Мо дар солхои пеш дар дехаи азизам Тангаи, замини калони марминчону кулфинай доштем. Модарам аз онхо хеле зиёд мураббо ва компот тайёр мекард. Як руз як бонкача мурабборо гирифта ба шахр омадам ва ба нею нестони муаллими азизам шодравон Асадулло Саьдуллоев нигох накарда ба у чун савготи ин бонкачаи мурабборо мачбури савготи гуен монда рафтам. Хар гох ки хостгори бахои 5 шавам, рахмати муаллим шухиомез мегуфтанд, ки Начмиддинова мурда мурда хон, хайрият он бонкаи мураббо хурдакак будааст. Равонаш шод бод устоди азизу гиромиро.
Шахлои Начмиддин 🌹
АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ.УСТОДИ АЗИЗ РАВОНАШОН ШОД БОД
Муаллим ва журналисти тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Асадулло Саъдуллоев инсоне буданд беозор,рохнамо,дардошно.
Шодравон Асадулло Саъдуллоев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) буда, солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳое чун «Маориф ва маданият» («Адабиёт ва санъат»), «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор») ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дошт.
Шодравон Асадулло Саъдуллоев муаллифи 31 монография, 160 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи журналистика мебошад.
РАВОНАШОН шод бод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2