Хок гар зар мешавад, андар кафи Модар шавад,
Қатра гавҳар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Аз сафояш қалбҳоро мерасад набзи ҳаёт,
Дил тавонгар мешавад, андар кафи Модар шавад. Метаровад аз каломаш накҳати гулбоғи умр,
Гул муаттар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Қатраи шираш сароби чашмаи ҳастии мост,
Зиндагӣ сар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Шаҳд бахшида майи маъно ба коми ташналаб,
Зеби соғар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Чун чароғи нурбору раҳнамои зиндагӣ,
Шўъла ахтар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Кўдаки бе дасту по дар чорсўи зиндагӣ,
Гар Паямбар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Ормони хушки мо шохи дарахти орзу,
Меваи тар мешавад, андар кафи Модар шавад.
Мисраи Дардошное ҳамнавои аллааш,
Шеъру дафтар мешавад, андар кафи Модар шавад,
"Дардрезаҳои Дардошно"
Мархамад дустон ба гурухи Модар》 m.ok.ru/group/52152816959564
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10