#БАРОИ_МУАЛЛИМОН Муаллими ҷавоне дар роҳрав муаллимашро аз синфхона шинохта ба наздаш меояду мегӯяд: — Салом. Маро дар ёд доред? Ман шогирди шумо будам. Бале, ман туро хамчун хонандаи синфи сеюм дар ёд дорам. Ва шумо ҳоло чӣ кор карда истодаед? — Ман таълим медиҳам. Чӣ шуморо ба ин интихоб водор кард? — Чӣ не, балки кӣ. Яъне Шумо. Он замон як амали Шумо маро он қадар таъсир расонд, ки пеши худ мақсад гузоштам муааллим шавам. — Он чӣ гуна таъсир буд? — Рӯзе ҳамсинфам дар даст соати зебое, ки падару модараш тухфа кардаанд, ба дарс омад. Ӯ соатро кашида, ба ҷевонча гузошт. Ман ҳамеша орзу доштам, ки чунин соат дошта бошам. Аз ин хотир онро аз дохили ҷевон гирифтам. Дере нагузашта он писарбача гирякунон назди шумо омад ва аз дуздӣ шикоят кард. Шумо ба гирду атрофи мо нигариста гуфтед: «Касе ки соати ин бачаро гирифт, баргардонад». Ман хеле шарм доштам, вале аз соат ҷудо шудан намехостам, бинобар ин иқрор нашудам. Шумо ба назди дар омада, онро қуфл кардед ва ба мо фармон додед, ки дар канори девор саф кашед ва огоҳ кардед: "Ман бояд ҳама кисаҳои шуморо тафтиш кунам, ба як шарт, ки ҳама чашмонатонро пӯшед". Мо итоат кардем ва ман ҳис кардам, ки ин нангинтарин лаҳзаи умри кӯтоҳи ман аст. Аз хонанда ба хонанда, киса ба киса хабар гирифта гузаштед. Вақте ки шумо соатро аз ҷайби ман баровардед, то охири саф идома додед. Баъд шумо гуфтед: «Бачаҳо, ҳамааш хуб аст. Шумо метавонед чашмонатонро кушоед ва ба мизҳои худ баргардед." Шумо соатро ба сохибаш баргардондед ва дар бораи ин ходиса дигар харфе нагуфтед. Пас он рӯз Шумо номуси маро ва ҷонамро наҷот додед. Шумо маро чун дузд, дурӯғгӯ, кӯдаки беарзиш доғ накардед. Шумо ҳатто дар бораи ин эпизод бо ман суҳбат накардед. Бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки чаро. Зеро шумо ҳамчун муаллими ҳақиқӣ намехостед, ки шаъну шарафи хонандаи ҳанӯз ташаккул наёфтаро паст занед. Барои хамин муаллим шудам. Ҳарду аз таассуроти ин ҳикоя хомӯш монданд. Баъд муаллими ҷавон пурсид: - Модоме ки имрӯз маро шинохтед, дар ин саргузашт маро ба ёд овардед? Муаллими кухансол ҷавоб дод: - Гап дар сари он, ки ман ҳам бо чашмони баста кисахоро аз назар гузаронидам. ----------------------------- (тарҷума аз русӣ)
    1 комментарий
    51 класс
    Шоди Худоеров Аз хотирахо Панду насихат Ёд дорам, солхои пеш мардум хислате доштанд, ки барои бисёр корхои оилавиашон аз одамони боаклу босавод, хирадманду тачрибаи бои зиндаги дошта ба гуфте маслихатхо мегирифтанд ва баъд ба кор шуруъ мекарданд. Х,ар як кишлоку махалла пирон ё калонтарони худро дошта онхо саркори ин е он маърака мешуданд. Барои ташкил кардани оилахои фарзандонашон, ба шавхар додан ва ё келин кардан хам аз чунин маслихатхою панду насихатхо истифода мебурданд. Ин амалхо натичаи хуб хам медоданд ва мардум аз он рози буданд. Бо мурури замон охиста- охиста хамаи ин хислатхо аз байн рафтанду, хама доною хирадманд, босаводу " боакл" шуда, аз истифодаи чунин шахсон дури чустан гирифтанд ва риоя кардани он анъанахои бобоиро кухна шуморида бо гуфти баъзехо хама "современный"😅 шуданд. Ин мардуми "современный" аввал корро ичро мекунаду баьд маслихатпурси меравад ва хатто забони баъзехояшон пеш аз каллаашон кор карда, аввал гапро мезананд ва баьд ба фикр фуру мераванд. Окибатхои чунин амалхо хуб нест ва инро мо дар проблемахои чойдоштаи зиндагии имрузаи мову Шумо дида истодаем. Боре дар як маьрака дидам, ки аз муйсафеде хостанд, хамчун калонтар барои осаколи ба хонае раванд. Ин муйсафед аз харду гуши худ дошта онхоро чунин кашид, ки агар пеши рохашро намегирифтем шояд онхоро меканд😅ва гуфт: " Дар хаётам дигар ба осаколии ягон кас намеравам". Сабабашро шарх дод, ки замонахо дигар гаштанду одамон дигар. Хозир панду насихат куни дар бало мемони, ё бо умеди обод кардану хушбахт гардонидани ягон чавон оксаколи мерави пушаймон мешави. Баъзе чавонон ба чои он, ки баьди хонадоршави аз паи зиндаги шаванд, бо сабабхои номаълум дар оилахояшон чангу чанчолхо ташкил карда, хонахои ободашонро вайрон месозанду, тамоми гуноху дашному хакоратро болои сари падару модари оксакол мерезанд. Ягон кас гунохи худро ба гардан гирифтани нест ва гирифтан хам намехоханд. Бигузор хар кас худаш донаду дави аспаш, ман ба касе кор надорам ва касе хам ба ман кордор нашавад. Ба ман корбарони гурухи " Ёддоштхо ва Андешахо"- и фейсбукиам менависанд, ки Шодичон, барои чи пеш киссахои панду насихати менавиштию хозир не? Бародарону хохарони азиз, ба маълумоти хамаатон мерасонам, ки навиштани панду насихатро бас кардам, дида истодаам, ки кам касон таваччух доранд ва инхо хам он шахсоне хастанд, ки аз ман дида боаклтаранду ниёз ба панду насихат надоранд. Фикр мекунам замона пеш рафтаасту мо кафо мондем аз он вале гуфтори " Одами як умр мухточи тарбия аст"- ро ман хеч гох фаромуш намекунам ва худро ба он мухточ медонам.Мархамат, бигузор дигарон гуянду мо гуш андозем, зеро гуши пандшунав дорем. Замонае омадааст, ки чои панду насихатро дашному хакорат, тахкир, паст задан, худро доно тарошидан, ба иззати нафси дигарон расидан гирифтааст. Худо нишон надихад, шахсеро пеши рохи хислатхои бадашро хотирасон намуда, ба вай рохи хуби инсониро талкин намои. Мантикан ин кор барои фоидаи он шахс буда, шояд оянда вай аз чандин балохо халос шавад вале чунин вокунишхо мешунавию, чунин тамгахоро борат мекунанд, ки аз мурдани худат дарак дорию аз онхо не, махсусан агар он шахс аз ягон минтакаи дигари Точикистон бошад. Вакте, ки сохибони ин посуххоро анализ карда мебарои, кариб хамааш мардуми як минтакаанд.Мутаассифона баьзе аз "доноён"-и охирзамон бошанд, ин падидахои номатлубро боз фарханги баланд номида, шахси насихатгарро бефархангу, бе ягон асос чизе дилашон хохад ном мебаранд, то ончое гунахгорад мешуморанд, ки гуё дар навистаат як нукта ё вергулеро партофтаи😅😅. Бародарону хохарон аз ин доираи танги махалчигию якдигарбадбини дур шавед, мо дар асри 21 зиндаги дорему мардум дар кайхон хонаву дар сохтанианд. Мо хамаамон фарзандони халки точикем. " Бофархангон" камтар чашматонро калонтар кушода, ходисаю вокеахои дар дунё гузашта истодаро тамошо кунед, агар кобилияти аналитики дошта бошед, мефахмед, ки яке аз сабабхои вокеахои Украина, ин миллатчиги кардани як минтакаи ин давлат( Бандерачихои Украинаи гарби) мебошанд, ки бо " ёрии" баьзе аз хочагони хоричиашон сари тамоми мардуми ин кишварро дар бало монданд. Фаромуш накунед, ки таърих исбот кардааст, ки окибати махалчигию миллатчиги ба фашизм бурда мерасонад ва аз он халос ёфтан кори осон нест. Мо мардуми точик хам аз руи баьзе "бофархангон" кариб буд, ки давлату миллатамон нест шавад ва хайрият, ки мардуми бо нангу номус ва далеру часури Ватан бо рохбарии Чаноби Оли Эмомали Рахмон аз бахри чонашон гузашта ин давлату ин миллатро аз вартаи нобудшави нигох доштанд ва шахсан ман шохиди он рузхо буда, кихо бофархангу, кихо ватандустдору, кихо химоятгару, кихо миллатдустдори хакикии Ватан хастанд нагз медонам. Ин ба онхое хам дахл дорад, ки дина руз чор калима гапи ( гап, гап, гап)хушку холии ширинро ёд гирифта тарафи ман санги бефарханги мепартоянд таалук дорад. Шукронаи ана хамин одамон кардан даркор аст,ки имруз мо Точикон Ватани худро дорему тинчу оромона зиндаги дорем. Боки хамаамон сихату саломат бошем!
    1 комментарий
    31 класс
    Қиссаи "Қоидаи-99" 💐🌷🌹 👑 Подшоҳе вазирашро пурсид : Чаро хизматгорон аз ман хушҳолтар ҳастанд? Дар ҳоле ки онҳо чизе надоранду ва ман бошам тамоми чизро дораму аммо хушҳол нестам ❓ Вазир гуфт : Яке аз хизматгоронатро бо "Қоидаи-99" бисанҷ. 👑 Подшоҳ гуфт : Ин чигуна қоида ҳаст❓ Вазир гуфт: Дар дохили ягон зарф 99-динор бигузор ва дар болои зарф 100-динор навишта карда онро шаб дар назди дари хонаи хизматгор бигузор ва бингар ки чи рух медиҳад . 👑 Подшоҳ ин гуфтаи вазирашро иҷро намуд. Ва чун шаб шуд зарфи динорро бурда дар назди дари хонаи хизматгор гузошта дарро куфту худ бирафт. Дар ин ҳолат хизматгор дарро боз карду ба ғайр аз зарф чизеро надид. Бечора хизматгор навистаҷоти болои зарфро хонда бисёр хушҳол шуд ва бо худ гуфт ин ки бошад ки 100-динор гузошта рафтааст. Ва зуд аз пайи шуморидани динорҳо бишуд ва дид ки 99-динор як динор кам ҳаст. Худ бисёр кофтуков карду як динорро пайдо накард. Баъд аз муддате зану фарзандашро ҳам фарёд намуду мутаассифона кофтуковашон натиҷае надод. 👨‍🍳 Хизматгор бениҳоят ғамгин шуду ханда аз даҳонаш дур шуд ва чун саҳар шуд бо як ҳолати хастагӣ ва ғамгин ба хизмати подшоҳ рафт . 👑 Подшоҳ чун ҳолати хизматгорашро дид зуд маънои "Қоидаи-99"-ро дарк намуд. 💎 Дар воқеъ чунин аст : Гоҳо мешавад ки 99-неъмате ки худованд бароямон бахшидааст фаромуш мекунему ҳаётамонро аз пайи ҷустуҷуи як неъмат мегузаронем. 💎 Ба ҷойи шукри 99-неъмат намудан аз набудани як неъмат ношукрӣ мекунем. 💎 Он неъмате ки худованд бароямон тақдир накардааст ва ҳикмати насибамон накардани ин неъматро танҳо худованд медонад. 💎 Худованд мефармояд :Агар шукргузорӣ бикунед, ҳаройина ман неъматҳоямро бароятон зиёда мегардонам . (Сураи Иброҳим ояти-7)
    1 комментарий
    23 класса
    😥😥Шаб маро хобамда бо меҳр алла мегуфт Модарам, Ҳар саҳар ҷорӯб дар дасташ хона меруфт Модарам. Пас гирифта дасти ман, бо навозишхои худ, Аз китоби зиндагӣ хар шаб, кисса мегуфт Модарам!!!! Бе ту, бе болу парам Модари зорам бие😥😥😥 Байни гам афтодаам, эй Мададгорам бие!... Бе ту ҳеҷ поен нараф қатраи об аз гулӯ, Бо ту ман Гул будаму, Бе ту чун хорам бие😥😥😥😥 Гашта аз ғамҳо пуроб чашмони ман, Эй Модарам,,,,, Бе ту, бе Файз гашта, чун хонаву хам хони ман,,,,, Рафтаи зуд аз хайет, ох зи дастони аҷал 😥😥😥 Омадаам бар хонаат, нести ту пазмони ман😥😥😥😥 Ох Модар, Ҷон Модар, бе ту хору зор мондам Модарам😥😥😥😥
    1 комментарий
    17 классов
    ДАР Ч,УСТУЧ,УИ МУАЛЛИМИ ХУБ. Падару модар барои писарашон муаллимеро интихоб карданд. Сахар бобои писарак уро гирифта ба мактаб бурд. Вакте бобою набера ба хавлии мактаб ворид гаштанд, хонандагони хурди мактаб онхоро ихота карданд. Ягон нафар ба онхо салом надод. Барьакс яке аз онхо хандида гуфт:- Бинед, чи хел пирамарди хандаовар омадааст. Дигаре ба писар гуфт:- Эй, аз кучо омадй, фарбехи хурдакак ?! Бачахо додзанон гирди онхо мегаштанд. Хамин вакт муаллим зангро зад ва онхо дав-давон ба синфашон даромаданд. Бобо дасти набераашро гирифта, аз мактаб дур шуд. - Чи хел нагз! Ман ба мактаб нахохам рафт!- хурсандй кард, набера. -Ба мактаб хохй рафт, аммо на ба ин мактаб.Ман худам ба ту муаллими хуб хохам ефт- гуфт бобо. Пирамард набераашро ба назди кампираш оварда монд ва худаш аз паи ефтани муаллими хубе шуд. Пирамард ба чандин мактаб мерафт ва интизори танаффус мешуд. Вакте тараффус мешуд ва хонандагон берун мебаромаданд, ба хонандагон ахмият медод. Кисми зиеди онхо ба у салом намедоданд. Як кисми дигар уро гам медоданд. Пирамард чандин мактабхоро гашт, аммо мактаб ва муаллими маькули дилашро наефт. Дар охир ба хавлии як мактаби назарногире ворид шуда, дар як кунче нишаст ва мунтазири танаффус ва дидани хонандагони он шуд. Занг зада шуд. Талабагон аз синф берун баромаданд. Онхо ба пирамард -Ассалому алайкум - гуен салом медоданд. Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рах,матуллох,- гуен чавобшон мегуфт. Яке аз онхо ба пирамард наздик шуда, гуфт- Бобочон ! Саломатии шумо хуб аст ? Об биерам ?! Дигаре бошад, ба кунче ишоракунон гуфт- Ончо харак хаст.Мархамат ончо нишинед ва дам гиред. Сеюмй бошад , гуфт- Бобочон ! Агар хохед , ба наздатон муаллимамонро даьват мекунем! Дар ин вакт муаллими чавон хам ба назди онхо омад ва бо пирамард боадабона -Ассалому алайкум- гуен салом кард. Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рахматуллох,- гуфта чавобаш дод ва аз хамаи ончй дид ва шунид , хурсанд шуда гуфт- Хайрият дар охир ман мактаб ва муаллими хуберо барои набераам ефтам. Муаллим- Не, шумо хато мекунед! Мактаби мо бехтарин нест ! Ин мактаб хурд аст ва боз синфхояш хам барои хонандагон тангй мекунад ва инчунин аз васоили гунонуни лозима барои таьлим мо махрумем . Пирамард бахс накард ва зуд маслихати овардани набераашро намуда, бо онхо хайрухуш намуда, баргашт. Бегохй келинаш аз интихоби бобо норозй шуда, гуфт- Бобо ! Шумо як одами бесавод хастед! Аз кучо медонед, ки муаллими ефтаи шумо муаллими бехтарин аст?! Пирамард- Аз руи шогирдон! Келин--Чи тавр ?! Бобо--Ба муаллим аз руи онхо бахо дода мешавад. Вакте шогирдон босавод ва боадабанд, ин нишонаи он аст, ки муаллими онхо чунин буда, муаллими бехтарин аст.. Хонандагони гиромй ! Шумо бо пирамард хамфикред е пирамард хато мекунад?!
    2 комментария
    14 классов
    435530401_1760779747748500_5551112779998554518_n.mp4
    1 комментарий
    20 классов
    Ҳикоя. Иттифоқ . Як подшоҳ буд, ҳафт писар дошт. Рӯзе вай бемор шуду ҳис кард, ки умраш ба охир расидааст. Ҳафт писарашро пешаш даъват карда, ба дасти ҳар яке яктои химчаи дӯлона доду фармуд, ки онҳоро бишикананд. Бачаҳо химчаҳоро осон шикастанд. Пас, подшоҳ ҳафт химчаи дӯлонаро якҷо карда, ба навбат ба дасти писаронаш дод, ки бишикананд.Онҳо ҳар қадар зӯр задан, онро шикаста натавонистанд. Подшоҳ гуфт: Писаронам, агар шумо мисли ҳамин химчаҳо якҷоя бошед, аз як гиребон сар бароварда, тифоқ зиндагӣ кунед. яке бар дигаре зид нашавед, манфиати худро аз дигаре боло нагузоред, шуморо ҳеҷ кас мағлуб карда наметавонад.Вале агар акси инро кунед, ба он химчаи танҳо монанд мешавед, ки ҳар кас метавонад ба осонӣ шуморо бишиканад.
    1 комментарий
    16 классов
    Муаллиф ЮЛЧИ АШУРОВ ТАСОДУФ Зане дар истгоҳ истода, аз ҳар раҳгузар бо забони шикастаи русӣ чизе мепурсиду, ҳама китф дар ҳам кашида, гузашта мерафтанд. Аз тарзи либоспӯшиаш муайян кардам, ки зан ё тоҷик ё ӯзбек аст. Вазифаи супоридашударо дар понздаҳ дақиқа иҷро кардам. Зан ҳамоно дар ҷустуҷӯи суроға буд. Наздаш рафта салом додам. - Ваалейкум салом, додар шумо тоҷикед? - Дар Маскав ҳама тоҷиканд, - гуфта шӯхӣ кардам, - мебинам, ки кадом адресро аз ҳама мепурсед, шояд кӯмакатон кунам. - Ба ман кӯчаи "Лучкин" лозим. Гуфтанд, ки "станция метро Водни" - Ман ноҳияро бо тамоми кӯчаву паскӯчааш медонам, ин хел кӯча дар ин ҷо нест. Шумо ягон касро меҷӯед? - Не, ба ман занг зада гуфтанд, ки дар мағоза кор ҳаст, фаррошӣ. - Мағоза чӣ ном дорад? - "Пятёрочка". Ду моҳ дар "Дикси" кор кардам, маошамро ба пуррагӣ надоданд. Зан аз рӯи тахминам 60-65 сола метофт, дар ин синну сол ӯ бояд дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронд. Ӯ бошад дар Маскав фаррошӣ мекунад. Боз маошашро надодаанд. - Дар Маскав ҳамроҳи кӣ ҳастед? Макони истиқомат доред? - пурсидам аз ӯ. - Мо ҳамроҳи келину ду набераам дар дигар стансияи метро ҳуҷраеро ба иҷора гирифтем. Ду сол пеш писарам ба Маскав омаду бе ному нишон гашт. Аз рӯи шунидам, ӯро ҳабс кардаанд, дуздиву авбошӣ кардааст, беақл. Келину набераҳоро гирифта омадам. Гумон кардам, ки дар Масков писарамро меёбам, аммо ин шаҳр сару охир надорад. Насиб бошаду умр вафо кунад, ба дидори ҳамдигар мерасем. Аз зан ному насаби писарашро пурсида, дар коғазе навиштам. Гуфтам, ки дар полис шинос дорам, аз база дар куҷо будани ӯро дастрас кардан мумкин. Зан хеле хурсанд шуд. - Дар наздикии хонаи иҷораатон кор ёфт нашуд, ки ин қадар роҳро тай карда омадед? Масофа дур бошад, хароҷот ҳам зиёд мешавад. - Ҳазору дусад сӯм (рубл) ба ҳар рӯзи корам ваъда карданд. Занг заданд, ки аз рӯзи душанбе ба кор ҳозир шавам. Рӯз нисф шуд, мағозаро намеёбам... - Аз кадом рақам занг заданд? Метавонем баргашта ба ҳамон номер занг занем? - Занг задем, аппарат ҷавоб медиҳад. "Яка пахш кунед, дуро пахш кунед", монда шудам, ҳамин адресаша ба фикрам хато навистам... Коғазро аз дасти зан гирифта хондам, бо ҳарфҳои безеб, бо қалами ранга, дар як кунҷи газета "Водни, Лучкин" навишта шудааст. - Мо "Лавочкина" гуфтанӣ кӯча дорем, рӯ ба рӯи шӯъбаи пулис магазин " Пятерочка" ҳаст, шояд ҳамон бошад? Дар чашми зан шарораи умед шӯъла зад. - Ба фикрам ҳамин хел ном дошт. Занро ба мошин шинонида, то мағоза расидем. Бо мудири мағоза ҳамсӯҳбат шудам. - Канӣ худи фаррош? Мо ӯро саҳар инҷониб мунтазир ҳастем. Занро либоси махсус дода, дарҳол ба кор қабул карданд. Бечора зан аз хурсандӣ шукуфт, чӣ тарз изҳори миннатдорӣ карданро намедонист... Аз байн чанд моҳ гузашт, хонаи якҳуҷрадори занеро таъмир кардам. Соҳибхона ба сифати кор аҳамият намедод, мегуфт, ки "ба иҷора медиҳам, ба ягон одами славянӣ, ки нанӯшад ва оиладор бошад". Зани тоҷик ба хотирам расид ва хостам ӯро дар ҳамин хона ҷойгир кунем. - Намешавад, ду кӯдаки хурд доштааст, ҳамаро ифлос мекунад.-рад кард соҳибхона. - Инҳо мӯҳлати дароз ба иҷора мегиранд, сари вақт маблағи иҷораро мепардозанд, дар охир хонаатро бепул таъмир карда медиҳам, - гуфтам ман. - Ман бояд фикр кунам, аммо бо ду шарт: бо пулис худат гуфтугӯ мекунӣ, бачаҳо истироҳати мардумро халалдор накунанд. Ба сифати харидор бегоҳӣ ба мағоза рафтам, аммо фаррош як зани ҷавон буд. Пас аз салому алейк аз зан пурсон шудам. - Он кас модари ман мешаванд, чанд рӯз инҷониб бемор, дар хона бо ҳамроҳии кӯдаконам ҳастанд. - Метавонам ба модаратон занг занам? Як хонаи якҳуҷрагӣ ҳаст, аз мағоза як истгоҳ. Зани ҷавон аз кисаи пешдоманаш телефони тугмадор баровард. - Мо як телефон дорем, аммо рақамашро ба шумо гуфта наметавонам. Ман шуморо намешиносам. - Ман модаратонро мешиносам, он кас маро. - Беҳтараш шумо рақами телефонатонро диҳед. Лозим шудед, худашон занг мезананд. Рақами телефонамро навишта ба дасташ додам. Зан коғазро гирифту дар кисаи пешдоманаш хаст ва аз паи кораш шуд. Нимашаб садои занги телефонам баромад, рақами ношинос. Донистам, ки ҳамон зан аст. - Келин ҳозир аз кор баргашт ва рақами шуморо дод. Ман дар бораи хона ва арзиши моҳонааш маълумот додам. Зан розӣ шуд. Пас аз ду рӯз занро бо ду набера ва чор сумкаи пурбораш дар станцияи метро пешвоз гирифтам. Хона писанд омад. Дар байн аз пулис хабар гирифтам, ки аз рӯи маълумотнома марде бо чунин ном дар ҳақиқат дар Маскав сукунат дорад. Таи як соли охир дар як суроға дар қайд меистад. Суроғаро аз картаи навигатор ҷустуҷӯ кардам. Аз мо қариб дар масофаи бист километр ҷойгир шудааст. Дар дунё одамони ҳамному ҳамнасаб хеле зиёданд. Бинобар хостам аввал аниқ кунам, ки ин шахс кист. Рӯзи якшанбе аз рӯи суроғаи дар даст доштаам ба сафар, ба ҷустуҷӯи писари зан баромадам. Дарро ба пешвозам ҷавоне кушод. - Ман аз рӯи эълон омадам, - гуфтам ба забони тоҷикӣ, - канӣ нотбука нишон диҳед. - Чӣ хел нотбук? - ҳайрон шуд ҷавон, - мо ноутбук надорем. - Эълонро дар "Юла" шумо навиштед? - Мо инҷо понздаҳ нафар, кӣ эълон додааст? - Кадоме аз шумо Далер аст? (ном иваз шудааст) - Далер- соҳибхона. Ҳамроҳи занаш дар хонаи худаш, занг занам? - Хонаи худаш дар куҷо? - Намедонам, ба фикрам дар Подмосковья... Рақами телефони Далерро гирифта ба кӯча баромадам ва занг задам. Дафъаи аввал гӯшакро набардошт. Дафъаи дуввум бо овози хирросӣ пурсид: - Кӣ мепурсад? - Арвоҳи падарат мепурсад, куҷоӣ ту? - Кистед шумо? Падарам даҳ сол пеш вафот кардагӣ. - Модарата пазмон нашудӣ? - Кистед шумо? - Зану кӯдакота пазмон нашудӣ? - Занам дар барам, кӯдак надорам. Кистед шумо? - Далер, ту маро намешиносӣ, ба ҳоли модари пират раҳм кун, ӯ дар Маскав, ҳамроҳи зану фарзандот. Биё, аз аҳволаш хабар гир. Ӯ гумон дорад, ки дар маҳбас ҳастӣ, озод шуда наздаш бармегардӣ... - Ин тасодуф аст, ман дигар Далер ҳастам, падару модарам кайҳо гузаштагӣ. Ятим ҳастам. - Дурӯғ нагӯ, ман туро хуб мешиносам. Агар хоҳӣ, ҳозир рафта, туро аз хонаат меорам. Телефон хомӯш шуд. Баргашта занг задам, "телефон абонента выключен, или находится не в зоне сети"... Ҳамватанони азиз! Дастгир кардани ин ҷавон ягон мушкилот надорад, аммо қонунгузории ФР рӯ гардонидан аз волидонро гуноҳ ҳисоб намекунад. Буду боши ҷавон аз рӯи талаботи қонун, бо зани рус ҳамзистӣ дорад, зиндагиаш хуб мегузарад. Хабари дар озодӣ будани Далерро ба модараш ҳам нагуфтаам. Чӣ бояд кунам?...
    1 комментарий
    15 классов
    УМРИ МО МЕРАВАДУ НОМИ НАКӮ МЕМОНАД.... 🫀 JoviDon 🫀
    1 комментарий
    19 классов
    Насиҳат кардан осон аст, ИБРАТ ШУДАН ДУШВОР.... 🫀JoviDon🫀
    0 комментариев
    19 классов
Насиҳат кардан осон аст, ИБРАТ ШУДАН ДУШВОР.... 🫀JoviDon🫀
*****Қобилаку Мақбулак*****
Ду зебогурбае дорам, азизон,
Ки ҳарду дилфиребу нозанинанд.
Вуҷудамро рабуда меҳри эшон,
Чу ёре бо дилу ҷонам қаринанд.
-----
Якеро Қобилак номаш ниҳодам,
Ба сурат зархату тиллоиранг аст.
Ҳалиму хушадову ҳам накӯфеъл,
Вале дар шакл монанди паланг аст.
-----
Дигар Мақбулаки донову айёр,
Басо хушсурату хубу алояк.
Ба чолокӣ бувад аз ҳарчӣ ҳушёр,
Аз ин рӯ гӯямаш шӯху балояк.
-----
Зи шавқи дидани ин ду ҳунарманд,
Ба ёдам саҳнаҳои сирк ояд.
Якеаш мепарад ин сӯву он сӯ,
Дигар бо лаҳҷаи худ месарояд.
-----
Гаҳе дар авҷи бозӣ масту сархуш,
Гаҳе бо ҳам ба хашму шӯру ҷанганд.
Яке аз дигаре кай паст ояд?!
Ки ҳарду ҳам мисолӣ нарпаланганд.
-----
Азизонам, кунед шояд тааҷҷуб,
558218803172

ШГ ✍️

😥😥Шаб маро хобамда бо меҳр алла мегуфт Модарам, Ҳар саҳар ҷорӯб дар дасташ хона меруфт Модарам. Пас гирифта дасти ман, бо навозишхои худ, Аз китоби зиндагӣ хар шаб, кисса мегуфт Модарам!!!! Бе ту, бе болу парам Модари зорам бие😥😥😥 Байни гам афтодаам, эй Мададгорам бие!... Бе ту ҳеҷ поен нараф қатраи об аз гулӯ, Бо ту ман Гул будаму, Бе ту чун хорам бие😥😥😥😥 Гашта аз ғамҳо пуроб чашмони ман, Эй Модарам,,,,, Бе ту, бе Файз гашта, чун хонаву хам хони ман,,,,, Рафтаи зуд аз хайет, ох зи дастони аҷал 😥😥😥 Омадаам бар хонаат, нести ту пазмони ман😥😥😥😥 Ох Модар, Ҷон Модар, бе ту хору зор мондам Модарам😥😥😥😥
558218803172

ШГ ✍️

Ҳикоя. Иттифоқ . Як подшоҳ буд, ҳафт писар дошт. Рӯзе вай бемор шуду ҳис кард, ки умраш ба охир расидааст. Ҳафт писарашро пешаш даъват карда, ба дасти ҳар яке яктои химчаи дӯлона доду фармуд, ки онҳоро бишикананд. Бачаҳо химчаҳоро осон шикастанд. Пас, подшоҳ ҳафт химчаи дӯлонаро якҷо карда, ба навбат ба дасти писаронаш дод, ки бишикананд.Онҳо ҳар қадар зӯр задан, онро шикаста натавонистанд. Подшоҳ гуфт: Писаронам, агар шумо мисли ҳамин химчаҳо якҷоя бошед, аз як гиребон сар бароварда, тифоқ зиндагӣ кунед. яке бар дигаре зид нашавед, манфиати худро аз дигаре боло нагузоред, шуморо ҳеҷ кас мағлуб карда наметавонад.Вале агар акси инро кунед, ба он химчаи танҳо монанд мешавед, ки ҳар
558218803172

ШГ ✍️

Ҳамон рӯзе, ки аз дасти ҷудоӣ хаста мерафтам, Дари умеду армонро ба рӯям баста мерафтам. Дилам бо суръати кайҳонӣ чун девона пар мезад, Агарчанде ки андар кӯчаҳо оҳиста мерафтам. Ба ту гуфтам, ки мемирам, бе ту ман намемонам, Чӣ бо ин содагӣ аҳди худам бишкаста мерафтам Зиёрат карда гӯри Лайливу садҳо шаҳидонро, Ба рӯҳи куштагони ишқ чунон пайваста мерафтам. Аз ин зиндони ҳастӣ ноумеду хаставу афгор, Зи дасти зулму ғамҳои ҷаҳонӣ раста мерафтам. Чӣ бозиест тақдирҳои мо норозием аз он, Ба сӯйи ноумеде ҷониби ҳамдаста мерафтам. 1.05.2022 АНИСА МАНОНОВА
558218803172

ШГ ✍️

Қиссаи "Қоидаи-99" 💐🌷🌹 👑 Подшоҳе вазирашро пурсид : Чаро хизматгорон аз ман хушҳолтар ҳастанд? Дар ҳоле ки онҳо чизе надоранду ва ман бошам тамоми чизро дораму аммо хушҳол нестам ❓ Вазир гуфт : Яке аз хизматгоронатро бо "Қоидаи-99" бисанҷ. 👑 Подшоҳ гуфт : Ин чигуна қоида ҳаст❓ Вазир гуфт: Дар дохили ягон зарф 99-динор бигузор ва дар болои зарф 100-динор навишта карда онро шаб дар назди дари хонаи хизматгор бигузор ва бингар ки чи рух медиҳад . 👑 Подшоҳ ин гуфтаи вазирашро иҷро намуд. Ва чун шаб шуд зарфи динорро бурда дар назди дари хонаи хизматгор гузошта дарро куфту худ бирафт. Дар ин ҳолат хизматгор дарро боз карду ба ғайр аз зарф чизеро надид. Бечора хизматгор навистаҷоти боло
УМРИ МО МЕРАВАДУ НОМИ НАКӮ МЕМОНАД.... 🫀 JoviDon 🫀
Показать ещё