Туйи домодӣ ин фарҳангӣ чанд ҳазорсолаи тоҷикон аст. Фарҳанги туй бошад ин ош додани ҳақу ҳамсоя ва ҳамдеҳагон аст. Умуман мардуми тоҷик ҳамсояи наздикро аз хеши дур ҳамеша боло медонад чунки дар ғаму шодӣ ҳамеша дар паҳлуи ҳаманд.Дар туй ҳамсояҳо аз туйдор дида зиёдтар ташвиш доранд,говкушӣ,ҳезумшиканӣ,сабзирезакунӣ,кулчаю чапотипазӣ, самовормонию чойдамкунӣ, хушомадгуию ошкашонӣ, дастшуӣ ҳамеша вазифаи ҳамсояҳо аст. Бисёр вақт аз сабаби кам будани ҳуҷраҳо туй дар хонаи ҳамсояҳо гузаронида мешавад. Гоҳо баъди туйи ҳамсоя ба хона омада мепурси ки ягон чизи хурданӣ доред? агар бошад биёред ки гуруснаам, ҷавоб медиҳанд, ки чихел гуруснаи аз саҳар то бегоҳ дар туй буди,мегуи ,ки вақт наёфтам,ки як дам шишта чизе хурам. Одамизод дар умраш як бор зан мегирад.Мехоҳад ин рузи хурсандиро ҳамроҳи дустон, хешовандон ва ҳамсояҳо ҷашн гирад. Дар ин руз ба ҳисоби миёна аз авал то охир аз5то 10ҳазор долар масраф мекунад. Ҳамаашро барои худаш мекунад, танҳо деги ош барои меҳмонон аст.Барои як дег ош 300долар сарф мешавад. Аммо дирӯз дар парлумон қароре қабул карда шуд, ки туй бидуни ош додан ба ҳамсояҳо гузаронида шавад. Бо як қарор фарҳанги туйи тоҷикиро аз байн бурданд. Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунем, ки ҳамин масаларо аз сари нав дида бароянд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5