифта, ба поён мешитобад.
Хуморам бишканад бо дидани рӯди равони деҳ,
Набинам ғуссаву ғамро миёни хешу ёронам.
Насими фораме хуш мевазад аз кӯҳу саҳрояш,
Ба рақс орад дили ғамдида савти чашмасоронаш,
Ҳавои беғубору тозааш ҷонбахши тан бошад,
Шукуфад гул, шукуфад дил ба вақти навбаҳоронаш
Фараҳбахшо бувад боду сабову чаҳ-чаҳи мурғон.
Сарояд, ваҳ чӣ хуш, дар шохи гулҳояш ҳазоронаш.
Яке аз хусусиятҳои шеъри Мақсудалӣ ҳунару маҳорати ӯ дар офариниши манзараҳои табиат ва тасвири ҳусни нотакрори диёр аст. Дар ашъори шоир мо ба манзараҳои дилфиреби кӯҳсори зарнисори Понғоз, нағмаҳои обшору ҷилои рангҳои навбаҳор, хандаи гулҳои чаману гиряи абри баҳман, манзараҳои рӯҳафзо, рӯду чашмасорон ва замзамаҳои мурғони хушилҳон мутаваҷҷеҳ гардида, аз онҳо лаззати маънавӣ мегирем, худро дар оғӯши рангрези табиати нотакрори диёр осуда меёбем.
Омадани баҳор баъд аз шабҳои тор, урёнии дарахтону табиат, рӯзҳои якранги дилгиркунанда ба дилҳо фараҳ меафзояд. Дар ин фасли сол, ки шабеҳи наварӯс аст, табиат бо сабзаҳои навруста, шукуфтани гулҳо либоси нав ба бар мекунад. Хониши бо навбати парандагон, шилдироси оби ҷӯйборҳо, насими форами баҳорӣ, бориши борони найсонӣ гоҳ-гоҳ ҳаворо аз чангу ғубор тоза намуда, бо рангҳои дилрабои табиат бинандаро ба як хаёлоти рангин мебарад. Аҷдодони гузаштаи мо ҳамин рӯзи навро, ки Наврӯз номгузорӣ шудааст, оғози сол меҳисобиданд. Аз осори гаронбаҳои устоди адибони тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намуда, аксари аҳли адаб оид ба Наврӯз афкори наву шеърҳои наврӯзӣ эҷод намудаанд. Аз ин лиҳоз Мақсудалӣ, ки шефтаи табиати диёри худ аст, бо омадани Наврӯз ва рӯзҳои таҷлили он боз ҳам бошукӯҳтар, ботаровату ҷаззобтар мегардад, шайдо гаштаву мурғи илҳомаш ба парвоз омада, шеърҳои бисёре эҷод намудааст.
Муборак бошадо Наврӯз, гулистонрову бӯстонро!
Муборак бошадо Наврӯз, насими навбаҳоронро!
Шуморо, халқи меҳнаткаш, ҳумоюн иди Ҷамшедӣ,
Муборак бошадо Наврӯз, тамоми Тоҷикистонро.
Дар шеъри дигари худ аз баромадани сабзаву себарга, ба ҷӯш омадани дарёчаи кӯҳӣ, хушкомии парандагонро васф намудааст.
Ёрон, чӣ хушо муждаи Наврӯзӣ саромад,
Гулҳои тару сабзаву себарга баромад.
Дарёча ба ҷӯш омаду бо нағма даромад,
Овози хуше, булбули хушхон магар омад?
Мурғони ҳаво ҳам ба тамошо бифаромад.
Эй ҳамватано, ҷашни дилафрӯз муборак!
Сарсабзиву фасли гулу Наврӯз муборак!
Дар шеъри дигари худ омадани ҷашни аҷдодиро ба килки тасвир кашида гуфтааст:
Лаб во намуда, муғҷаҳо, гул карда ин бодоми тар,
Сабзида ҳар ҷо майсаҳо бо шеваю нози дигар.
Бо лолаву себаргаҳо фасли баҳор омад аҷаб,
Шоданду хуррам, одамон ҳар ҷост базмею тараб ...
То қарни мо аз қарнҳо хуш омадӣ Наврӯзи мо,
Бодо муборак ҳамватан, ин ҷашни дилафрӯзи мо.
Омадани баҳор ба сарзамини аҷдодӣ, фасли гулҳо ва фаро расидани иди Наврӯзу ҷомаи сабзина ба бар кардани гулбоғу чаман дар шеърҳои дигари шоир низ тасвир ёфтааст.
Ӯ дар шеъри дигари Наврӯзӣ гуфтааст:
Наврӯзи Аҷам омада хуш бар Ватани ман,
Гулҳои Ватан рӯида хуш дар чамани ман...
Ё худ, шоир аз омадани ҷашни дилафрӯз сарафрозӣ намуда, мавсими гулу васфи Наврӯзро чунин ба килки назм овардааст:
Иди Наврӯз омадасту мо сарафрозӣ кунем,
Мавсими гул даррасиду базми гулбозӣ кунем.
Ҳамин тавр дар шеърҳои “Наврӯзи Аҷам”, “Наврӯзи Ватан”, “Иди Наврӯз”, “Муборак бошадо Наврӯз”, “Наврӯзи дилафрӯз”, “Моҳи оламафрӯз”, “Айёми Наврӯзӣ” “Наврӯзи мо” ва ғайраҳо шоир ҷашни Наврӯзи фараҳбахшу рӯҳафзоро бо ҳама зебоию латофату назокаташ замзама намудааст.
Яке аз жанрҳои маъмули эҷодиёти Мақсудалӣ ин мухаммас мебошад. Ин жанри лирикӣ яке аз навъҳои мусаммат (маънояш бо риштаи ҷавоҳир кашидан) буда, ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат аст.
Аз нуктаҳои болоӣ маълум гашт, ки мухаммас дар ду тарз иншо мегардад. Яке бо номи мусаммати мухаммаси таълифӣ аст, яъне шеър саросар ба қалами худи шоир вобастагӣ дорад. Навъи дигараш мусаммати мухаммаси тазминӣ буда, шоир ғазали шоири дигар, ё ғазали дигари худро мегираду ба ҳар байти он се мисраъгӣ аз пешаш мувофиқи вазну қофияи он илова менамояд.
Шарти бандҳои мухаммас, махсусан, мухаммасҳои тазминӣ ин аст, ки мисраъҳо чи таълифӣ ва чи тазминӣ ба як маънии яклухт тобеъ шаванд ва як образи барҷастаро пурра кунанд: миёни суханони худию ориятӣ ҷудоӣ набошад. Мухаммасҳо аз нуқтаи назари мавзуъ гуногун мешаванд. Ҳам масъалаҳои ишқӣ, иҷтимоӣ, ҳам васфи манзараю шикоят дар ин жанри пурдомони лирикӣ таҷассум меёбанд.
Эҷоди мухаммас аз шоир ҷаҳонбинии васеъ дониши мукаммал, донистани илми каломи бадеъ, илми арӯз, санъатҳои бадеӣ, жанрҳо ва шаклҳои жанрӣ, воқифӣ аз таърихи адабиёт, осори адибон, нутқи пухтаю бурро талаб месозад. Хушбахтона, Мақсудалӣ аз ҳамаи ин бохабар буда, дар эҷоди мухаммас роҳу равиши эҷодии худро дарёфтааст.
Дар китобҳое, ки мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додем, ҷамъулҷамъ 52 мухаммаси шоир пешкаши хонанда гардонида шудааст, ки аз ин миқдор 6-то мухаммаси таълифӣ, яъне моли худи шоир буда, фарогири мавзуъҳои Ватан, ғарибӣ, ситоиши Офаридагор, ёри хаёлӣ, табрикотӣ мебошанд. Боқӣ 46-то мухаммаси тазминӣ буда, аз ин 28–то мухаммас ба ғазали шоирони адабиёти классикӣ ва 18-то мухаммас ба ғазали шоирони муосирро дарбар мегирад.
Шоир ба ғазалҳои шоирони классики форсу тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ ва Одинамуҳаммади Маъдан мухаммас эҷод намудааст. Ба ғазали машҳури “Биё то қадри якдигар бидонем”-и Ҷалолиддини Балхӣ мухаммас сохтааст, ки банди аввал чунин аст:
Намедонӣ, ки меҳмони ҷаҳонем,
Чаро бо ҳам гаҳе мо безабонем,
Ду-се рӯзе ману ту ҳамзамонем,
“Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.”...
Ӯ пеш аз он, ки ба ғазале мухаммас бибандад, онро ҳаматарафа таҳлил намуда, вобаста ба шароити замон ҷавоб мегӯяд, ки гувоҳи ин банди болост. Таъкид дорад, ки умр кутоҳ аст, аз ин рӯ то метавонем ба ҳамдигар меҳрубону ҳалим ва хушрафтору хушгуфтор бошем.
Мухаммаси шоир ба ғазали “Ёри андар кас намебинем”....-и Ҳофизи Шерозӣ низ хеле хуб ва бо маҳорати баланди эҷодӣ гуфта шудааст.
Бе гулистон нола дорам, гулъузоронро чӣ шуд?
Дасти ёронро нагирам, дастёронро чӣ шуд?
Мо агар дар ҳуш не, пас ҳушёронро чӣ шуд?
“Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?”
Аз мухаммаси шоир бар ғазали Ҷомӣ банди охиринро пешкаши хонанда мекунем:
...Намуд ашъори Мавлоно, ҳамин Мақсудалӣ аз бар,
Бишуд огаҳ зи абёти хуши он шуълаи ахтар,
Сазад шояд ғазалхонон равад ӯ ҳам ба он манзар.
“Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ”.
Дар ин радиф ба ғазали Абдураҳмон Мушфиқӣ ва Маъдани Понғозӣ низ мухаммас эҷод намудааст, ки дарки мавзуи ғазал аз тарафи Мақсудалӣ хеле хуб ҳазм гашта, устодона ба ҳар банди ғазал семисраӣ шеър гуфтааст.
Мухаммаси шоир ба ғазали “Тани одамӣ шариф аст”...-и Саъдии Шерозӣ хеле моҳирона, шоирона, устодона, эҷодкорона ба таври аъло гуфта шудааст.
Наравад ба фазл оқил ба зиёни одамият,
Ба дилу ба ҷон биёяд ба амони одамиият,
Сухане басо азиз аст, миёни одамият:
“Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.”
Мақсудалӣ шоири покизасиришт, меҳанпарасту хештаншинос аст. Ӯ дар дӯстӣ варзидан ва накӯӣ намудан ҷойгоҳи хосса дорад. Дар ин мавқеъ ба ғазали шоири асри 12 Низомии Ганҷавӣ, ки дар мавзуи дӯстӣ навишта, чунин мухаммас гуфтааст:
Дар ин меҳнатсаро маҳзунам, эй дӯст!
Шарики дарду ғам афзунам, эй дӯст!
Ба ёди қомати мавзунам, эй дӯст!
“Маро пурсӣ, ки чунӣ, чунам, эй дӯст!
Ҷигар пурдарду дил пурхунам, эй дӯст!”
Шоири дақиқназару нозукхаёл Мақсудалӣ ба ғазали адибони оламшумули тоҷик Убайди Зоконӣ, Мулҳами Бухороӣ, Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Шамсиддини Шоҳин, Зебуннисо, Маъдан, Туғрал, Файёзи Хуҷандӣ ва Ҷунунӣ низ мухаммас бастааст. Банди аввали мухаммаси шоир ба ғазали “То боди саборо ба гулистон...”-и Зебуннисо чунин аст:
Дар рӯи ҷаҳон ғайри ту хунинҷигаре ҳаст,
Танҳо на тӯӣ, мисли ту бозам дигаре ҳаст.
Бо дилшудае ҳамчу мане сарбасаре ҳаст.
“То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.”
Шоири борикбин инчунин ба ғазалҳои шоирони муосир Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Лоиқ Шералӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод ва ба ашъори адибони диёри худ аъзои маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” Зафар Аҳмад, Шодибек Дадоматов, Зодаи Понғоз (Ашӯралӣ Қурбонов), Гулрӯ Муҳаббатова ва Сабоҳат Саъдуллоева мухаммас бастааст.
Аз мухаммас ба ғазали машҳури шоири зиндаёд Лоиқ “Аз кӯҳ санге чун фитад”:
Дардо, ки ин дунё басе номардумӣ бо мо кунад,
Бо душманон ҷанҷолҳо, бо дӯстон иғво кунад,
Ранҷидаам аз мардуме, ки ҳар замон ғавғо кунад,
“Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад”.
Ё худ, ба ғазали “Замину осмони ман туӣ, модар” хеле таъсирбахшона дар ҳаққи офарандаи инсон ва фариштаи зиндагӣ мухаммаси хубе гуфтааст:
Гулистони ҷаҳони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ба ҷон роҳатрасони ман туӣ модар, туӣ модар,
Тасаллибахши ҷони ман туӣ модар, туӣ модар,
“Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар!
Бар ғазали дар ҳаққи фарзандаш навиштаи шоир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ “Гум кардаам” шоир, ки дар айёми мактабхонӣ аз меҳри падар бенасиб гаштааст, мухаммаси хуб гуфтааст:
Бахти воло, тоҷи сар, шамсу қамар гум кардаам,
Давлати ноёби худро бехабар гум кардаам,
Во дареғо, дар ҷавонӣ ман падар гум кардаам.
“Нахли боғи зиндагониро самар гум кардаам,
Лаззати коми ҷавониро шакар гум кардаам”...
Мухаммас бар ғазали Шодибек “Деҳи ман”:
Шӯру шавқ андар дабистонаш хуш аст,
Чидани гул аз гулистонаш хуш аст,
Меваҳои роҳати ҷонаш хуш аст. ,
“Деҳи ман бо кӯҳсоронаш хуш аст,
Бо ҳавои анбарафшонаш хуш аст!”
Ҳамин тавр, ҳамаи мухаммасҳои шоирро чӣ ба ғазалҳои шоирони адабиёти классики тоҷику форс ва чӣ ба шоирони адабиёти муосиру ҳамдиёраш мутолиа намуда, эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат ӯ дар шеъру шоирӣ қадами устуворе дорад. Аз таносуби сухан, нозукӣ ва покизагии ашъор, қоидаву қонунҳои шеър ба хубӣ воқиф аст.
Шоир бисёр дили ҳассос ва нозуке дорад. Бо шунидани хабари марги хешованде, шиносе, ҳамдиёре, устоде, шогирде, абармарде ҷигархун мегардад. Шояд таъсири барвақт аз падар маҳрум гаштан бошад, ки аз марги нафаре чун оташ дар худ мепечад. Қарору оромиро аз даст медиҳад ва ҳама сӯзу дард, аламу ҳиҷронашро бо хома рӯйи коғаз меорад, марсияе менависад. Дар маҷмуаҳои ашъори шоир шонздаҳ марсия ҷой дода шудааст.
Марсия лафзи арабӣ буда, шеърест, ки дар мотамдорӣ ва мадҳу ситоиши мурда гуфта ва хонда мешавад.
Дар даврони Истиқлол соли 1992 қотилони миллат, душманони халқи тоҷик ба таври ваҳшиёна аввалин Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоевро ба қатл расониданд, Мақсудалӣ дар сӯгвории ӯ марсияе эҷод намуд, ки банди аввали он чунин аст:
Қаҳрамони хушқаду зебо гузашт,
Додситони хоксори мо гузашт.
Дар ҷавонӣ марди беҳамто гузашт,
Во дареғо, мӯниси Раъно* гузашт,
Нури Аллоҳи* Ҳувайдулло гузашт...
Ӯ дар сӯгвории олими ҷавони умедбахш, доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдуқаҳҳор Турсунов бо ашки ҷигархун гуфтааст:
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт,
Пайдост, ки бо розӣ ниҳоне зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт.
Афсӯс, ки ҳамсояи ҷонӣ зи ҷаҳон рафт...
Инчунин дар мотамдории номзади илмҳои таърих, муаллифи рисолаи “Ашт” (очерки таърихӣ-этнографӣ) олими ҷавонмарг Маъруф Исоматов, олими тиб, барпокунандаи мактаби “Тибби Шарқ” дар Тоҷикистон Тухтасун Тошпулодов ва омӯзгори навовару эҷодкор, ҳалиму меҳрубон, падари ғамхори чор нафар нозаниндухтар Обидҷон Шамсиддинов ва дигар шахсиятҳо марсияҳои ғамшарику андӯҳнок эҷод намудааст.
Дар шеъру шоирӣ аз ҳар кас мувофиқи истеъдодаш пурсида мешавад. Қаҳрамонони ашъори Мақсудалӣ дар роҳи худшиносӣ ҳамеша дар кофтукову ҷустуҷӯст ва ҳеҷ гоҳ аз худу ҳамзамононаш қаноатманду розӣ нест. Ӯ мехоҳад, ки ҳамдиёронаш сарбаланду некном, бофарҳангу бонизом, ватандӯсту соҳибкалом бошанд, қадри вақту замонро донанд, аз он барои пешрафти миллат, хушбахтии ҳамзаминону ҳамзамонон баҳра гиранд.
Мақсудалӣ, ки меросдори фарҳанги бостонии ориёист, ҷавҳари аслии он фарҳангро, ки набарди некиву бадӣ, пирӯзии пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек аст ва дар китобҳои аҳди бостон оғоз ёфта, дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, андарзномаҳои Рӯдакиву Носири Хусрав, Саъдиву Ҷомӣ, Соибу Бедил, Донишу Айнӣ идома пайдо кардааст, амиқан дарк намуда, дар сурудаҳои худ бо эҳсосу андеша ва тасвирҳои тоза таҷассум мекунад. Шоир бо ашъори равону рангин ва фалсафиву ҳикматоини худ пайваста, ин бозёфти пурбаҳои ниёгонро ба ҳамватанони оқилу ғофил, ба ҳамзабонони ҳамдил талқин намуда, хоҳиши онро дорад, то Ватанро аз вартаи касодии маънавӣ наҷот диҳанд ва қарзи фарзандиро назди миллату башар бо сарбаландӣ адо намоянд.
Дар ашъори шоир бозёфти шоиронаву офариниши маънӣ кам нест, ӯ суханро чунон ба риштаи назм мекашад, ки хонандаву сомеъро ба шавқу ҳаяҷон меорад, ба торҳои эҳсосу идроки ӯ нохун мезанад.
Аё, Мақсудалӣ, шеъру ғазалҳои равони ту,
Агарчӣ дарду ғам дорад, ба монанди шакар бошад.
Раҳим ҚОБИЛОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев