ДАРВЕШИ САРГАРДОН
Мегӯянд кобӣ- меёбӣ…
Кофтаму кофтаму кофтам…
Кафш хӯрда, асо сӯзон…ашк резон…
Билохир…Ёфтам! Паррандаи хонагие…Паррандаи зебое.. Аҷаб хушрӯ бо парҳои кушодаи калони худ дар руи ҳавлӣ ҷилва мезад…Оне, ки хаёлан дар пеши назар пайдо карда будам, имрӯз дар ҳастӣ мебинам…
Аммо..
ба ёфтан ёфтаму хостам ба ӯ наздик шавам, ӯ пар кушоду пар заду париду рафт…
Ман ӯро натӯрондам, балки варо бо худ бурданд ..
Нафаҳмидам, ки Ёфтамгӯӣ… Хостамгӯӣ - ин афсонаест…
Нафаҳмидам, ки ишқ ба хонаҳо тақсим шудааст.
Ҳар кас хонаи ишқи худ интихоб кардаро ба таври хеш гарм мекардааст.
Касе бо пул…
Касе бо ҳезум…
Касе бо ваъдаҳои пуч…
Занги телефон…Алло ҷон!
Ҳатто касе бо уран…
Кӣ кадом маҳоратро истифода мебарад.
Имрӯз инҳо даркоранд.
Имрӯз инҳо зарбдоранд.!
Ҳоҷат ба сӯзон кардани асо набудааст.
Хӯрда кардани кафш афсона будааст.
Аз гиря нури чашм паст кардан фасона будааст.
Касе, ки пул доштааст, бе гуфтани сухани хуб ҳам инсони хуб будааст.
Ваъдаҳои дурӯғ низ яхи ишқро об мекардааст.
Ба ошиқон уран зарар надоштааст…
Зиндагӣ давом дорад…
Боз мондам танҳо мани дарвеши саргардон …
Боз дар дашт бо асои сӯзон- ҳайрон…
Баҳромбек
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3