БОВАР КУНЕД, ХУРДУ КАЛОН
Рафтам ба бозори ҷаҳон,
Дидам корҳои замон,
Меҳр ҷустам андак аз он,
Бовар кунед, хурду калон!
Нархи меҳр гарон шудааст,
Виҷдон лек арзон шудааст,
Фурӯхтанаш осон шудааст,
Бовар кунед, хурду калон!
Ба ту гӯям, магӯ газоф,
Дар растаҳо нест инсоф,
Бурданд онро кӯҳи Қоф,
Бовар кунед, хурду калон!
Рибохӯрӣ бино шудаст,
Инсоф тухми Анқо шудаст,
Харидораш фано шудаст,
Бовар кунед, хурду калон!
Аз ҳама чизҳо дар бозор,
Ниқоби дӯстӣ шуд бисёр,
Ҳама кас ба он харидор,
Бовар кунед, хурду калон!
Бозичае, ки номаш Ишқ,
Овозааш то бар Димишқ,
Ҳар ки хоҳад харад аз он
Бовар кунед, хурду калон!
Муҳаббат аст ин ё шаҳват,
Дар ҳар як кӯчаю хилват,
Марду занро бошад сӯҳбат,
Бовар
Комментарии 4