УМРИ МО МЕРАВАДУ НОМИ НАКӮ МЕМОНАД.... 🫀 JoviDon 🫀
    0 комментариев
    9 классов
    Насиҳат кардан осон аст, ИБРАТ ШУДАН ДУШВОР.... 🫀JoviDon🫀
    1 комментарий
    8 классов
    Қиссаи хеле таъсирбахш ва ғамангез. #ОҚИБАТИ_БАДӢ Дар деҳаи Даҳана марде буд омӯзгор, синну сол ба 45 рафту оиладор нашуд. Ҳар чи дар бисот дошт ба рӯзгори оила сарф мекард. Хӯрондану пӯшонидани хоҳарон ба души мард бор буд. Ҳар охири моҳ, ки маош мегирифт, барои хоҳаронаш хӯрокаву пушока мехарид, ки ҳатто ин маоши ночиз барои як курта харидани худаш намерасид. Баъд аз сари падару модар бори вазнини оила ба душаш бор шуд. Пас аз кор рафта ҳезум ҷамъ мекард, то фурушаду қути лоямуте барои пеш бурдани рузгори оила ба даст оварад. Худованд ва оила барои ин мард муқаддас буд. Ҳаргиз аз фикри хӯронидани хоҳарон ва нигоҳубини онҳо даст накашид. Ва ҳарому пора ҳам нахурд, то хоҳаронро бо нони ҳалол ба воя расонад. Ҳамин тавр ду хоҳарашро калон карда дар хонаи худ бо ду марди фақир оиладор кард. Аз байн солҳо гузаштанду умри мард ба ҷое расид, ба қавле аллакай муйсафед шуда буд. Дигар қуввату мадори кор кардан надошт. Бемор шуд, нафаре лозим буд, ки ӯро парасторӣ кунад. Ӯ ба умеди он буд, ки хоҳаронашро ки солҳо онҳоро хурондааст дар пирӣ асои дасташ мешаванд, вале афсус, сад афсус, ки дунё чунин будааст, ки подоши некиро баъзе ашхос бо бадӣ ҷуброн мекунанд. Қисмати қаҳрамони ҳикояи мо низ чунин шуд. Хоҳарон ба ҷои нигоҳубин ӯро таънаву маломат мезаданд. -Намешавад, ки рафта кор кунӣ, худатро ба маризӣ партофта мешинӣ дар хона чун занҳо. Кудакону ману шавҳарамро кӣ мехуронад? Безор шудеме аз нигоҳубини ту ифлос, ҷонамонро ба нуки биниямон овардӣ-гуфта таънаву маломаташ мезаданд. Дар ниҳоят нигоҳубини акаи меҳрубон ба дили хоҳаронаш заду ӯро аз хона ронданд. Либосҳояшро болои сараш партофтанд. Ӯ аз ҷой бархесту тани худро такон дод ва зонуи хунолуди худро қапида-қапида бо бору кулвораш рӯ ба дашту саҳро ниҳод. Роҳ мерафту роҳ мерафт ва он рӯзҳоеро ба хотир меовард, ки чӣ тавр хоҳарони ширинаш ӯро бо меҳр пешвоз мегирифтанд. Ӯро ба оғуш мегирифтанду бо забони ширин сӯҳбат мекарданд. Мард аз ин болида буд. Хушбахтии хоҳаронаш охир хушбахтии ӯ буд. Пас чаро дунё вафо накарду хоҳаронаш бевафо шуданд. Подоши хубӣ бадиро раво диданд. Ба дил мегуфт бигзор, тақдирам чунин будаст. Ман кина намегирам. Ӯ дар дашт барои худ кулбаи фақирона сохту зиндагӣ кард. Аз ғаму фикри зиёд ақл гум кард. Девона шуд. Дигар чигуна сухан гуфтанро намедонист. Ғаму дарди ҷудои аз хоҳарон ӯро ба ин ҳол расонд. Мард ҳар бегоҳ ба сари манзили модару падар рафта зор-зор мегирист. Гӯё ақл гум накарда. Рози дил мекард ки акнун фарзандонатон бевафо шуданд модар. Охир ман ба онҳо умрамро бахшидам. Маро аз меҳри худ дур карданд. Як бурда нонро аз ман дареғ доштанд. То вақте қувват доштам барои онҳо кор кардам. Акнун мадори кор ҳам надорам. Мард ҳарчанд ки ӯро мардуми деҳа акнун девона мехонанд, бо вуҷуди ин, гадоӣ намекард, бо тани дардманд боз ба дарахтзор рафта ҳезум ҷамъ мекард мефурухту қути лоямути худро дармеёфт. Зиндагии боқимондаро пеш мебурд. Умр вафо накарду муйсафед ҳангоми ҷамъоварии ҳезум фишораш ниҳоят баланд гардиду дилаш аз таппиш боз монд. Дар ғаму фироқи хоҳарони носипос ҷон дод. Халқи деҳа ба хоҳаронаш хабар доданд, ки майитро ба масҷид бурда ҷаноза кунанду ба хок супоранд. Хоҳаронаш гуфтанд: -Ин девонаро мо намешносем, ва ба зима ҳам намегирем. Бигзор дуртар аз деҳа гуронед ки деҳа буй нагирад. Суханони талхи хоҳар пас аз марг ҳам руҳи майитро ноором кард. Муйсафеди раҳматиро дар масҷид ҷаноза карда дар мазори деҳа бе ному нишон ба хок супурданд. Ҳар иди Рамазон ва Қурбон мардум ба рӯҳи ин муйсафеди ранҷкашида ва бо залилӣ мурда дуову фотиҳа мехонданд. Амо хоҳаронаш ва ҷиянҳояш ҳеҷ гоҳ барои дуо карданд дар руҳу арвоҳи шодравон намеомаданд. Ҳатто наздик намешуданд. Солҳо сипари шуданду умри хоҳаронаш ба панҷоҳу ба шаст расид. Дигар аз ёди муйсафед дар майнаашон асаре намонд. Онҳо қаҳрамони ҳикояро ҳамон замон фаромуш карданд. Бехабар аз он, ки санге, ки мезанӣ як рӯз омада ба сари худат мезанад. Алқисса хоҳари калонияш ки бародари худро ранҷ дода буд, ҳангоми аз туй баргаштан дар самти роҳи Кӯлоб-Душанбе мошине, ки дар он бо ду фарзанд ва шавҳараш нишаста буданд, ба ғор афтида пора-пора мешавад. Гуштҳояшон ҳар тараф пош мехурад.
    1 комментарий
    4 класса
    МАЁЗОРЕД ЯТИМОНРО Агар фарзанд гуноҳе кард,дуои бад магуедаш Дили пурмеҳри уро зуд,ба оби сард машуедаш Мабодое хазон гардад,пушаймони надорад суд Ки фарзанд меваи умр аст,нахушконед баҳори худ Аё эй модарандарҳо,маёзоред ятимонро Худо мебинад аз боло,мабодо мезанад арвоҳ Бидоред дуст,ҳама фарзанд,ки ширинанд мисоли қанд Агар фарзанд хатое кард,ба рафтораш бигуед панд...
    2 комментария
    26 классов
    ДОКТОР ЗОКИР НАЙК.БАХ,СХ,О.. Оиди ч,авоб ба баьзе акидахо, ки бе дин (и ислом) хам инсон метавонад инсони хуб бошад... Саволдиханда- Ассалому алайкум ! Номи ман...Ман дар як..компания... консултант.. шуда кор мекунам. Ман аввал аз шумо миннатдорй мекунам оиди маьрузаи кардагиатон. Мехохам, ки ба шумо як саволи оддй бидихам- Савол-Аз руи акидахои динй , махсусан ислом ва аз руи гуфтахои шумо, мо бояд корхои нек кунем. Вакте ки мо метавонем корхои нек кунем, пас чи хочат ба дин мемонад. Ман бе дин ( и ислом) хам корхои хайр карда метавонам.Пас чи лозим, ки мо бояд ахкоми исломро риоя кунем. Дин барои мо чи даркор АСТ ?! Доктор Зокир Найк:- Ин бародар саволи хуб кард.Яьне вакте инсон метавонад, худаш,танхо, ба ягон шахсе некй намояд, пас чи лозим, ки ба дин эьтикод кунад ва ахкоми динро риоя намояд. Акнун ба ин бародар мегуям, ки --- --ки ба ту мегуяд, ки некй чист ва бадй чист ? --е ки метавонад ба ту бигуяд, ки хозир ту некй карда истодаи е бадй? Дин дар асл ин як намуд тарзи хает АСТ. Вакте ки ту кудакй, падару модар туро забон ва сухан кардан таьлим мекунад, падару модар е дигаре туро таьлим медихад, ки чи хуб АСТ ва чи бад,чи саломатй аст ва чи дарду ранч,,Хамин тавр? Бале ! Вакте ки ту касал мешавй , назди табиб меравй.Барои чй ?! Саволдиханда- Барои онки табиб медонад, ки чи барои дардмандон хуб АСТ ва нафь меорад ва чи зиен. Доктор- Дуруст ! Ана хамин тавр мо дар дин амал мекунем.Барои онки мо медонем, ки Холик,и мо аз мо,инсонхо дида, бехтар медонад, ки чи барои мо нек АСТ ва чи бад, чи барои мо нафь меорад ва чи зарар. Ту ба назди табиб барои он рафтй, ки табиб шахси доност ва олим ба ахволи дардхост. Худованд бошад олими тамоми аше АСТ ва хама чиро медонад.Бинобар ин барои инсоният чи нек ва чи бад АСТ,фахмондааст. Масалан - ту ба чангал рафтй.Ончо зарбуругхо ефтй.Агар ту надонй, ки кадоми онхо захрдор ва кадоми онхо безахру хурданй хастанд, пас ,нафахмида, ягон захрдорашро хурда мемирй.Агар ту солимакл хастй, албатта аз ягон кас мепурсй, ки кадоми онхо захрдор ва кадоми онхо безахру ХУРДАНИ хастанд. Хамин тавр не ? Бале ! Агар инсон ба фахмиши акли худаш оиди фоидаву зарар ва некию бадй амал кунад, хато карда , гумрох мешавад. Масалан ман ба ту мегуям , аз руи акли ту хамин дуздй чи бадй дорад ?! Дуздию горат бад АСТ е хуб ?! Саволдиханда- Дуздию горат ин бад аст ! Доктор- Барои чи бад будааст ? Вакте Ман дуздй кардам, сохиби пулхо мешавам, хурокхои бехтаринро мехурам, либосхои бехтаринро мепушам, айшу ишрат мекунам Барои чи ин бад будаст ? Саволдиханда-Барои ман барои он бад АСТ, ки ман амволи бегонаро барои айшу ишрати худ ( бе ичозат) мегирам. Доктор- Барои чи ин бад будааст? Кучои ин бадй дорад ? Саволдиханда- Не, мо хама инсонем.Бояд хама баробар бошем.Бояд хукуки якдигарро риоя кунем . Доктор- Чавоб дех- Агар Ман дороии туро дуздида,айшу ишрат кунам,ин барои ман хуб АСТ.Барои чи ин бад аст ? Хайр..як микдор пулатро ту аз даст медихй, аммо ин ба ман зарар намеорад.Чи хел ин метавонад барои ман бад бошад ? Ба ман як далели аклию мантикие биер, ки дуздй бад АСТ ва ман дуздиро бас мекунам. Дуздй ба ман пулхо , айшу ишрат меорад. Барои чи бароям бад бошад ?!Факат як далели мантикй , ки ин бад аст?! Ту инсони босавод хастй! Як далели илмй ва мантикй , ки дуздй бад аст ? Саволдиханда-...сукут... Доктор- На далелхои илмй метавон ефт ва на далелхои мантикй ! Агар гуи , ки маро ( сохиби пулро) касе горат мекунад.Ман мегуям- Ман 10 мухофиз дорам.Аз тарафи дигар агар гуи, ки дуздро политсия хабс мекунад.Ман мегуям, ки не, хабс намекунад.Зеро Ман хамаи онхоро харидаам. Хулоса- далели бад будани дуздиро аз руи аклу мантик ва илм ефта наметавонй ! Ту факат метавонй ба ин савол чавоби конеькунанда биебй, вакте ки руй ба дин (и ислом) биерй. Зеро дин мегуяд-... агар ту дуздй кардй- ва дар ин дуне чазоашро нагирифтй.Дар он дуне албатта чазоашро мегирй! Барои хамин инсон агар аз руи дин зиндагй накунад, пас метавонад дузд, горатгар , котил, аракнуш, зинокор ва бадахлок бошад Аммо бадии ин ин чиноятхоро аз руи илму мантик исбот карда намешавад.Зеро касе ки ба ин амалхо даст мезанад, вай барои худ як намуд фоидахо мегирад. Ту метавонй гуи, ки охир аз ин амали чинояткорхо инсоне зарар мебинад. Чинояткор метавонад гуяд, ки - ба ман фарк надорад.Ман айш мекунам!.. Аммо дин бадии ин амалхоро исбот карда, онхоро гунох номида, хам дар дуне ва хам дар охират барои онхо чазо муаян кардааст. Масалан - котилеро, ки чанд миллион инсонро катл кардааст, чи чазо медихй?! Дар ин дуне ту хади аксар уро мекушй. Аммо дин чи мегуяд- Худованд дар сураи Нисо , ояти 56 мегуяд- Ҳамоно, касонеро, ки ба оёти Мо кофир шуданд, зуд ба оташ дарорем; ҳар гоҳ, ки пӯстҳояшон пухта гардад, ба иваз барояшон ба ҷуз он пӯстҳои дигар пайдо кунем, то азобро бичашанд. Ба дурустӣ ки Худо Ғолиби Устуворкор аст.# Яьне Худованд ...он котилро дар дузах он чанд миллион маротиб кушта аз нав зинда мекунад,то азоби зулмхои кардаашро бичашад. Ту котилро..дар ин дуне одилона чазо дода наметавонй. Чазои одилона дар охират аз чониби Худованд меояд. Барои хамин барои онки инсони нек шавем,бояд ба дин эьтикод дошта бошем, бояд Холики худро шиносем, дини хакро бидонем ва огох шавем, ки ки муаян мекунад, ки нек чист ва бад чист ва онгох ахкоми динро риоя намоем. Ана он вакт ту дар рохи Хак хохй буд. Ана он вакт ту метавонй дар хакикат инсони нек гардй. Саволдиханда- Бале ! Ташаккур !# Аллох,умма салли ъло Мух,аммадин ва олих,и ва асх,обих,и ач,маъин.
    1 комментарий
    17 классов
    ПАНДИ РӮЗ! Фаромуш макун! Шайтон шуморо ба гуноҳ кардан маҷбур намекунад. У танҳо "васваса" мекунад. Интихоб дар дасти шумост. Шумо ё ба Аллоҳ итоат мекунед ё ба шайтон...
    3 комментария
    15 классов
    Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир, Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир. Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон, Панду насиҳат аст аз ман хабар бигир! Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан Фарзанди хок ту фарзанди хок ман. Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст, Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?! Аз ман хабар бигир! Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст, Гӯянд одамӣ бо дӯсти накӯст, Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё, Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст! Аз ман хабар бигир! Аз ман назар нагир,ёри дигар нагир, Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!
    1 комментарий
    9 классов
    Мазан тӯҳмат ба рӯи миллати ман, Макун таҳқир муҳоҷир-додари ман. Макун бадному расво номи тоҷик, Ки месӯзад вуҷуди модари ман. Ки тоҷик мард буду мард хоҳад монд, Ба мисли Рустаму Масъуду Сомон. Зи хоне гар хӯрад як бурдаи нон Нахоҳад кард туф ӯ бар намакдон. Агарчи гаштааст имрӯз ӯ хор, Мадеҳ ноҳақ ту ӯро ранҷи бисёр. Мазан мӯҳри хато бар миллати ман, Ки безораст ӯ аз қатлу куштор. Диҳӣ гар баҳри ӯ як бурдаи нон, Насозад қатл ӯ аз баҳри миллион. Даруни қалби ӯ саршори меҳр аст, Чи медонӣ ту эй бемеҳру имон. Ба ҷони мо ситам бисёр кардӣ, Ту айби худ ба дигар бор кардӣ. Битарс аз оҳи мардони мусофир, Аҷаб ту миллатамро хор кардӣ. Нигаҳ кун сар ба по таърихи тоҷик, Зи Ориёӣ то имрӯзи тоҷик... Саросар сулҳу инсонпарварӣ аст, Сиёсатномаи шоҳони тоҷик. Эҳсони Фарҳод.
    4 комментария
    156 классов
    Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам, Қаламкашро ба мақсад мерасонам. Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам, Ба ҳар дасти зарифе ман зарифам. Қалам гӯяд, ки инсонро азизам, Ба дасти покдил афтам тамизам. Қалам гӯяд, ки инсонро яроқам, Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам. Агар афтам ба дасти ҳақшиносон, Зи рӯи ҳақ кунам хизмат ба инсон. Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро, Намоям маҳрами дилҳо забонро. Муҳаббатро, садоқатро сароям, Ба ҳам пайванд ҷонҳоро намоям, Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор, Намоям фарқ дилбар аз дилозор. Диҳам ман сарбаландӣ мардҳоро, Намоям дур аз дил дардҳоро, Ба тасвир оварам ҳусни заминро, Ҷаҳони нав, ҳаёти дилнишинро, Кунам бедор ҳисси ошиқонро, Бақои нав диҳам умри ҷавонро. Агар ман бо қаламкаш дӯст монам, Қаламкашро ба мақсудаш расонам. Агар афтам ба дасти нохалаф ман, Шавам тири маломатро ҳадаф ман. Асир афтам агар бар дасти нокас, Намоям зиндагониро мулаввас. Ҷаҳон торик чун зиндон намоям, Ҷафову ҷабр бар инсон намоям. Дурӯғу рост бофам, ҳарза бофам, Суханро теғ созам, дил шикофам. Агарчи ширро донам сафед аст, Вале гӯям сиёҳ асту палид аст. Ба дасти нокасон гардам гирифтор, Шаванд аз ман тамоми халқ безор. Ба монанди аҷал оям ба ҳар дар, Хӯрам коғаз, хӯрам ҷону хӯрам сар. Кунам хурсанд ман табъи бадонро, Суханчину мунофиқ одамонро. Зи ман аҳли қалам бошед огоҳ, Нагардам то силоҳи дасти бадхоҳ! ✍️Мирзо Турсунзода.
    1 комментарий
    34 класса
    Як зан қисса мекунад: Вақте, ки фаҳмидам шавҳарам дар Facebook ҳамроҳи як духтар чат мекард духтар номашро (Парвонаи тиллоӣ) мондаст. Паёмҳояшро дона ба дона чек кардам, дидам ки бо ҳам гапҳои ошиқона гуфтан ва ваъдаҳои арусиҳам кардан. Шавҳарам ҳам номи худро (Бачаи ҷаҳондида) монда буд. Як фикр кардам, ки бояд аз ӯ интиқом бигирам. Рафтам барои худам як Facebook бо номи писар кушодам. Дар профилам матнҳои тарснокро пост кардам. Ва баъд як паём ҳам ба шавҳарам равон кардам, ки ин духтаре ки номаш Парвонаи Тилоӣ аст зани ман аст ва ман дар мавриди ту ҳама чизро медонам. Номи аслияшро ва номи модар, хоҳар, падар, бародар, куҷо зиндагӣ мекунад, дар куҷо кор мекунад барояш гуфтам. Ва барояш гуфтам Ба Худо қасам агар як дафъаи дигар дар фейсбук дидамат гарданатро аз сарат ҷудо мекунам. Хулоса рӯзи баъд дидам сураташ сурху зард аз хона берун намерафт, Facebook, WhatsApp, Viber, Telegram ҳамаашонро ҳазф кард ва як телефони одди харид. Ва ҳар мавқеъ вақти намозҳоро аз ман мепурсид, ҳамин тавр ҳам намозхон шуд.....(?) _______________________________
    4 комментария
    21 класс
Насиҳат кардан осон аст, ИБРАТ ШУДАН ДУШВОР.... 🫀JoviDon🫀
УМРИ МО МЕРАВАДУ НОМИ НАКӮ МЕМОНАД.... 🫀 JoviDon 🫀
Гап ба давлат бирасӣ, маст нагардӣ МАРДӢ..!!! 🫀 JoviDon 🫀
558218803172

ШГ ✍️

Муаллиф ЮЛЧИ АШУРОВ ТАСОДУФ Зане дар истгоҳ истода, аз ҳар раҳгузар бо забони шикастаи русӣ чизе мепурсиду, ҳама китф дар ҳам кашида, гузашта мерафтанд. Аз тарзи либоспӯшиаш муайян кардам, ки зан ё тоҷик ё ӯзбек аст. Вазифаи супоридашударо дар понздаҳ дақиқа иҷро кардам. Зан ҳамоно дар ҷустуҷӯи суроға буд. Наздаш рафта салом додам. - Ваалейкум салом, додар шумо тоҷикед? - Дар Маскав ҳама тоҷиканд, - гуфта шӯхӣ кардам, - мебинам, ки кадом адресро аз ҳама мепурсед, шояд кӯмакатон кунам. - Ба ман кӯчаи "Лучкин" лозим. Гуфтанд, ки "станция метро Водни" - Ман ноҳияро бо тамоми кӯчаву паскӯчааш медонам, ин хел кӯча дар ин ҷо нест. Шумо ягон касро меҷӯед? - Не, ба ман занг зада гуфтан
558218803172

ШГ ✍️

ДУ ҶИСМИ ҲАМРӮҲ ДУ РӮҲИ ҲАМРОҲ Баъди як ҳафтаи фавтидан арвоҳи зан аз марқади танги худ баромада, сӯи деҳа парвозӣ шуд. Охир, бегоҳи рӯзи панҷшанбе – рӯзи ба ёд овардани фавтидагон ва хотири мурдагонро бо як каф дуо шод кардан мебошад. Ба назди хонааш расида, аз тиреза ба дарун назар кард. Даҳ фар-зандаш дар гирди дастархони калон сархаму маъюс бо якдигар ҳарф зада, модарро ба ёд меоварданд. Ба тирезаи меҳмонхона наздик шуд, чанд мӯйсафеди деҳа, дар даст тасбеҳ, ба ёди арвоҳи зан аз ояҳои Қуръон тиловат мекар-данд. Дилаш ором шуд, боз баргашт ба қабристону ба қабри шавҳар наздик шуд. Аъзои баданаш бедвор лар-зид…Мешинохта бошад? Охир аз рӯзи фавташ 20 сол гу-зашт. Ман пир шудаам, аммо ӯ боя
558218803172

ШГ ✍️

Бигзор то хаёлӣ шавам, дар ҳавои ту, Дар Ковиди ҷудоӣ манам, мубталои ту. Ман он мусофире, ки надонам куҷо равам, Банд аст, марзи ишқу вафо бе ризои ту. Ҳам баста аст, зиндагӣ дар Актау маро, Гум кардаам, суроғаи бе ному ҷои ту. Аҷри мани мусофири дур аз ватан туӣ, Беҳтар бувад барои ғарибе, дуъои ту. (АМИРШОЗОДА БИЛОЛ)
558218803172

ШГ ✍️

Қиссаи хеле таъсирбахш ва ғамангез. #ОҚИБАТИ_БАДӢ Дар деҳаи Даҳана марде буд омӯзгор, синну сол ба 45 рафту оиладор нашуд. Ҳар чи дар бисот дошт ба рӯзгори оила сарф мекард. Хӯрондану пӯшонидани хоҳарон ба души мард бор буд. Ҳар охири моҳ, ки маош мегирифт, барои хоҳаронаш хӯрокаву пушока мехарид, ки ҳатто ин маоши ночиз барои як курта харидани худаш намерасид. Баъд аз сари падару модар бори вазнини оила ба душаш бор шуд. Пас аз кор рафта ҳезум ҷамъ мекард, то фурушаду қути лоямуте барои пеш бурдани рузгори оила ба даст оварад. Худованд ва оила барои ин мард муқаддас буд. Ҳаргиз аз фикри хӯронидани хоҳарон ва нигоҳубини онҳо даст накашид. Ва ҳарому пора ҳам нахурд, то хоҳаронро бо нони ҳал
558218803172

ШГ ✍️

Сахт аст агар гиря куни ханда кунандат, Подоши ҳама хубии ту ганда кунандат. Як умр, ки аз айби касон, лаб накушуди, Бе айб шавад вақт, ки шарманда кунандат. Аз раҳм агар кардаи як бор худоӣ, Ин бор ба бераҳмияшон банда кунандат. Имрӯз агар аҳди вафо сахт бибанди, Фардо чу гиреҳ сангзанон канда кунандат. Ишқ аст, фақат оини мо ишқ бале ишқ, Аз ишқ мободо, ки бароянда кунандат. Имруз агарчанд надиданд бигу Меҳр Шояд назаре аз дари оянда кунандат.
Нури офтобро дидаи, меҳри модар ҳамин нур аст, асло хомӯш намешавад.
М.Шарқӣ
Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст, Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст. Хурӯсон ҳар саҳар гӯянд: ки “қум ё айюҳал ғофил” Ту аз масти намедонӣ, касе донад, ки ҳушёр аст. Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак, Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст. Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд, Ба гӯри танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст. Аё эй Шамси Табрезӣ, ту чун марди саҳархезӣ, Агар сад солбигрезӣ, ки охир марг даркор аст! ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ
Показать ещё