Ҳазрати Умар (р) шахсияте аст, ки
имрӯз ҳамаи мусалмонон бар номи
муқаддасаш ифтихор мекунанд. Ӯ
касе аст, ки ба хотири ҷӯшу хурӯши
имониаш пас аз гузашти чаҳордаҳ
аср ҳанӯз дилҳои кофирон
меларзад.
Вай пеш аз мусалмон шуданаш дар
муқобила бо муслимин ва озор
расонии онҳо низ мумтоз буд, то
ҷое, ки дар пайи кӯштани
Расулуллоҳ (с) буд.
Рӯзе кофирон ҷаласае барои
машварат ташкил доданд, дар он
ҷаласа гуфтанд: – Оё касе дар байни
шумо ҳаст, ки Муҳаммад (с)-ро ба
қатл расонад?
Умар гуфт: «Ман ӯро мекӯшам»,
кофирон гуфтанд: «Бе шак ту
метавонӣ ин корро бикунӣ.»
Умар шамшерашро бардошта бо
ҳамин мақсад ба роҳ равона шуд.
Дар роҳ бо шахсе аз қабилаи зуҳра
ба номи Саъд бини Абивақос (р)
бархурд кард ва ӯ аз Умар пурсид: –
Эй Умар куҷо меравӣ? Умар гуфт: –
Барои куштани Муҳаммад
меравам» (наъузанбиллоҳ) Саъд (р)
гуфт: Оё аз қабилаи бани Ҳошим ва
бани Абдуманоф наметарсӣ, ки онҳо
дар ивази Муҳамад (с) туро хоҳанд
кушт. Умар бо шунидани суханони
Саъд(р) рангаш дигаргун шуда, дар
ғазаб омада ба Саъд гуфт: «Аз ин
суханонат маълум мешавад, ки ту
ҳам мусалмон шудаӣ пас аввал туро
мекӯшам», гуфта шамшерашро
кашид ҳазрати Саъд гуфт : –Бале
ман мусалмон шудам ва ӯ низ
шамшерашро кашид. Наздик омад,
ки бо ҳам биҷанганд, ки ногаҳон
Саъд (р) гуфт: «Аввал аз хонаи худат
хабар бигир, зеро ки хоҳар ва
домоди ту мусалмон шудаанд.
Умар бо шунидани ин хабар
хашмгин шуда дарҳол ба сӯи хонаи
хоҳараш равон шуд. Хоҳар ва
домодаш дарро аз дарун баста
буданд ва ҳазрати Хаббоб, ки яке аз
саҳобагони донишманд буд ба онҳо
Қуръон таълим медод. Умар
садояшро бароварда гуфт:»Дарро
боз кунед. Ба муҷарради шунидани
садои Умар ҳазрати Хаббоб аз тарси
Умар бо шитоби дар гӯшае пинҳон
шуд ва аз рӯи саросемагӣ, саҳифае,
ки бар он ояти Қуръонӣ навишта
шуда буд, ҳамонҷо берун монд.
Хоҳараш дарро боз кард. Умар
чизеро, ки дар дасташ дошт онро
бар сари хоҳараш кубид, ки бар
асари он, аз сараш хун ҷорӣ шуд ва
фарёд кашид, баъд аз он вориди
хона шуд ва пурсид чӣ кор
мекардед? Ин садои кӣ буд?
Домодаш дар ҷавоб гуфт: Овози
касе набуд, бо ҳам гуфтугӯ мекарде.
Умар гуфт: Шумо дини худро тарк
карда дини дигареро ихтиёр
кардед? Домодаш гуфт: Агар дини
дигаре ҳақ бошад чӣ? Бо шунидани
ин ҷавоб Умар риши ӯро гирифта
кашид ва бе андешае ба вай ҳамла
карда ӯро ба замин кубид ва ба
шиддат ӯро зарба зад. Хоҳараш
кӯшиш намуд, то ки шавҳарашро
наҷот диҳад, лекин Умар ӯро
шалоқи сахте зад, ки хун аз
чеҳрааш ҷорӣ шуд. Аз он ҷо ки ӯ
низ хоҳари Умар буд ва хеле шуҷоъ
буд, чун ин вазъияти бераҳмонаро
дид фарёд баровард ва гуфт: «Эй
Умар мо барои ҳамин зарба
мехӯрем, ки мо мусалмон шудаем
Ҳар коре, ки аз дастат меояд бикун.
Дар ин ҳангом нигоҳи Умар ба он
саҳифае афтод, ки аз рӯи
саросемагии ҳазрати Хаббоб берун
монда буд. Ин ҳангом ғазаби Умар
бар асари лату куб намудани
домодаш ва хунолуд кардани
хоҳараш пасттар шуда буд, ба онҳо
гуфт: «Он саҳифаро ба ман нишон
диҳед» Хоҳараш гуфт: «Ту нопок
ҳастӣ ва шахси нопок наметавонад,
ки ба ин саҳифа даст бизанад.
Ҳарчанд Умар хост, аммо хоҳараш
нагузошт, ки саҳифаро бе таҳорат
ва бе оббозӣ биқапад. Умар ночор
ғӯсл кард ва он саҳифаро дар даст
гирифта хонд. Дар он саҳифа сураи
«Тоҳо» навишта шуда буд. Азбаски
Умар араб буд ва сураҳои Қуръонӣ
ба забони арабӣ буданд, ба хондани
он маънои оятро фаҳмид. Ногоҳ
ҳолаш дигаргун шуд ва гуфт: «Маро
ба назди Муҳаммад (с) бибаред». Бо
шунидани ин сухан ҳазрати Хуббоб,
ки пинҳон шуда буд, аз махфигоҳ
берун омад ва гуфт «Эй Умар бар ту
башорат бод! Дишаб панҷшанбе
ман шунидам, ки Расули Акрам (с)
дуъо мекард: «Ё Аллоҳ аз миёни ин
ду нафар Умар ва Абуҷаҳл ҳар
кадомаш, ки мавриди писанди ту
бошанд, ҳидояташон кун ва ба
сабаби он исломро қувват ва иноят
бидеҳ (Ин ду нафар дар шуҷоъат ва
қадрат машҳур буданд). Чунон
маълум мешавад, ки дуъои
Расулаллоҳ дар ҳаққи ту қабул
шудааст. Баъд Умарро ба назди
пайғамбар с) оварданд. Субҳи рӯзи
ҷумъа буд, ки Умар мусалмон шуд.
Бо сабаби мусалмон шудани
ҳазрати Умар (р) қудрати кофирон
заиф шуд ва мусалмонон ҷуръат
пайдо карда намозҳояшонро дар
масҷид-ул ҳаром мехонданд.
Ҳазрати Абдуллоҳ бини Масъуд
мефармояд:
«Мусулмон шудани ҳазрати Умар (р)
барои мусалмонон кушоише ва
ҳиҷрат карданаш нусрате ва
хилофаташ раҳмате буд.
Ҳолати ҳазрати Умар (р) баъд аз
мусалмон шуданаш аз тарси Худо ва
ҳисоботи Қиёмат
Ҳазрати Умар (р) баъзе вақтҳо
миқдоре алаф ва гиёҳ ва монанди
онро дар дасташ мегирифт ва
мефармуд: «Эй кош! Мисли ҳамин
гиёҳ мебудам» Гоҳе мефармуд: «Эй
кош, ман аз модар таваллуд
намешудам. Як бор ба коре машғул
буд, ки шахсе омад ва гуфт: «Фалон
кас бар ман зулм кардааст, мехоҳам
интиқоми маро аз ӯ бигирӣ».
Ҳазарти Умар (р) як шаллоҳ ба ӯ зад
ва гуфт: вақте, ки ман барои ҳамин
корҳо менишинам, ту намеоӣ, ҳоло
ки ман дар кори дигаре машғул
ҳастам, омада мегӯи, ки интиқоми
маро бигир! Он шахс аз назди Ӯ
рафт. Ҳазрати Умар аз шаллоқ
заданаш пушаймон шуда касеро ба
думболаш фиристод то ин, ки ӯро
дубора ба наздаш ҳозир кард,
баъдан шаллоқ (қамчин)-ро ба
дасти ӯ дода гуфт: «Интиқоми
худатро аз ман бигир». Он шахс
гуфт: ман фақат ба хотири ризои
Худованд туро бахшидам. Ҳазрати
Умар (р) ба хонааш рафта ду ракъат
намоз хонда, баъдан нафси худашро
хитоб карда гуфт: «Эй Умар! ту
беарзиш будӣ, Аллоҳ бар ту
шарофат ва иззат бахшид. Ту
гумроҳ будӣ, туро ҳидоят кард. Ту
хору залил будӣ, ба ту иззат ва
бузургӣ дод ва акнун туро бар
мардум ҳоким қарор додааст, ҳоло
шахсе омада ва мегӯяд, ки ҳаққи
маро аз золиме бигир ва ту ӯро
мезанӣ! Фардо рӯзи қиёмат дар
пешгоҳи Худованд чӣ ҷавоб
медиҳӣ? То дер вақт худашро бо
ҳамин сурат маломат ва сарзаниш
мекард.
Ҳазрати Аслам мегӯяд: «Як бор
ҳамроҳи ҳазрати Умар (р) дар
торикии шаб ба сӯӣ як мавзеъе
равона будем, ки аз тарафи биёбон
оташе намоён шуд. Ҳазрати Умар (р)
гуфтанд: «Шояд ин оташ аз
корвониёне бошад, ки ба сабаби
даромадани шаб дар шаҳр
надаромада бошанд, бояд биравем
аз онҳо хабар бигирем ва барои
нигаҳбонии онҳо коре бикунем.
Он ҷо рафта дидем, ки як зане ба
чанд бачаи хурдсоли худ он ҷо
гирди он оташ истода, бачаҳояш
гиря ва фарёд мекарданд ва дегеро
болои оташ мондаанд. Мо ба онҳо
салом дода иҷозат гирифта ба онҳо
наздик шудем. Ҳазрати Умар (р)
пурсид: «Ин бачаҳо чаро гиря
мекунанд? Зан гуфт: инҳо аз
гуруснагӣ гиря мекунанд. Ҳазрати
Умар (р) гуфт: «Дар ин дег чи аст?»
Зан гуфт: «Ин дегро барои тасалии
ин бачаҳо пур аз об кардам то ин,
ки бо умеди таъом хобашон барад
ва гуфт, Худои таъоло ба боргоҳи
худ байни ман ва байни
амиралмуъминини Умар додраси
хоҳад кард, зеро дар ин ҳолати
тангдастӣ аз мо хабаре намегирад.
Ҳазрати Умар (р) ба шунидани ин
сухани зан ба гиря даромад ва
фармуд: «Аллоҳ таъоло бар ту раҳм
кунад», Умар аз куҷо медонад, ки
ҳоли ту чӣ гуна аст? Зан Гуфт: «У
амири мо шудааст ва аз ҳоли мо
чаро хабар надорад!
Аслам мегӯяд: «Ҳазрати Умар (р)
маро ҳамроҳи худ ба шаҳр оварда
дарҳол миқдоре дирҳам аз
байтулмол гирифт ва ҳамчунин
миқдоре орд ва хурмо ва равғану
либос дар дохили халтае гузошта
халтаро хуб пур кард ва ба ман гуфт:
«Инҳоро бар пушти ман бигузор»
ман гуфтам: «Иҷозат диҳед ман
инҳоро бардошта барам. Ҳазрати
Умар (р) гуфтанд: – На, бар пушти
ман бигзор. Ман ду-се бор дархост
кардам, аммо ӯ қабул накард ва ба
ман гуфт: «Оё рӯзи қиёмат ту бори
маро бар медорӣ? Ин халтаро бояд
худам барам, зеро рӯзи қиёмат аз
ман мепурсанд. Аслам мегӯяд: «Ман
ба ночор халтаро бар пушти Умар
(р) гузоштам. Ӯ бо суръати зиёд ба
тарафи он зан ва бачаҳо рафт. Ман
низ ҳамроҳи ӯ рафтам», ба он ҷо, ки
расид дарҳол миқдоре орд ва хурмо
ва равған дар дег андохта ба
ҳамдигар онҳоро мезад ва оташро
ҳам худаш медамид (пуф мекард).
Аслам мегӯяд: «Ман дидам, ки бар
асари дамидани оташ, аз риши
мубораки Ҳазрати Умар (р) дуд
мебаромад, то ин ки (ҳалво)
«ҳарира» омода шуд. Баъд аз он бо
дасти мубораки худ ҳалвоҳоро
берун оварда ба онҳо дод, то ин ки
онҳо хӯрда сер шуданд ва ба
хандаву бозӣ даромаданд. Он зан
хеле хушҳол шуд, чунки зиёда аз
хӯрокашон маводи либоса ва пул
ҳам ба онҳо доданд. Он зан гуфт: –
Аллоҳ таъоло туро ҷазои хайр
диҳад! Ту шоистатар будӣ ба ҷои
Умар (р) халифаи муслимин мешудӣ,
чунки он зан намешинохт, ки ин
ҳамон Умари халифа аст.
Ҳазрати Умар (у) дар намози бомдод
сураҳои дарозро тиловат мекард ва
аз тарси Худованд ба андозае гиря
мекард, дар даруни намоз, ки садои
гиряашро то чанд сафи намоз
мешуниданд.
Дар намозҳои таҳаҷҷӯд (намози
шаб) то андозае гиря мекард, ки аз
ҳуш рафта меғалтид ва бемор
мешуд.
Инчунин буд хавф ва тарси
Худованд дар дили касе, ки аз
номаш бузургтарин подшоҳон
меларзиданд ва метарсиданд. Оё
дар ин замони мо ягон
соҳибмансабе ёфт мешавад, ки бо
зердастони худ чунин рафторе
дошта бошад?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев