نواقض اسلام 👇
Шиканандаҳои имон
Навоқизи Ислом бисёр ҳастанд, аммо даҳ то аз муҳимтарини онҳоро шейх Муҳаммад ибн Абдул-Ваҳҳаб раҳимаҳуллоҳ дар китоби худ зикр намудаанд, ки бар ҳар зан ва марди мусалмоне дури кардан аз онҳо воҷиб мебошад.
Аввал [1] : ширк дар ибодати Аллоҳ таъоло. Монанди касе ки барои ҷинҳо ва ё қубур забҳ мекунад. Далели он (сураи Нисо ояти 48 мебошад.)
Дувум [2] : касе ки байни худ ва Аллоҳ таъоло воситаҳое қарор медиҳад ва онҳоро садо мезанад ва аз онҳо талаби шафоат мекунад. Ва бар онҳо таваккал мекунад. Чунин кас ба иҷмоъ кофир аст.
Савум [3] : касе ки мушриконро такфир намекунад ва ё дар куфри онҳо шакк мекунад ва ё мазҳаби ононро саҳеҳ медонад.
Чаҳорум [4] : касе ки эътиқод дошта бошад, ҳар дин ва мазҳабе беҳтар ва комилтар аз дин ва ҳидояти Расулуллоҳ(с) аст. Монанди касе ки аҳкоми тавоғитро бар аҳкоми Ислом тарҷеҳ медиҳанд ва далели он (сураи Моида ояти 44 мебошад.)
Панҷум [5] : касе ки ба он чи бар Расулуллоҳ(с) нозил шудааст буғз ва кина дошта бошад, ҳатто агар ба он чиз амал ҳам бикунад. Пас кофир мешавад ва далели он (сураи Муҳаммад ояти 9)
Шашум [6] : касе ки тамасхур кунад ба чизе аз дини Расулуллоҳ(с) ва далели он (сураи Тавба ояти 66)
Ҳафтум [7] : Сеҳр ва ҷодугарӣ. Ва аз ҷумлаи он ин аст, ки ба ҳам расонидани ду нафар ба ҳамдигар ва ё ҷудо кардани ду нафар аз якдигар ва далели он (сураи Бақара ояти 102)
Ҳаштум [8] : ҳамкори кардан бо мушрикин бар алайҳи мусалмонон ва далели он (сураи Моида ояти 52 аст.)
Нуҳум [9] : касе ки эътиқод дошта бошад афроде метавонанд аз шариати Расулуллоҳ(с) хуруҷ кунанд, ҳамон тавре ки хизр аз шариати Мусо хуруҷ кард. Пас чунин шахсе кофир аст ва далели он (сураи Оли Имрон ояти 85 аст.)
Даҳум [10] : рӯй гардони аз дини Аллоҳ таъоло. Онро ёд намегирад ва ба онҳо амал намекунад. Ва далели он (сураи Саҷда ояти 22 мебошад.)
▫️ابو فاطمة حافظه الله
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев