Предыдущая публикация
Бо нури дурахшонӣ,
Бар мулки Бадахшонӣ,
Хӯш омадаи имрӯз.
Дар тамузи тобистон,
Бардав ва салом бустон,
Аз қудрати он Яздон,
Хӯш омадаи имрӯз.
Чун Юсуфи Канъонӣ,
Бар кулбаи эҳзонӣ,
Омади ба меҳмонӣ,
Хӯш омадаи имрӯз.
Муштоқи ҷамолем мо,
Дар авҷи хаёлем мо,
Аз ҳол ба ҳолем мо,
Хӯш омадаи имрӯз.
Шоҳзода яқин шоҳӣ,
Аз олами волои,
Худ марҳами дилҳои,
Хӯш омадаи имрӯз.
Пазмони шумо будем,
Аз ҳиҷр наосудем,
Мо сӯхта бедудем,
Хӯш омадаи имрӯз.
Дорам талаби дидор,
Аз нури ҷамоли ёр,
Ин аст маро иқрор,
Хӯш омадаи имрӯз.
Исмат Алимуҳаммад,
Аз хонадони Аҳмад,
Аз халқ боши Самад,
Хӯш омадаи имрӯз.
Рез Ҷаъфарӣ бар пояш,
Назме ба қадамҳояш,
Бо лутфу сахоҳояш,
Хӯш омадаи имрӯз.
Сангмуҳаммад Ҷаъфарӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 48