Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ
Азизе мегӯяд духтари ҳамсояамон ба шавҳар баромад. Баъд аз чанд моҳи ҳаёти мустақил ҷангу даъвои зиёд духтарро оварда дар хонаи падараш монданд. Саҳеҳ домод ҷавоби духтарро ба роҳи талоқ дод(Худо ин рӯзро барои марди духтардоре наорад). Сабаби ҷавоб гирифтани духтар аз домод тамоман беҳунар будани духтар будааст. Чаро ҷавону хуштоман ба ҷои ҷавоб додани келин ба ӯ ҳунар наомӯхтанд ман намедонам. Шояд ҳикмате дорад ё қазо чунин рафтааст.
Ҳозир он духтар дар яке аз дӯконҳои дӯзандагии бозори марказӣ ба ибораи мардуми мо дӯзандаи пеши пеш аст, ва бо нархи баланд либос медӯзад. Ва чунон мизоҷ(клиент) -и бисёре дорад, ки навбат мепоӣ рӯзҳо.
Модарони азиз, аввал дуо мекунам, ки гулдухатарони шумо соҳиби бахт шаванду то охири умр бо ишқу муҳаббат бо шавҳару фарзандони худ зиндагӣ кунанд, лекин қабл аз ин, ки ба хонаи бахт гусел мекунед гулдухатарони азизи худро ба онон ҳунару касб омӯзед. Одитарин ҳунарҳое, ки ҳамарӯза дар ҳаёти мо ба кор меяд ба онон омӯзед,то таънаи домоду модараш ва шарму бадномии ҳамсоягон намонед.
Худо бахту саодат диҳад ҷигарбандони шуморо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Сарвари давлат зимни ҳар як суханронии худ аз волидон хоҳиш мекунанд ки барои ояндаи хуб сохтани мо тарбияи хуби ҷавононро ба роҳ монед .
Як духтару занҳои ҳунарманда дидем ки бебахт шудан,боз як беҳунароя мебини хушбахтанд.
Ин ҳама тақдири навиштай Аллоҳ .
Худо дар ҳар як мусибатш чи хайрҳои бузурге дорад.Дар тақдират ҳарчизе бошад нодида илоҷ нест.Худованд ҳама навхонадоронро хушбахт гардонад.
На ҳунар , на касбу вазифа на моли дунёи пеши роҳи хушбахтиву бадбахтии моро гирифта наметавонад.
Фақат Аллоҳ доност.
Аз субҳи содиқ то намози шом дар таги телевизор шишта кинои турки тамошо накунанд дар қади куча лақ лақи беҳуда накунанд ҳунар омузанд дар хонаи падар ана баъд вақте ки шуй кардан таъна шунавӣ хонаи шавҳар нашаванд ......