25.04.2016 аз ин санаи ҷонгудоз 8 сол сипарӣ гашт. 8 сол пеш ин рӯз бароям рӯзи маҳшар буд. Рӯзе, ки ҳама буду набудамро, ҳастии ҳаётамро, маънии зиндагиамро бо худ бурда буд... Марг ҳаётбахшам, пуштибонам, ганҷи ноёбам, очаи азизу меҳрубонамро аз ман гирифт. Айни шукуфоии ҳаёт, риштаи умри очаҷонам канда шуд. Пас аз 8 сол ҳар сол баҳор бо ҳашамату сарсабзӣ боз меояд, аммо очаи муштипари ман, фариштаи заминии манро бо худ намеорад. Ҷаҳон аз нав сабз шуду, ниҳоли умри очаҷони ман дигар насабзид. Чӣ қадарҳо гиристаму сухтам чун ҳезуми тар, аммо бо гузашти солҳо дардам зиёдтар шуду кам не. Оҳ очаи семоҳа дар дард сухтаам. Се моҳ касалбониат кардем, аммо ба дардат давое ёфт нашуд. Кош то ҳоло касали болои ҷогаҳат мешудиву то кунун касалбониат мекардам. Кош болои ҷогаҳ ҳатто ноҷунбон мебудиву дар бари мо меистодӣ. Ба қалбамон қуввату, ба танамон тавоноӣ мебахшидӣ. Очаҷон ҳар лаҳзаи умрам бо дарди бе туӣ паси сар мешавад. Ҳар лаҳза ёдат маро садпора месозад, аммо давое ҷуз сабр ва дуо бар худам чизе таскинбахш намеёбам. Очаҷони зеби маъракаҳоям , ҳеҷ натавонистам миёни фарзандони падарам ҷоят бигирам . Ҳарчанд ҷойи модарро касе гирифта наметавонад. Гуфта будӣ духтари калонам ҳастӣ , фарзандони падаратро сарҷамъ нигаҳ дор. То тавонистам онҳоро сарҷамъ кардам . Аз холи ҳамдигар бохабарем, аммо меҳр ва хабаргириҳои ту дигаранд. Очаҷон , дирӯз шабона хоҳарам духтарчадор шуд. Беморхона рафтам, аммо ҳоло мумкин нест гуфтанду, ҳамагӣ омадем хонаҳоямон. Субҳ ба суқи кор рафтаму гуфтам нисфирӯзи хабараш мегирам. Андармони корам будам, ки хоҳарам боз занг заду гуфт, апаҷон маро ҷавоб додаанд, хонагиҳо омада маро ба хонаам мебаранд. Хуб манам ҳозир меоям гуфтаму бо ҳамин телефонамро куштам. Фурсат наёфтам, то аз беморхона хоҳарамро ба хонааш гусел кунам. Ба хона омадаму бароят зор зор гиристам оча. Гиристам барои хоҳарам, ки шояд ӯ ҳам фикр мекард, агар очаам мебуд, ҳози барои гуселам меомад ва шояд то хонаам мерафт... Очаҷон охир ман шумо буда наметавонам. Хоҳараки гулам маро бубахш, ки дар рӯзи хурсандиат бари ту буда натавонистам.
Оча дигарай,
Оча ҷону ҷигарай 😭😭😭😭😭Очаҷон хеле пазмогат шудам. Кош ин лаҳзаҳо бо мо мебудиву аз буданат меболидему шодӣ мекардем. Очаҷони фариштаам дигар чизе наметавонам нависам ашкам шашқатор мерезад барои набуданҳои ту. Фақат аз Худованд мехоҳам, то макони охирататон обод ва биҳишти ҷовидон насибатон гардида бошад, омин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10
Фандуш накунен сӯзиши Модар дигарай.