Предыдущая публикация
Вақти ҷон додан бигир осон Худо ҷони маро.
Ман, ки меҳмони туам, фардо даруни хоки тар,
Хушпазироӣ намо дасти гиребони маро.
Дар ҷавонӣ шарбати талхи ятимӣ хурдаам,
З- ин сабаб шав бохабар ҳоли парешони маро.
Сахт месӯзад дилам, бисëр месӯзад дилам,
Пур кун аз нури имон ин қалби сӯзони маро.
Дар миëни чор дарë тахтабанд истодаам,
Худ нигаҳдор, тар макун, зинҳор домони маро.
Сарф шуд умри азизам дар даву този замон,
Бас накардам бандагӣ, бахш ҷурму исëни маро.
Нестам аз раҳматад ман ноумед гӯяд, Анис,
Менишинам дар дарат то бар дарат хони маро.
Аниси Ëқубиëн.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1