Имом Абуҳанифа (р) дар назди шогирдонаш нишаста буд, марде аз бадхоҳони Имом Абуҳанифа (р) аз эшон пурсид: Чӣ мегӯи дар бораи шахсе, ки орзу надорад Биҳиштро ва наметарсад аз оташи дӯзах ва наметарсад аз Худои мутаъол ва хӯрад гӯшти худмурдаро ва намоз мехонад, бидӯни рукуъ ва саҷда ва гувоҳи медиҳад ба он чи, ки онро надидааст ва аз ҳақ нафрат дорад, ва фитнаро дӯст медорад ва аз раҳмат мегурезад ва яҳуду насориро тасдиқ мекунад? Имом Абуҳанифа (р) гуфт:"Оё ту аз шахси муайяне мепурсӣ, ки бар аҳволи он огоҳӣ дори? " Он мард гуфт:- Хайр! Фарди хоссе мавриди назарам нест, локин аз чунин кас навъе дар олам бадтар наёфтам, лоҷарам туро аз он пурсидам. Имом Абуҳанифа (р) рӯ кард ва гуфт:" Д