Парвандаи "хиёнат"-и генерал Назарзода ва полковник Умаров
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "хиёнат ба давлат" парванда боз кардааст.
Алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ ва полковник Ҷунайдулоҳ Умаров барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва хиёнат бо моддаҳои 305 - “Хиёнат ба давлат”, 307 (2) - “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 309 - “Тахрибкорӣ” ва 179 - “Терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр тасдиқ кард, ки Ҷунайдулло Умаров, полковники Вазорати дифоъ низ бо Абд