Аз хотирахо
Панду насихат
Ёд дорам, солхои пеш мардум хислате доштанд, ки барои бисёр корхои оилавиашон аз одамони боаклу босавод, хирадманду тачрибаи бои зиндаги дошта ба гуфте маслихатхо мегирифтанд ва баъд ба кор шуруъ мекарданд. Х,ар як кишлоку махалла пирон ё калонтарони худро дошта онхо саркори ин е он маърака мешуданд.
Барои ташкил кардани оилахои фарзандонашон, ба шавхар додан ва ё келин кардан хам аз чунин маслихатхою панду насихатхо истифода мебурданд. Ин амалхо натичаи хуб хам медоданд ва мардум аз он рози буданд.
Бо мурури замон охиста- охиста хамаи ин хислатхо аз байн рафтанду, хама доною хирадманд, босаводу " боакл" шуда, аз истифодаи чунин шахсон дури чустан гирифтанд ва риоя кардани он анъанахои бобоиро кухна шуморида бо гуфти баъзехо хама "современный"😅 шуданд. Ин мардуми "современный" аввал корро ичро мекунаду баьд маслихатпурси меравад ва хатто забони баъзехояшон пеш аз каллаашон кор карда, аввал гапро мезананд ва баьд ба фикр фуру мераванд. Окибатхои чунин амалхо хуб нест ва инро мо дар проблемахои чойдоштаи зиндагии имрузаи мову Шумо дида истодаем.
Боре дар як маьрака дидам, ки аз муйсафеде хостанд, хамчун калонтар барои осаколи ба хонае раванд. Ин муйсафед аз харду гуши худ дошта онхоро чунин кашид, ки агар пеши рохашро намегирифтем шояд онхоро меканд😅ва гуфт: " Дар хаётам дигар ба осаколии ягон кас намеравам".
Сабабашро шарх дод, ки замонахо дигар гаштанду одамон дигар. Хозир панду насихат куни дар бало мемони, ё бо умеди обод кардану хушбахт гардонидани ягон чавон оксаколи мерави пушаймон мешави.
Баъзе чавонон ба чои он, ки баьди хонадоршави аз паи зиндаги шаванд, бо сабабхои номаълум дар оилахояшон чангу чанчолхо ташкил карда, хонахои ободашонро вайрон месозанду, тамоми гуноху дашному хакоратро болои сари падару модари оксакол мерезанд. Ягон кас гунохи худро ба гардан гирифтани нест ва гирифтан хам намехоханд. Бигузор хар кас худаш донаду дави аспаш, ман ба касе кор надорам ва касе хам ба ман кордор нашавад.
Ба ман корбарони гурухи " Ёддоштхо ва Андешахо"- и фейсбукиам менависанд, ки Шодичон, барои чи пеш киссахои панду насихати менавиштию хозир не?
Бародарону хохарони азиз, ба маълумоти хамаатон мерасонам, ки навиштани панду насихатро бас кардам, дида истодаам, ки кам касон таваччух доранд ва инхо хам он шахсоне хастанд, ки аз ман дида боаклтаранду ниёз ба панду насихат надоранд. Фикр мекунам замона пеш рафтаасту мо кафо мондем аз он вале гуфтори " Одами як умр мухточи тарбия аст"- ро ман хеч гох фаромуш намекунам ва худро ба он мухточ медонам.Мархамат, бигузор дигарон гуянду мо гуш андозем, зеро гуши пандшунав дорем.
Замонае омадааст, ки чои панду насихатро дашному хакорат, тахкир, паст задан, худро доно тарошидан, ба иззати нафси дигарон расидан гирифтааст.
Худо нишон надихад, шахсеро пеши рохи хислатхои бадашро хотирасон намуда, ба вай рохи хуби инсониро талкин намои. Мантикан ин кор барои фоидаи он шахс буда, шояд оянда вай аз чандин балохо халос шавад вале чунин вокунишхо мешунавию, чунин тамгахоро борат мекунанд, ки аз мурдани худат дарак дорию аз онхо не, махсусан агар он шахс аз ягон минтакаи дигари Точикистон бошад. Вакте, ки сохибони ин посуххоро анализ карда мебарои, кариб хамааш мардуми як минтакаанд.Мутаассифона баьзе аз "доноён"-и охирзамон бошанд, ин падидахои номатлубро боз фарханги баланд номида, шахси насихатгарро бефархангу, бе ягон асос чизе дилашон хохад ном мебаранд, то ончое гунахгорад мешуморанд, ки гуё дар навистаат як нукта ё вергулеро партофтаи😅😅.
Бародарону хохарон аз ин доираи танги махалчигию якдигарбадбини дур шавед, мо дар асри 21 зиндаги дорему мардум дар кайхон хонаву дар сохтанианд. Мо хамаамон фарзандони халки точикем.
" Бофархангон" камтар чашматонро калонтар кушода, ходисаю вокеахои дар дунё гузашта истодаро тамошо кунед, агар кобилияти аналитики дошта бошед, мефахмед, ки яке аз сабабхои вокеахои Украина, ин миллатчиги кардани як минтакаи ин давлат( Бандерачихои Украинаи гарби) мебошанд, ки бо " ёрии" баьзе аз хочагони хоричиашон сари тамоми мардуми ин кишварро дар бало монданд. Фаромуш накунед, ки таърих исбот кардааст, ки окибати махалчигию миллатчиги ба фашизм бурда мерасонад ва аз он халос ёфтан кори осон нест.
Мо мардуми точик хам аз руи баьзе "бофархангон" кариб буд, ки давлату миллатамон нест шавад ва хайрият, ки мардуми бо нангу номус ва далеру часури Ватан бо рохбарии Чаноби Оли Эмомали Рахмон аз бахри чонашон гузашта ин давлату ин миллатро аз вартаи нобудшави нигох доштанд ва шахсан ман шохиди он рузхо буда, кихо бофархангу, кихо ватандустдору, кихо химоятгару, кихо миллатдустдори хакикии Ватан хастанд нагз медонам. Ин ба онхое хам дахл дорад, ки дина руз чор калима гапи ( гап, гап, гап)хушку холии ширинро ёд гирифта тарафи ман санги бефарханги мепартоянд таалук дорад. Шукронаи ана хамин одамон кардан даркор аст,ки имруз мо Точикон Ватани худро дорему тинчу оромона зиндаги дорем.
Боки хамаамон сихату саломат бошем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1