Он чашми хумори ту аз ёд наравад асло,
Он дарди гудози ту аз ёд наравад асло.
Аз шаҳр бирафтам ман аз қалб нарафти ту,
Руймоли дарози ту аз ёд наравад асло.
Оғози ғазал ҳасти дар дафтари ишқи ман,
Ин чашмаи ишқи ту аз ёд наравад асло.
Як бор нигаҳи тезад бедор кунад қалбам,
Он шамъи фурузонам аз ёд наравад асло.
Дар дафтари ишқи худ садҳо хато кардам,
Он ашки равони ту аз ёд наравад асло.
Он чи ки надидам ман бовар ба он кардам,
Он рӯзи пушаймони аз ёд наравад асло.******