Предыдущая публикация
Подоши ҳама хубии ту ганда кунандат.
Як умр, ки аз айби касон, лаб накушуди,
Бе айб шавад вақт, ки шарманда кунандат.
Аз раҳм агар кардаи як бор худоӣ,
Ин бор ба бераҳмияшон банда кунандат.
Имрӯз агар аҳди вафо сахт бибанди,
Фардо чу гиреҳ сангзанон канда кунандат.
Ишқ аст, фақат оини мо ишқ бале ишқ,
Аз ишқ мободо, ки бароянда кунандат.
Имруз агарчанд надиданд бигу Меҳр
Шояд назаре аз дари оянда кунандат.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев