Гар ба дунё як нафар ғамхор дорӣ, шукр кун,
Гар забони хуби беозор дорӣ, шукр кун.
Кафш агар дар по надорӣ, шиква аз олам макун,
Пойи тайсозандаи кӯҳсор дорӣ, шукр кун.
Гунгҳо дар орзуи як сухан ҷон додаанд,
Ту забони қобили гуфтор дорӣ, шукр кун.
Дасти холӣ бошӣ ҳам, дастони ту худ сарват аст,
Дасту бозуи ба худ даркор дорӣ, шукр кун.
Гарчи симу зар, матову мол кам дорӣ, чӣ ғам,
Кам набин ин ганҷро, бисёр дорӣ, шукр кун.
Эй бародар, шукр мегӯем бо ҳарчи, ки ҳаст,
Як Ватан зеботар аз гулзор дорӣ, шукр кун.
Зиндадил бошед, гарчи зиндагӣ ниммурда аст,
Гар дили бо ёди Ҳақ бедор дорӣ, шукр кун.
Зиндагӣ гаҳ роҳату гоҳе азобу ғам бувад,
Мафтуно, андар бари худ ёр дорӣ, шукр кун.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2