Марусяро дидӣ, Маҳинаро фаромӯш накун!
Дугонаи наздике дорам, ки шавҳараш дар кишвари рус зани рус гирифтааст.
Бечора дугонаам билет харида, ба ҷустуҷӯи мардакаш рафта, бо зани руси шавҳараш даст ба гиребон шуда, хуб рӯйканиву мӯйканӣ мекунад, ки чаро шӯйи маро гирифтӣ.
Он хонуми малламӯй ҳам паст наомада гуфтааст, ки ба умед нашав, шавҳарат мазаи оғӯши гарму ширини маро чашид, дигар худатро кушӣ ҳам, ба назди ту барнамегардад. Маҳина аз ин суханони палонҷаш сахт ба ғазаб омада, чунон Марусяи шавҳардуздро задааст, ки агар ҳамсояҳояш ба ёрӣ намеомадаанд, яқин дар зери мушту лагади дугонаи ман мемурдааст.
Вақте Маҳина ба Тоҷикистон баргашта, ин ҳодисаро ба ман нақл кард, ҳуш аз сарам парид, ки чӣ тавр дугонаам ҷуръат карда дар ватани худаш он зани русро лату кӯб намудааст, охир милисаҳо фаҳманд, шояд ӯро чанд сол зиндон мекарданд. Маҳинаро хеле дилбардорӣ намуда, ба хонаам баргаштам, вале бечора то ҳол ба худ наомада истодааст.
Ба хотири шавҳараш аз ким-киҳо пул қарз гирифта ба Русия рафт, вале кораш омад накард. Ба ҷойи ҳамроҳи шавҳараш хушу хурсандона ба хона баргаштан зандории шӯяшро шунида, баръакс девонатар шуда омад. Шавҳари беинсоф ақаллан як бор занг зада аҳволпурсӣ намекунад. Ман ҳайронам, магар оғӯши занҳои рус дар ҳақиқат шакарак дорад, ки мардҳои мо дигар ёди зану фарзандонашон намекунанд? Охир, инсоф доред, Марусяро дидед, Маҳинаро фаромӯш мекунед?
Мунзифа, аз н. Шаҳринав.
Бознашр аз Оила
Комментарии 26
Шавҳарат оғуши гарми ширини маро чашид.......
Яъне зани рус чизеро медонист ки ин суханонро ба Маҳина гуфт: дар ҳақиқат на ҳама занҳо аммо бархеҳояшон рафторҳойи ноадолатона доранд......
Интихоби зани дувум аз хушбахти нест балки аз ҳамон рафторҳойи дурушти зан мебошад тасавур бикунед агар мард зани солеҳа ва меҳрубон дошта бошад баройи у дигарон аҳмияте надорад........
Яъне и фикри шахсийи маай гап бисорай вале шояд кифоя боша амиқаш.......
Лекин на ҳама мард буда метавонад...
Деҳқона агар як дарахтьш мева надод ҳама дарахтора намебьра ё дига дарахто гнахкор нестан ки як дарахт мева надод ......
Саломат бошед.