Бароятон рӯзи пур аз раҳмати Аллоҳ Таъоло таманно дорем.
Чун дар рӯзи саросар баракат қарор дорем ба шифодиҳандаи рӯзи Қиёмат, ба ҳабиби мардумон - Муҳаммади Мустафо Саллоллоҳу алайҳи васаллам дуруди зиёд бифиристем.
💎Салли ъало Муҳаммад сайидино Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад. Дараҷот бар Муҳаммад, ҳасанот бар Муҳаммад.
💎Аллоҳума салли ъало сайидино ва набийино Муҳаммадив ва Олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
💥💥💥💥💥💥💥💥💥💥
Қабр ва танҳоӣ!
Хоб будам, хоб дидам мурдаам,
Бе ниҳоят хаставу афсурдаам!
То миёни гӯр рафтам дил гирифт,
Қабркан санги лаҳадро гил ( лой) гирифт!
Рӯи ман харворҳо (хоки зиёд) аз хок буд,
Вой , қабри ман чӣ ваҳшатнок буд!
Болиши зери сарам аз санг буд,
Ғарқи зулмат, шуду гӯр танг буд!
Ҳар кӣ омад пеш, ҳарфе ронду рафт,
Сураи Алҳамде бароям хонду рафт!
Хаста будам ҳеҷ кас ёрам нашуд,
Зон миён як тан харидорам нашуд!
Не рафиқе, не шафиқе, не касе,
Тарс буду ваҳшату дилвопасе!
Нола мекардам, валекин беҷавоб,
Ташна будам, дар пайи як ҷуръа об!
Омаданд аз роҳ наздам ду малак,
Тира шуд дар пеши чашмонам фалак!
Як малак гуфто: бигӯ дини ту чист?
Дигари фарёд зад: рабби ту кист?
Гарчи пурсишҳо ба зоҳир содда буд,
Ларза бар андоми ман афтода буд!
Ҳар чӣ кардам саъй то гӯям ҷавоб,
Садди нутқам шуд ҳаросу изтироб!
Аз сукутам он ду гашта хашмгин,
Рафт боло гурзҳои оташин!
Қабри ман пур гашта буд, аз нору дуд,
Бори дигар бо ғазаб пурсиш намуд:
Ей гунаҳкори сияҳдил баста пар,
Номи арбобони худ як як бибар!
Гуиё лабҳо ба ҳам часпида буд,
Гӯш гуё номашон нашнида буд!
Номҳои хубашон аз ёд рафт,
Вой, саъю заҳматам бар бод рафт!
Чеҳраам аз шарм мешуд сурху зард,
Бори дигар бар сарам фарёд кард:
Дар миёни умри худ кун ҷустуҷӯ,
Корҳои неку зиштатро бигӯ!
Ҳар чӣ мекардам ба аъмолам нигоҳ,
Кулборам буд пур, аз гуноҳ!
Корҳои зишти ман бисёр буд,
Бар забон оварданаш душвор буд!
Чораи ҷуз лаб фурӯ бастан набуд,
Гурзи оташ бар сарам омад фуруд!
Ъумқи ҷонам аз ҳарорат об шуд,
Руҳам аз фарти алам бетоб шуд!
Чун малоик ноумед аз ман шуданд,
Ҳарфи охарро чунин бо ман заданд :
Умри худро эй ҷавон кардӣ табоҳ,
Номаи аъмоли ту бошад сиёҳ!
Мо ки маъмурони ҳаққ, доварем,
Пас туро сӯи ҷаҳаннам мебарем!
Дигар онҷо узрхоҳӣ дер буд,
Дасту поям баста дар занҷир буд!
Ноумед аз ҳар куҷову дил факор,
Мекашидандам ба хиффат сӯи нор!...(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 92
Боз омад баҳри мо Ҷумъанамоз.
Даст бардор ҷониби Рабби Азим
Рӯҳи марҳум бар дуо дорад ниёз.
Аё эй банда, имруз бар ту ид аст,
Намози ҷумъаву рузи саид аст.
Ба рузи ҷумъа ҳар кас ки дуо кард,
Зи боғистони ҷаннат мева чидаст.
Бехтаринҳои дунё ва охиратро
насиби дустонам бигардон
РУЗИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК