Предыдущая публикация
Моҳи меҳмонии Раҳмон мерасад
Фасли шодобии имон мерасад
Ёздаҳ маҳ ғафлату зулмат, вале
Баҳри боғи дил баҳорон мерасад
Шаҳвату нафсат асири рӯҳи ту
Чун дуову савти Қуръон мерасад
Карда дарҳои биҳиштро боз Ҳақ
Рӯзадор лоиқи Райён мерасад
Баста шуд дарҳои дӯзах ин замон
Ғуллу занҷир баҳри шайтон мерасад
Бо гунаҳ накшой боби бастаро
Раҳмати Ҳақ бин фаровон мерасад
Бар Набияш доимо гӯӣ дуруд
Каффаи сангини мизон мерасад
Рӯзадореро агар як қатра об
Додӣ озодӣ зи нирон мерасад
Рӯза бошад чун сипар дар ҳифзи ту
Қадр дон ин моҳи ғуфрон мерасад
Боз ояд мавсими нуру нишот
Лаҳзаи дидори ҷонон мерасад
Саломиддин Маъниддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2