Салом ба ҳама хонандагони гуруҳ .Ман ҳам яке аз хонандагони хамешаги гурухам, ҳар қисаҳои шуморо мехонам ва ҳар руз қисаи навро интизор мешам баъд бегоҳ баъди ифтор дар хонагиҳо нақл мекунам онҳо бо диқкат гуш мекунанду ҳаловат мебаранд.
Ман маъюби гуруҳи якумам аз се солагиам афтидам як поям шикаст бо ҳамин маъюб шуда мондам. Дар наврасиам дадаму очам маро ба хориҷа равон карданд, онҳо ҳардуи поямро ҷароҳи карданд, ки поям якташ маъюб буд аз инаш дар инаш устагонашро пайваст карданд, баъди дуюним сол баргаштам. Дадаму очам барои равон карданашон пушаймон шуданд, афсус хурданд. Гуфтам очаҷон ин ҳамаш насибаст. Хулоса зиндаги идома дошт баъди омаданам кушиш мекардам хамрохи очам кори хонаро кунам, очам мегуфт накун кай боз ,ки соз шуди роҳ гардон шуди бад мекуни гуфтам очаҷон роҳ ҳам нагардам бо дастонам озод мегардам кори хонаро ҳам ҳамин хел мекунам .Аз тақдир ҷои гурез нест ,очам дигар кор дорам нашуд, аввал хона руфтанро аз хона сар кардам 12сола будам баъд салат кардам баъд ҷома шуйи кардам баъд як руз ҳама хоб будан тақрибан соат 4 бегоҳи барои хуроки шом ош кардам камтар ранги ялама омад зиқ шудам тарсидам ки очам чангам мекунад .Хотираи кудаки ҳеҷгоҳ фаромуш намешавад соати 6 буд ки очам барои бегоҳ таом пази омад ногахон манро дид .Чи кор карда истодаи ба сари хам гуфтам хурок пухтам барои бегоҳ гуфт кани як тараф ист бинам чи пухти як тарсе дар дилам даромад, ки гуфтам ана мурдам кошке намекардаме остаҳак ба таги чашмам очама нигоҳ кунам ,бинам очам чеҳрааш хандон гуфт бамаза камтар ранги ялама карди бори дуюм ёд мегири хурсанд шудам.
Дадам аз кор омад очам аз дадам шодиёна гирифт бо чехраи хандон духтарам ош кардаст :Дадам хурсанд шуд.Кушиш мекардам ягом кори хона намонад мабодо очам кунад худам мекардам ,қадам ба 17мондам дар дилам шавқи тоқи аруси духтан буд ман на устод доштам на пеши ягон кас мерафтам Фасли баҳор буд очам бароям куртаи атлас ва тоқи харид наврузи ҷои маъюбон рафтам дидам ,ки ҳама гул духтарон тоқи доран шавқам зиёд шуд аз пеши худам духтам якум бора не дуюбораш ёд гирифтам пешниҳод мекарданд. АЗ ҳамсояҳо сар карда то хешу таборам худам духтам тоқиҳои арусияшонро ҳаракат мекардам, ки муштариён аз ман рози бошан баъзеашонро аз ба дилшон духтанам хурсанд мешудан ҳақи хизматамро зиёдати медодан.... Хулоса зиндаги идома дошт..... Додарам дар синфи чорум мехонд. Мактаб рафт кадом талабае аз зинахои дахлез (леснитса ) телаш метияд меафтад .Додарам ҳам маъюб мешавад .Додари дуюмам ҳам дар 7солагиш меафтад маъюб мешавад .Вахте ки модару падарам барои санҷиши ба беморхона мераван духтурон мегуян ки Шумо зану шавҳар хешу табор ҳастед барои ҳамин бояд ҷудо шавед. модару падарам рози намешавад. Бисёр одамон фикр мекунан, ки падар арақ нуш ё аз тарафи очам гуноҳ гузашта бошад барои ҳамин фарзандонашон маъюб шудаст. Лекин инхо дуруги маҳзан аз мо бандаҳо низ Пайғамбархо бисёр азобу дард дидаанд, ҳар як гаму дарде ки аз ҷониби Аллоҳ меояд ин ҳам як ҳукме як мукофоте дорад ,ки мо намедонем ҳамаашро Аллоҳ медонад очам ҳомила будан духтарча ба дунё оварданд. Хохарамро худам нигоҳ мекардам кушиш мекардам ки ягом ҷой афтида намонад вахте 7сола шуд. Бояд мактаб мерафт шароит надоштем ,барои мактаб рафтанаш худам як сол дарсаш додам дар 8солагияш мактаб рафт сардори синф шуд.
Дар сини 17 -18 солагиям хостгор пайдо шуд аз уҳдаи кори хона ки ба хуби мебаромадам маъюбиямро нигоҳ намекарданд Бо як духтари холам чизе мешуд аз ҳамдигар паноҳ намекардем ,як руз гуфтам апаҷон барои чи мани маъюбро шахсони солим хостгор меояд :гуфт аз хусну чамол камие надори барои ҳамин, лекин лоиқи худта гир ,ҳамдигар фаҳмикунед, Нихоят шахсе хосториям омад дафъаи сеюм очаму дадам рози шуданд гуфтанд, ки духтарамон 20 21 сола шавад баьд туй мекунем аз ду тараф рози шуданд. Соли 2005 буд, Ҷаноби Оли бароямон ду хонага якум этаж хона додан тарафи 7кламетрда .Дадам гуфт хона барои ояндаи духтарам меистад ,фарзандор шуд дар хонаи худаш ба ҳазур зиндаги кунад, ҳозир бисёр занхои солим ба фарзандонашон чудо шуда истодаанд, мабода чизе шавад .....
Дар сини 21будам ,ки ҷавони солим пайдо хостгорам шуд. Ошиқаш шудам лекин ба Ҳеҷ кас намегуфтам .Медонистам оянда надорам ,лоиқам нест ,бар зами ин Дадам ба касали ҳаромағзи гардан гирифтор шудан , хоб будан чи хеле мекунад , ки гарданша маъюб мекунад аҳмият наметияд мегузарад гуфта ҳамин хел меафтад ба ҷога мешавад.
Кушиш мекардам ки Ҳеҷ кас пай набарад ки ман вайя
Чавонро ошиқам. Рузе ҷавон пеши очаму дадам меояд ,зора мекунад гиря мекунад ки ман духтари шуморо ошиқ шудам ман ҳам ятимам ҳеҷ кас надорам дили очаму дадам гуфтан охир ина мо дар ҳамтақдири худаш метийем ин дар фотиҳа ҳаст вай ҳам маъюбан. Чавон бо зора гуфт вай модару падар дорад .Ман ки дорам агар духтаратонро ба ман фотиха накунед худамро ба ягон балое гирифтор мекунам дили очаму дадам сухт рози шудан. Баъди ним сол дадам аз дунё гузашт .Баъди мурдани падар ба маъюбиямро ҳис кардам рузи марги дадам аз ҳама рузи батарину сахтаринам буд. Вакте дадаамро оварданд, манаҳи бастагияшро руйи муборакашро дидам дилам гум мезад ,дилам меларзид .Аз ҳуш рафтам мисли девонаҳо зора мекардам дадаҷон як бори дигар чашмонатро кушо як бори дигар хез ақалан як борак..... Вахте беҳуш мешудам Худоро зора мекардам, ки ҳамаш дар хоб бошад боз об мепошидан дар руйям ба худ миёмадам дадаҷон гуфта дод мезадам.. хайёл мекардам қиёмат шуд дар назарам замин фуруд рафт, деворо чапа шуданд падарамро ба манзилаш бурдем .Вакте тобуташро бардоштан ба ҳар ду дастонам қапидам сар наметиям фикр кардам дадам зинда ҳаст гирён гуфтам: Не набарен дар зери замин хунук мехурад танхо аст , набарен дадаамро танхо намоненаш хунукаст таги замин.......
Оҳ падар азизи беҳад азизи падарам дар манзилаш мондем омадем .Дигар зиндагиям ба марг баробар буд дигар орзую ҳавас надоштам .Рузи чили падарам ҷавон омад очам гуфт солашро гирем бад туй мекунем ,ҷавон боз зора кард, ки дери бадаст баъди се моҳ никоҳ кунем кори хайраст савобаст очам мебинам гуфт . Хамин хел ҳам шуд очаму домод рафтан бароям куртаи аруси харид куни занг задан чи намуд гирем пурсиданд аз ман ,дадам ки нав гузаштаги буд ҳамаи орзуям ба хок яксон шуд :Гуфтам намедонам очаҷон худтон медонен намедонам чихели гирифтан чи гирифтан ба дили нохоҳам пӯшидам .Рузи никоҳ очаи бечорам ҳам хурсанд буд. Барои маро ба шавҳар доданаш ҳам зиқ буд барои дадам набудан, гоҳ гиря мекард гоҳ хурсанди вахте таги чодар даромадам шаҳ ҳам даромад. Гапи аввалаш ин хайрият ба орзуям расидам гуфт, дастамро оғуш кард :Гуфт медони чи ,арус ту бароям бенихояд писанд шуди бисёртар чашмонат нигоҳат барои ҳамин саросема Туро ба зани гирифтам , ки каси дигар ин зебоги туро соҳиб нашавад .Агар бароям писар ба дунё ори болои сарам мегардонамат .
Хулоса зиндаги кардем баъди 6моҳи зиндагиямон дилам ба зиндаги гарм шуд ҳаракат мекардам аз як сухани шавҳарам берун набошам .Шавҳарам дар кор буд то омаданаш кори хонаро мекардам занг мезадам чи пазам чизе мехост таёр мекардам. Шавҳарам аз ман рози буд, зиндагиям ширин буд аз байн ду сол гузашт.
Фарзандор нашудем баъд шиносхои Шавҳарам гуфтан ҷудо шавен. Ту ранги худат зангир ,занат ранги худаш шавҳар кунад . Шавҳарам гуфт ,не занам аз зани солими шумо дида сад бор беҳу боло аст кадом вакте хона равам авқотам таёр ,ҷогам партофтаги таёр ,аз гапам берун нест дилам намешавад ҷудо шавам .Як фарзанд намерасад .Шавҳарам рафт ятимхона барои гудак гуфтан, занат маъюбаст намедихем гуфтан. Баъди ин гап шавҳарам расия рафт. Се моҳ истод омад боз духтур рафтем, гуфтан :мешавад бояд ,то ин вакт фарзанд мешуд . Дилам ба шавҳарам сухт гуфтам хайр биё ҷудо мешавем. Ту ранги худат гир ман ранги худам шавҳарам гиря мекард дам назад ба маслиҳати ҳамдигар ҷудо шудем.
Соли 2014 буд.
ҳозир ман 29 солигиро пур кардаистодаам додари калониям оиладор соҳиби ду духтарча занаш маъюби гурӯҳи сеюм додари майдаким ҳануз оиладор нестанд .Хохарам шукри Аллоҳ созаст мактаби миёна мехонад
Дар ёдатон бошад хонандагони гурух дар бораи ман қиса нависта буданд. . Як духтар вай ҳам хонандаи Шумо буд дар ҳамин гуруҳ азо буд. Кисса навист гуйёки маро шавҳарам азоб медод дуруги маҳз аст Аллоҳ шоҳид аст на ҳақоратша фаҳмидам на дидам ки ба сарам даст бардошта бошад инаст қиссаи ҳақиқи ман ...
Хозир ман 29- согагиро пур карда истодаам орзу дорам .Як нуқта ҷои кор дошта бошам барои савдо кардан ё бо ягон чевар ҳамкори кунам ҳамешаги куртаҳояшро вай гирад тоқияшро ман омода кунам .Чунки бисёр мехохам як кайласкае ки ба зарияд ҳаст худаш, меравад ба нархи 1000долар меистад дошта бошам. Очам бароям каса кушод гуфт дар апаи Шаҳлоят гуй дар гурупа партояд навис ки се маъюбем ба чени тавоноишон кумак кунанд, номусам набардошт гуфтам очаҷон одамони маъюб бисёраст ҳамаи вайхо кумак мехоханд, тонан вай шахсон да кумак кунанд.
Бо салом Н.
Дар тахияи бачаи гамдида
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 23
пеш як поятон кор мекард бади хориҷа рафтан хардушам аз кор монд аннн?
иншаалох да зиндагӣ роҳи хдтона миёвен и хушбахт мешен