Ман 1мох кам 20сол доштам ки ба шавхар баромадам ва ман духтари дехот будам.Вакте хушдоманам ба хонаамон хостгори омадан очам ягон айби маро пинхон накара ба хуштоманам гуфтиян ки кадом кора метонам ва кадомаша не "ба фикри ман очам бисёр кори хуб кардан" ончо хуштоманам ба очам гуфтиян ки ман хама кора худам ёдаш метиям факат гапгардон набошад духтар шуд.Хуллас туям шуд аз рузи авал кушиш карам хуштоманама ранги очам хурмат кунам ва хаминхел зиндагима ширин кунам. Шавхари ман якаписаранд. Баъзехо хавас мекаран мегуфтан ки чихел зур оилаи хурдакак ва баъзехо баръакс мегуфтанд хуштоманхое ки як бача доранд ганда мешаванд бачашона ба келин рак мекунанд. Лекин ман кушиш мекарам бо акли худам ва ба насихати очам зиндагима ширин кунам.Хуштоманам занаки хуб ва мефахмиданист . Дар хама холат моро дастгири мекунанд. Ман дар рубу чини хона хуб будам вале хурок мепухтаму он кадар аз сиру асрори ошхона хабар надоштам лекин хуштоманам хама намуд хурока пухтанша ба ман ёд додан мана хамчун духтарашон дуст медоштан кучое мерафтан мана мебурдан ин келинам гуфта ман бошам аз доштани чунин хуштомани хуб курта курта гушт мегирифтам чояш мешуд ки ягон кора нотугри кунам чангам мекаран хаминхел сахт мерасид чанги кардагишон😊лекин кушиш мекарам ки худама дорам худам ба худам мегуфтам "агар очаи худат мешуд чунон хакоратат мекард ки ...". Вахте дучон шудам ба магозаи пеши хона мебурд чи мехохи гир мегуфт,як руз магозачи ба шавк пурсид духтаратон? Хуштоманам не келинам лекин инам духтарам. Бовар мекунед он кадар хурсанд шудам ки ба ногуфтани.Фарзандор шудам бояд дарс мерафтам ман донишчу будам хуштоманам мегуфтан рав ман наверама худам нигох мекунам ман дарс рафта меомадам. Хуштоманам чизеки мегуфтан гапашона ду намекарам. Дар хаёти мо низ бадхохон кам набудан мана алов мемондан ё ки хуштоманама ягончи мегуфтан лекин мо бо акли худамон кор мекарем. Дар пеши худам як хамсоя руирост мегуфт ки келин духтар шуда наметонад хуни бегона дорад. Мана очам насихат мекунан бисёр вахт ки бачам ту хам додар дори додари ту хам як бача аст агар хохи ки мана пага келинам хурмат кунад ту хам хуштоманта хурмат кун. Ман ба насихати очам гуш медодаму бас.
Ман донишгоха хатм карам,шавхрам дар Россия будан хуштоманам гуфтан ки донишгохата хатм карди акнун рав пеши шавхарат мардак ки бе зан монд бисёр коро мекуд... Хаминхел ман омадам пеши шавхарам ва айни хол дар Красногорск зиндаги дорем.
Ман бо ин кисаам гуфтани хастам ки духтархо биёед ба модарони шавхархомон мехр дихем онхоро хурмат кунем онхо хам одаманд каме мехру хурмат ки диданд дилашон об мешавад ва бароямон дуохои нек мекунанд. Ба хуштоманхои азиз гуфтаниям ки духтари касеро ба хонаатон ки овардед кушиш кунед дусташ доред хайр агарки дусташ надоштед акалан хотри зиндагии ширини фарзандатон хурмати якдигарро кунед чун вахте писар мебинад ки дар байни модару занаш якдигарфахми хаст бовар кунед ин барои мард як хушбахтист. Хеч вахт марди бечораро байни ду оташ нагузоред.
Ман бовари дорам агар дар байни келину хуштоман якдигарфахми бошад он оиларо касе ноором карда наметавонад ба шарте ки мард хам ба оила ва наздиконаш содик бошад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5