💐🌷🌹
👑 Подшоҳе вазирашро пурсид : Чаро хизматгорон аз ман хушҳолтар ҳастанд? Дар ҳоле ки онҳо чизе надоранду ва ман бошам тамоми чизро дораму аммо хушҳол нестам ❓
Вазир гуфт : Яке аз хизматгоронатро бо "Қоидаи-99" бисанҷ.
👑 Подшоҳ гуфт : Ин чигуна қоида ҳаст❓
Вазир гуфт: Дар дохили ягон зарф 99-динор бигузор ва дар болои зарф 100-динор навишта карда онро шаб дар назди дари хонаи хизматгор бигузор ва бингар ки чи рух медиҳад .
👑 Подшоҳ ин гуфтаи вазирашро иҷро намуд. Ва чун шаб шуд зарфи динорро бурда дар назди дари хонаи хизматгор гузошта дарро куфту худ бирафт. Дар ин ҳолат хизматгор дарро боз карду ба ғайр аз зарф чизеро надид. Бечора хизматгор навистаҷоти болои зарфро хонда бисёр хушҳол шуд ва бо худ гуфт ин ки бошад ки 100-динор гузошта рафтааст. Ва зуд аз пайи шуморидани динорҳо бишуд ва дид ки 99-динор як динор кам ҳаст. Худ бисёр кофтуков карду як динорро пайдо накард. Баъд аз муддате зану фарзандашро ҳам фарёд намуду мутаассифона кофтуковашон натиҷае надод.
👨🍳 Хизматгор бениҳоят ғамгин шуду ханда аз даҳонаш дур шуд ва чун саҳар шуд бо як ҳолати хастагӣ ва ғамгин ба хизмати подшоҳ рафт .
👑 Подшоҳ чун ҳолати хизматгорашро дид зуд маънои "Қоидаи-99"-ро дарк намуд.
💎 Дар воқеъ чунин аст : Гоҳо мешавад ки 99-неъмате ки худованд бароямон бахшидааст фаромуш мекунему ҳаётамонро аз пайи ҷустуҷуи як неъмат мегузаронем.
💎 Ба ҷойи шукри 99-неъмат намудан аз набудани як неъмат ношукрӣ мекунем.
💎 Он неъмате ки худованд бароямон тақдир накардааст ва ҳикмати насибамон накардани ин неъматро танҳо худованд медонад.
💎 Худованд мефармояд :Агар шукргузорӣ бикунед, ҳаройина ман неъматҳоямро бароятон зиёда мегардонам . (Сураи Иброҳим ояти-7)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2