ошиқам, кор инчунин бояд,
Зи ҷайбам сурма рӯёнед,
асрор инчунин бояд.
Лаб аз хамёзаи теғи ту захми
мо набаст охир,
Ба роҳи субҳи раҳмат чашми
бедор инчунин бояд.
Ба торе гар занӣ нохун, садо
бетоб мегардад,
Ҳамоғӯши бисоти якдилӣ ёр
инчунин бояд.
Ба нахли ростӣ чун шамъ
мебояд самар гаштан,
Ки Мансур ончунон мезебаду
дор инчунин бояд.
Раги санги санам кун риштаи
сози муҳаббатҳо,
Бараҳман гар тавон гардид,
зуннор инчунин бояд.
Ҳама гар аҷзнолиҳост, бӯе
дорад аз ҷуръат,
Нафас дар сина хун кун,
ошиқи зор инчунин бояд.
Мижа гоҳе канору гоҳ оғӯш
аст чашмашро,
Агар улфатпарастӣ посӣ
бемор инчунин бояд.
Ба мурдан ҳам нагардад хоҷа
аз ҳасраткашӣ фориғ,
Гар аз инсоф мепурсӣ, хару
бор инчунин бояд.
Зи ҳоли зоҳид огаҳ нестам,
лек инқадар донам,
Ки дар арзи бузургӣ ришу
дастор инчунин бояд.
Тамошо муфти шавқ аст, аз
фузуландешӣ бигзар,
Ки ранги гул чунон ё шухии
хор инчунин бояд.
Ғубори худ ба тӯфон додаму
арзи вафо кардам,
Паёми ишқро тамҳиди изҳор
инчунин бояд.
Ба нури офтоб аз соя натвон
ёфт осоре,
Ҳавас мафрӯш, Бедил, маҳви
дидор инчунин бояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев