Яке даҳмардаву бар дасти худ говрона мегардад,
Яке мисли уқобе дар талоши дона мегардад.
Яке дар зиндагӣ озоду ъайши зиндагӣ дорад,
Яке дар кунҷи зиндон, хаставу девона мегардад.
Яке бар худ надорад дирҳаме, то ки харад ноне,
Яке бо давлати Қорун, чун афсона мегардад.
Яке бедард, парвое надорад ними дунёро,
Яке аз дард умре гирди беморхона мегардад.
Яке хоҳад шавад модар, бигирад тифли худ оғуш,
Яке модар, вале бар кӯдакон бегона мегардад.
Яке ношукрии дунё намояд дигаре, аммо...
Шабу рӯз дар забонаш ояти шукрона мегардад.
Яке ҷон меканад фарзи худоро, то ба ҷо орад,
Яке дар ҳасрати ҷононаву фарзона мегардад.
Замоне давлати дунё худо бар ту раво бинад,
Ҳама бар гирду атрофи ту чун парвон