Имруз ба суи Ту омадам
то диламро ором кунам, ки ҳамоно
бо ёди ту дилҳо ором мегардад.
Маъбудам, эй меҳрубонтарин
меҳрубонон, эй касеки
бахшандагиат бениҳоят ва васф
нашуданист. Фурсати ҷубронро аз
ман дареғ макун, дастамро бигир то
оҳанги дубора буданро ба садо дар
биоварам. Омин!
Парвардигорам! Дастам тиҳӣ,
чашмҳоям камнур ва пойҳоям
ларзон аст. Худат кумакам кун то
дастҳоям пур аз муҳаббатҳои
бекаронат шавад, чашмҳоямро
равшан кун то маънои торикӣ ва
рушноиро дарк кунам ва
пойҳоямро устувор нигаҳ дор то
шарри шайтонро дур кунам ва аз
лағзишҳои гоҳ ва бегоҳам дар
амон бошам. Омин!
Ё Ҳай ё Қаюм! Шармсор ба даргоҳат
нишастаам. Дар ин замон ва ҳар
замон ёвар ва раҳнамоям бош.
Омин!
Бор Илоҳо! Нури имон менушам то
ситораҳои дилам равшан шавад.
Омин!
Парвардигоро! Тавбаамро бипазир
ва либоси офиятам бипушон, ки Ту
бахшанда ва меҳрубони. Омин!
Бор Худоё! Кумакам кун, то хубиҳо
ва бадиҳои дӯстон ва наздиконро
бишносам ва роҳи дурустро пайгир
шавам ва медонам, ки Ту ҳамеша
роҳнамои хуби ман асти. Омин!
Бор Худоё! Дуъои хайри падар ва
модарам ҳамнша ҳамроҳам бошад.
Омин!
Бор Илоҳо! Ин дуъоҳоро дар ҳақи
касонеки ҳамроҳам омин гуфтанд
низ мустаҷо гардон! Омин! Омин!
Омин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев