Салом хонандагони азиз.
Ман ба зане ошиқ шудам,ки аз худам шаш сол калон буд. Бисёрихо мегӯянд ингуна ишқ дар роҳи нафси асту бас. Вақте ман аз хизмати ҳарбӣ омадам модар бемор буд. Хеле афсурда будам инқадар вақт дар хизмат будам касе аз бемориашон ҳарф назада буданд. Вақте ба Душанбе бурдам эшонро дар Қараболо бистарӣ намудам. Ҳамон вақт ба фейсбук ворид шудаму ҳарфҳои Нигорро мехондам. Рузе ба саҳифаи шахсиаш паём навиштам ӯ ҳам ҷавоб дод бо ҳамин муҳаббати мо оғоз шуд.
Рузона дар савдо ба дӯстам, ки дар Корвон савдогар буд ёри медодам ва ҳаддал имкон пули хӯрок се вақтӣ модару худамро мебаровард ин шуғл. Дар ҳамин ҳолат бо Нигор бозам самимӣ шуда будам ва пурра аз зиндагиаш огоҳ шудам. Ӯ зане будааст бори зиндагӣ бар дӯш. Чаҳор фарзанд дорад ҳар чаҳор духтаран бо меҳнати омузгорӣ онҳоро мехуронаду мепӯшонад. Оилааш зани дуюм гирифта ва инро танҳо монда.
Мегуфт барои зан надоштани як бурда нон онқадар ранҷ нест аммо вақте касе дастгираш нест онқадар сахт аст. Ман дар ин зиндагӣ ҳамеша танҳо будам танҳо.
Баъди муолиҷаи модар, ки бист рӯз дар Душанбе будем ба хона омадем. Модар аз пештара хеле хуб буданд. Дар инсон вақтӣ муаммоҳо ҳаст мехоҳад ба касе гӯяд, ки воқеъан ҳам дарк карда тавонад.
Рӯзҳо чунин тез мегузашт ҳатто хабар набурдам чӣ гунае. Моҳи июн буд Нигор дар вақти рухсатӣ ба тамошои гушаи аз ватан рафт ва аз онҷо расм равон кард якум маротиба баъди ду моҳи шиносоӣ дидам. Ман ошиқи гуфтораш шуда будам акнун ҳусни зебояшро дидам хеле эҳсоси аҷиб доштам.
Танҳо бо телефони мобили ҳарф мезадем намедонам чӣ гуна бошад намедонам чаро гуфта наметонистам то суҳбатӣ дошта бошем сари як миз. Ӯ хеле ба ман эътимод дошт ман низ ба ӯ. Мо бовар надоштем инқадар бо ҳам самимӣ бошем. Ӯ ҳам шармгин буд ман ҳам.
Рӯзи ман барои ба кор қабул шудан ба донишгоҳ (номашроёдраснамешавем) ариза пешниҳод намудам. Онҳо маро ба кор қабул карданд. Руйхати баъзе ҳуҷҷатҳоро доданд то моҳи сентябр оғози таҳсил тайёр кунам.
Ман ин ҳодисаро ба Нигор гуфтам ӯ гуфт биёед бо ҳам поликлиника рафта аз духтур мегузарем. Ёдам ҳаст ва ҳеҷгоҳ ҳам аз ёд намеравад ҳабдаҳуми август буд. Ман поликлиника рафтам он саҳар ва ба нигор занг задам. Ӯ гуфт дар роҳ ҳаст. Хеле ҳассос будам он лаҳза дасту пойҳо ларза дошт. Бо ӯ чӣ мегуям чихел рафтор бояд кард ҳамингуна саволҳо. Баъд аз аз даҳ дақиқа ӯ омад ......
Давом дорад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 22
Фариштаи азоб ишқ
Ҳарфи ту намеши
Ин қалби сахоб ишқ