10- Аз фазилати чор калима инаст, ки барои банда бо гуфтани ҳар калимаи он садақа аст, Имом Муслим дар саҳиҳи худ аз Абӯзар (р) ривоят мекунад, ки идае аз саҳобаи Паёмбар (с) гуфтанд: Ай Расулуллоҳ (с) подошро сарватмандон бурданд, мисли мо намоз мегузоранд, руза мегиранд ва ончи аз молашон аз ҳоҷаташон берун аст онро садақа медиҳанд. Он ҳазрат фармудаанд: Оё Худованд барои шумо чизе надода аст, ки онро садақа кунед? Ҳамоно дар ҳар тасбиҳ гуфтан садақа аст ва ҳар такбир гуфтан садақа аст ва ҳар ҳамд гуфтан садақа аст ва ҳар таҳлил гуфтан садақа аст, амр ба корҳои хуб садақа аст ва наҳе кардан аз корҳои бад садақа аст ва ҳамбистарӣ бо ҳамсар садақа аст, гуфтанд: Ай Паёмбар (с) яке аз мо шаҳва