савершеная скретно.
" АБОТА БАРТАНГЕ " - Ё НАҚШАИ НАВИ ҲУКУМАТИ НОҲИЯИ РӮШОН.
( ичор қаҳр маёд азум мим ху зив те нанивишт)
Ноҳияи Рӯшон 29-уми октябри соли 1932 дар қатори дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ таъсис ёфта буд. Мувофиқи қарори онвақтаи Шӯрои Олии ҶШСТ бояд ноҳияҳои Бартангу Вахон низ таъсис дода шаванд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аз соли 1939 то соли 1946 Бартанг чун ноҳияи алоҳида вуҷуд доштааст. Камаҳолии ноҳияи Рӯшонро ба назар гирифта, замоне Рӯшону Ванҷ як ноҳия буданд. Азбаски Бартанги боло то солҳои 60- ум фақат бо роҳи пиёдагард ба марказ пайваст буд, бинобар ин деҳаҳои болооби Бартангро (ҷамоати Савноб) солҳои 1958-1961 ба ноҳияи Мурғоб илова карданд.
Вақте ки сохтмони роҳҳои мошингард дар тамоми вилоят ба анҷом расид, боз деҳаҳои Бартанги боло бо қарори Ҳукумати шӯравӣ ба н. Рӯшон пайваст шудаанд. Бо пошхӯрии давлати баробарҳуқуқи ИҶШС ва соҳибистиқлол кардидани ҶТ бояд як ноҳияи нав дар ВМКБ таъсис дода мешуд. Ин ҳам ишора ба Бартанг буд, аммо ҳукуматдорон ва нисфе аз мардуми ноҳия ба ин монеаи сахт мешуданд. Сабаб маълум аст, ки таъсисёбии ноҳияи нави Бартанг бар зарари н. Рӯшон хоҳад буд. Барои ҳамин баъзе аз намояндаҳои ҳукуматӣ байни мардуми Бартанг иғворо ба вуҷуд оварданд. Ин муфтхӯрони шикамкалон ба мардуми деҳаи калонтарин Рошорв ваъда доданд, ки маркази ноҳияи Бартанг бояд Рошорв интихоб карда шавад, мо тарафдори шумоёнем. Чун ба деҳаи поёнтар Сипонҷ омаданд, байни мардум ташвиқот мебурданд, ки ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки Рошорв маркази ноҳияи Бартанг пешниҳод гардад. Ҳамин тавр мардумро бо ҳам зид кардаанд. Ин модашерон мардумро ба ду қисм ҷудо карда будаанд. То мардум фиребкории инҳоро пай бурдаанд, ки алаккай раиси онвақтаи н. Рӯшон Н. Муборакшоева ба дастгоҳи Президент ин даъвоҳои марказинтихобкунии мардуми Сипонҷу Рошорвро як ба як тӯтивор фаҳмонидааст.
Дар охир ҳукуматдорони порахӯр ба мақсадашон расиданд. Мақсадашон чӣ буд?
Деҳаҳои дурдастро бесоҳиб мондан, марказ ва деҳаҳои наздикро обод кардан; Ҳар сол аз ҳисоби ҷавонписарони Бартанг комиссариати ҳарбии ноҳия нақшаи даъвати хизмати ҳарбии ноҳияро зиёдатӣ пуркарда ба дигар ноҳияҳо мефурӯшад; Тамоми кӯмакпулию дигар намудҳои хизматрасониҳои созмонҳои ғайридавлатиро муфт соҳибӣ мекунанд ва ба ин рафторашон чун саги устухондор одат кардаанд.
Ҳатто лавозимотҳои кӯмаккардаи дигар давлатҳоро оварда, бо пул мефурухтанд. Чунин ҳолатҳоро ҳангоми заминларзаи соли 2015 хуб мушоҳида карда будем. Зарардидагоне, ки ба маркази ноҳия оварда шудаанд, шоҳиди чандин ҳодисаҳои ғораткунии ҳукуматдорон шудаанд, ки навиштани онҳоро дуруст намешуморем. Зарардидагон миннатдории худро ба волонтиёрон ва мардуми деҳаҳои Рушон баён карда будаанд, на ба ҳукуматдорони дӯзд, ки ҳатто орди онҳоро гирифта дар мағозаҳои худ ба фуруш гузоштанд.
То ба ҳол хонаҳои навсохташудаи зарардидагони деҳаҳои Нисур, Савноб, Барчӯдиф, Рухч нотамом мондаст.
Ин қадар кӯмакҳои молию пулии 12 давлати дунё куҷо рафтааст? ? ? ?? ?
Фақат ҳамин маълум аст, ки собиқ раиси онвақтаи Рӯшон Х.Худоёров баъди чанд муддат вазири Нақлиёти Ҷ Тоҷикистон таъин гардид.
Роҳҳои мошингарди Бартанг дар мавсимҳои зимистону тобистон маҳкам мешаванд. Ҳукумати ноҳия тракторҳои вайрону азкормондаро ба онҷо мефиристад, ки як соат ҳам кор накарда, вайрон мешаванд. Аммо тракторҳое, ки аз шаҳри Душанбе маҳз барои роҳҳои Бартанг фиристода мешаванд, дар заминҳои кишти деҳаи Вомар кор мекунад. Ба қавли яке аз ҳукуматдорони ноҳия " чизҳои фарсудашудаву аз кор мондаро ба " абота бартанге " бояд дод ".
Онҳо бо меҳнати ҳалоли худ кор кардану хӯрдани мардуми Бартангро дида, ин мардумро нодону нотавон ҳис мекунанд ва парвое ҳам надоранд.
Нақшаи нави кашидашудаи ҳукумати ноҳияи Рӯшон низ дар ҳамин мавзӯъст. Дар суханронии худ Президенти ҶТ дар деҳаи Ғудара соли 2016 ваъда карда будаанд, ки сохтмони НОБ хурди Хатфад бояд сохта шавад. Ба таъхир андохтани ин сохтмон то ҳозир як нақшаи нави ҳукумати ноҳия аст. Ба андешаи онҳо бодя НОБ дар Санободи Шидз аввал сохта шавад. Баъди суханронии Президеети ҶТ дар шаҳри Хоруғ аз 15 : 09 :2018 ки чунин гуфта буд: " аз мушкилоти Бартанг огоҳ ҳастам, сохтмони НБО хурди Хатфад ҳарчӣ тезонида шавад " овозаҳо паҳн шуданд, ки мақсади ҳукумати ноҳия он аст, ки ин неъругоҳ бояд дар деҳаи Рошорв сохта шавад, зеро дарёчаи Хатфад хатарнок аст ва чанд ҳафта пеш он ҷо обхезӣ ба вуҷуд омад. Акнун боз таърих такрор ёфт ин муфтхурон мехоҳанд Санобод обод шавад на Бартанг, яъне Бартанг ва мардуми он Рӯшонӣ нестанд ва аз онҳо фақат бояд истифода бурд. Яке аз устодони Донишгоҳи Хоруғ Хуҷаназаров Ҷаббор низ, ки зодаи Бартанги боло аст, ҳукуматдоронро тарафдорӣ мекунад ва ба донишҷӯён гуфтааст, ки бале неъругоҳ бояд дар Рошорв сохта шавад. Пас деҳаҳои дигар Рухч, Барчӯдиф, Савноб, Нисур бебарқ хоҳанд монд. Акнун навбати Санобод фаро расид...
Пас агар кори устод Хуҷаназаровро ҳамаамон давом диҳем, маълум хоҳад шуд, ки ҳақиқатан " абота " ҳастем.
Парокандагӣ зи нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Ту ноз кунӣ ёри ту ноз,
Чун ноз ду шуд талоқ хезад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 53