Атри зилол роиҳаи бӯстони Ванҷ,
Боғи биҳишт пешкаши меҳмони Ванҷ.
Сангаш ҳама зумурраду лаъл асту мармар аст,
Аз чормағзу тути мавиз аст нони Ванҷ.
Ванҷови пурхурӯш ки чун шир медамад,
Ҷорист бо дуои шаби модарони Ванҷ.
Ҳар пир пири ҳикмату ҳар кӯй кӯи дӯст,
Меҳроби ишқ гӯшаи ҳар хонадони Ванҷ.
. Бар ростии ар-ари садсолааш қасам,
К-аз ростист гавҳари озодагони Ванҷ.
Шерози маҳфилаш ҳама лутфу латифа аст,
Ҷовид бод мардуми ширинбаёни Ванҷ!
Симои хусравонаву фарҳанги хусравӣ,
Сӯҳроб метапад ба раги ҳар ҷавони Ванҷ.
Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст,
Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ.
Тарсам, ки бутпараст шавад марди порсо,
Чун бигзарад ба кӯи накӯи бутони Ванҷ.
Эй дил, агар зи ғуссаи офоқ хастаӣ,
Себе бигир аз лаби дастурхони Ванҷ.
Пойи Мазор пояи сабзи саодаташ,
Мавлои Садру Бадри валӣ дидбони Ванҷ.
Чун осмон ба қуллаи ӯ такя мезанад,
Ё Раб, ситоразор бувад осмони Ванҷ!
(АБДУЛЛОИ РАХНАМО)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
тамошои ҷаҳони бекарон…назди ту омадам.
Ман хеле гаштам ин ҷаҳонро ва бисёр
аҷоиботу ғароиботро дидам…Аммо бигузор
маъбадҳои Ҳинд, аҳромҳои Миср, ёдгориҳои
антиқаи Италия маро бубахшанд, бигузор
шоҳроҳҳои Амрико, гулгаштҳои Париж,
боғҳои Инглистон, кӯҳҳои Швейтсария маро
бубахшанд, бигузор хонумҳои Полша,
Япония, Рим маро маъзур бидоранд – ман аз
дидани шумо лаззат бурдам, аммо қалбам
ором буд ва агар зарабони қалб бештар
мешуд ҳам, вале на ба он андозае, ки оби
даҳон хушк бишавад ва сар чарх бизанад.
Аммо чаро, чаро акнун, ки ин ҳафтод бунаи
воқеъ дар доманаи сахраҳоро бори дигар
дидам, дилам дар қафаси сина ба ҳадде ба
ҷӯш омад, ки дардро эҳсос кардам,
дидагонам тира шуд, сарам чарх зад, гӯӣ ин
ки маризам ё маст!?
Наход авули хурдакаки Доғистон зеботар аз
Венетсия, Қоҳира ё Калкутта бошад??!!!
Наход аварзани раҳравон дар пайроҳа бо
дарзаи ҳезум дар пушт, зеботар аз хонуми
баландқомати сипедмӯи скандинавӣ
бошад??!!
Цад...ЕщёАвули азизам, Цада! Инак ман боз баъд аз
тамошои ҷаҳони бекарон…назди ту омадам.
Ман хеле гаштам ин ҷаҳонро ва бисёр
аҷоиботу ғароиботро дидам…Аммо бигузор
маъбадҳои Ҳинд, аҳромҳои Миср, ёдгориҳои
антиқаи Италия маро бубахшанд, бигузор
шоҳроҳҳои Амрико, гулгаштҳои Париж,
боғҳои Инглистон, кӯҳҳои Швейтсария маро
бубахшанд, бигузор хонумҳои Полша,
Япония, Рим маро маъзур бидоранд – ман аз
дидани шумо лаззат бурдам, аммо қалбам
ором буд ва агар зарабони қалб бештар
мешуд ҳам, вале на ба он андозае, ки оби
даҳон хушк бишавад ва сар чарх бизанад.
Аммо чаро, чаро акнун, ки ин ҳафтод бунаи
воқеъ дар доманаи сахраҳоро бори дигар
дидам, дилам дар қафаси сина ба ҳадде ба
ҷӯш омад, ки дардро эҳсос кардам,
дидагонам тира шуд, сарам чарх зад, гӯӣ ин
ки маризам ё маст!?
Наход авули хурдакаки Доғистон зеботар аз
Венетсия, Қоҳира ё Калкутта бошад??!!!
Наход аварзани раҳравон дар пайроҳа бо
дарзаи ҳезум дар пушт, зеботар аз хонуми
баландқомати сипедмӯи скандинавӣ
бошад??!!
Цада! Ман дар саҳрои ту сайр мекунам ва
шабнами сарди субҳгоҳӣ пойҳои хастаи маро
мешӯяд. Ҳатто на дар ҷӯйбори кӯҳӣ, балки
дар оби чашма дасту рӯ мешӯям. Мегӯянд,
ки агар об нӯшидан бихоҳӣ, аз оби чашма
бинӯш. Ҳамчунин, мегӯянд – ва падарам низ
инро мегуфт-, ки мард фақат дар ду маврид
метавонад ба зону бинишинад: то ин ки оби
чашма бинӯшад ва то ин ки гул бигирад. Ту
чашмаи ман ҳастӣ Цада! Наздат ба зону
мезанам, лабонамро ба ту мерасонам ва
ҳарисона обатро менӯшам….(Расул Гамзатов. Догистони ман.)