ДАР БОЛОИ КАБР!
📚Ин рисолае ки бо номи “Ҳукми қироати
қуръон назди қабр ва бахшидани савоби он ба
мурдагон” пеши назари шумо ҳаст ба ду фасл
онро ҷудо намудаем:
📚Қироати қуръон дар назди қабр аз нигоҳи
аҳодис дар ин бахш он аҳодисеро зикр
кардаем ки уламои илми ҳадис онҳоро ҳасан
ва ё саҳеҳ донистаанд ва аз овардани
ҳадисҳое ки заъиф ҳастанд худдорӣ намудаем
то нашавад ки бигӯянд ин ҳадисҳо заъиф
ҳастанд.
📚Баъд аз овардани аҳодис шуруъ кардаем
ба зикри ақвол ва амалкарди саҳоба, тобеин
ва салафи солеҳ ва сипас бо тартиб ақволи
фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргонаро зикр намудаем.
📚Имом Табаронӣ ва Байҳақӣ аз Ибни Умар
чунин ривоят намудаанд:
♥«Аз Абдуллоҳ ибни умар(Худо аз ӯ ва падараш
рози бод) ривоят ҳаст, ки гуфт: ман аз Расули
Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам
ки мегуфт: ҳарвақто нафаре аз шумо аз дунё
гузашт ӯро (дар хона) нигоҳ надоред дарҳол
ӯро ба сӯи қабраш бубаред ва назди сараш
сураи фотиҳа ва дар поёни пойҳояш охири
сураи бақараро бихонед» (ривояти имом
табаронӣ, ва имом байҳақӣ дар шуъабул имон
ривоят карда гуфтааст саҳеҳ инаст, ки ин
мавқуф ҳаст, санади ин ҳадисро имом ибни
ҳаҷари асқалонӣ дар фатҳул борӣ шарҳи бухорӣ
ҷ3 саҳ: 184 ҳасан гуфтааст.
📚Аз Ҳазрати Али (раз) ривоят аст ки.
ﻋﻦ ﻋﻠﯽ ( ﺭﺽ ) ﻣﺮﻓﻌﺎ ﻣﻦ ﻣﺮ ﻋﻠﻲﻣﻘﺎﺑﺮ ﻭ ﻗﺮﺃ ( ﻗﻞ ﻫﻮﺍﻟﻠﻪ )
ﺍﺣﺪﺍ ﻋﺸﺮﺓ ﻣﺮﺓ ﺛﻢ ﻭﻫﺐ ﺃﺟﺮﻩ ﻟﻸﻣﻮﺍﺕ ﺃﻋﻄﺎ ﻣﻦ ﺍﻷﺣﺮ ﺑﻌﺪﺩ
ﺍﻷﻣﻮﺍﺕ ﺍﺧﺮﺟﻪ ﺃﺑﻮ ﻣﺤﻤﺪ ﺍﻟﺴﻤﺮﻗﻨﺪﻱ ﻓﻲ ﻓﻀﺎﺋﻞ ( ﻗﻞ
ﻫﻮﺍﻟﻠﻪ ) ( ﺷﺮﺡ
ﺍﻟﺼﺪﻭﺭ )
♥Мегӯянд касе ки бар қабристон меравад ва
11 бор сураи қулҳувалоҳро бар мурдагон
мехонанд ва савобашро бар мурдагон
мебахшад Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба аксарият ҳамон
мурдагон он хонандаро савоб медиҳад.
📚Аз Абӯ Ҳурайра ривоят аст ки.
ﻋﻦ ﺍﺑﯽ ﻫﺮﯾﺮﺓ ﻗﺎﻝ ﻗﺎﻝ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ( ﺹ ) ﻣﻦ ﺩﺧﻞ ﺍﻟﻤﻘﺎﺑﺮ ﺛﻢ
ﻗﺮﺃ
ﻓﺎﺗﺤﺔ ﺍﻟﻜﺘﺎﺏ ﻭ ﻗﻞ ﻫﻮ ﺍﻟﻠﻪ ﻭ ﺍﻟﻬﺎﻛﻢ ﺍﻟﺘﻜﺎﺛﺮ ﺛﻢ ﻗﺎﻝ : ﺍﻟﻠﻬﻢ ﺇﻧﻲ
ﻗﺪ ﺟﻌﻠﺖ ﺛﻮﺍﺏ ﻣﺎ ﻗﺮﺀﺕ ﻣﻦ ﻛﻼﻣﻚ ﻷﻫﻞ ﺍﻟﻤﻘﺎﺑﺮ ﻣﻦ
ﺍﻟﻤﻮﺀﻣﻴﻨﻴﻦ ﻭ ﺍﻟﻤﻮﺀﻣﻨﺎﺕ ﻛﺎﻧﻮﺍ ﺍﺳﺘﻔﻌﺎﺀ ﻟﻪ ﺇﻟﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﺗﻌﺎﻟﻲ ..
ﺍﺧﺮﺟﻪ ﺍﺑﻮﻟﻘﺎﺳﻴﻢ ﺳﻌﺪ ﺑﻦ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﺰﻧﺠﺎﻧﻲ ﻓﻲ ﻓﻮﺍﺋﺪﻩ ( ﺷﺮﺡ
ﺍﻟﺼﺪﻭﺭ
♥Пайғамбар (с.а.о.в) мефармояд касе ки бар
қабристон меравад сураи Фотиҳа ва
Қулҳуваллоҳу ва Алҳакумутакосурро мехонад
спас мегӯяд ман савоб ин хондагиямро бар
арвоҳи аҳли қубур бар мардони мӯъминон ва
бар занони муъминот бахшидам Аллоҳ (ҷ.ҷ)
савоби хондаашро барои мурдагон мерасонад.
📚Абдуллоҳ ибни Умар (раз) вакти охири
ҳаёташон ба фарзандашон васият карда
гуфтанд . Фарзанди азиз ҳар вақто ки ман аз
дунё мегузарам маро дар кабр мегурони бад
аз гуронидан дар болои сарам аввали
бакараро хон дар поёни сарам охири
бакараро .
(Ин ҳадисро Имам Байҳаки ҳасан гуфтааст.
Ин ҳадис ҳасан аст дар ин заифи вуҷуд
надорад.
📚Аз Абдуллоҳ ибни Аббос(р)ривоят аст ки.
♥Пайғамбар (с.а.о.в) аз канори ду қабр гузашт
карданд ва фармуданд ин ду мурда дар
азобанд ва азобашон ба хотири муртакиби
гуноҳи бузург нест аввали суханчин буд ва
дигари баъд аз пешоб кардан худро пок
намекардон гоҳ Пағамбари муаззам(с.а.о.в)
шохаи хурмои тарро талабиданд онро ба ду
шоха тақсим карданд ва ҳар шохаро бар болои
яке аз он ду қабр гузоштанд ва фармуданд:
умедворам азобашон кам шавад то замоне,ки
ин шохаҳо хушк мешаванд.
(Саҳеҳ Бухори ва Саҳеҳ Муслим)
📚Худованди мутаъол дар каломи покаш
мефармояд:
♥Ҳар чизе тасбеҳоти илоҳиро анчом
медиҳадсураи Исроъ,ояти 44
📚Ин чунин Он чи дар осмонҳо ва он чи
дар замин аст Худовандро тасбеҳ
мегуяд.сураи чумуъаҳ,ояти 1.
📚Имом Навави (р) (шореҳи Саҳеҳ Муслим)
дар шарҳи ин ҳадис мефармоянд:Чун
дарахтони тар, аҳли тасбеҳотанд вале
дарахтони хушк маҳруми ин тавонои ҳастанд.
📚Ҳар гиёҳе,ки аз замин руяд, Ваҳдаҳу ло
шарика лаҳу гуяд, Аз гули Раъно то гули Қоқу,
Ғайр аз Бангу Кукнору Тамоку.
📚 Аксари уламо фармудаанд:мурод ашёи
зинда аст ва дарахти тар низ то замони хушк
шудан,зинда аст.
Сипас, Имом Навави (р) мефармоянд:Уламои
дин бо истидлол (далелгири) ба ҳамин
ҳадис,қироъати Қуръон дар назди қабрро
савоб медонанд ва бино ба ин ҳадис тасбеҳоти
дарахтони тар, чои умед барои сабук шудани
азоби қабр аст, пас қироъати Қуръон бештар
чои умед аст. ( шарҳи Муслим.чилди 2,саҳ
331).
📚Абдуллоҳ ибни Умар(р) хондани аввали
сураи Бақара ва охири Бақараро баъд аз
дафни маййит бар руи қабр савоб донистаанд.
(ривояти имом Байҳақи(р) бо асноди ҳасан).
📚Пайғамбари гиромиқадр(с)мефармоянд:
♥Саҳобагони ман ба мисоли ситорагонанд ба
кадом яке аз онҳо иқтидо кардед ҳидоят
меёбед.
📚Ақол ва амалкарди саҳоба, тобеъин ва
салафи солеҳин:
📚Хонандаи гиромӣ ончи дар боло зикр
гардид бароятон маълум гашт ки қироати
қуръон дар назди қабр аз аҳодиси саҳеҳи
набавӣ собит ҳаст дар ин нукта бошад ақвол
ва амалкарди саҳобагони гиромии Паёмбар
(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш
бод)-ро зикр хоҳем кард то мавзӯъ бозҳам
возеҳтар гардад:
📚Муҳаддис Имом Абдураззоқ бо санади худ
аз ҳазрати Умар Ибни Хаттоб ривоят мекунад,
ки ӯ гуфтааст:
📚 «Назди мурдаҳоятон( касони дар сакарот
буда) ҳозир шавед ба онҳо(гуфтани) Ло Илоҳа
Иллаллоҳ-ро лозим гиред ва(ҳангоме ки
мурданд) чашмонашонро пӯшонед ва наздашон
қуръон хонед» (мусаннафи ибни Абдураззоқ
ҳадиси №6043)
📚 Имом Нававӣ ривоят намуда мегуяд
«Дар сунани байҳақӣ бо исноди ҳасан ривоят
намудаем, ки Абдуллоҳ Ибни Умар мустаҳаб
медонист, ки баъд аз дафни майит назди
қабраш аввал ва охири сураи бақара хонда
шавад» (Ал-азкор саҳ:274 ҳадиси420, сунани
куброи байҳақӣ ҷ4 саҳ:93 ҳадиси 7068).
📚 Хонандаи Азиз чигунае ки мебинед
саҳобагони гиромӣ ки аввалин таълим
гирифтагони мактаби Паёмбар(Салому дуруди
Аллоҳ бар ӯ бод) буданд хондани қуръонро
назди қабр мустаҳаб ва амали хайру некӯ
медонистанд аз он ҷумла Писари ҳазарти умар
Абдуллоҳ.
📚Аммо баъзе беадабону густохоне ки
даъвои илм намудаанд бар асҳоби паёмбар
таъна намуда гуфтаанд ин феъли саҳоба
Абдуллоҳ ибни умар далил намешавад, зеро ӯ
як саҳобае буд ки бо чандин иҷтиҳодҳояш
хилофи суннатҳои паёмбар баромадааст.
📚Ибни Абӣ Шайба бо санади хеш аз Имом
Шаъбӣ ки яке аз бузургони тобеъин буд ривоят
мекунад, ки ӯ гуфтааст:
Ансориҳо(саҳобагони ансор) назди мурдагони
худ сураи бақараро қироат
мекарданд» (Мусаннафи Ибни Абӣ шайба
ҳадиси №10848, ибни қайим низ инро дар
китоби "Ар-руҳ"-и худ саҳ:11 нақл кардааст).
📚Ибни Абӣ шайба инчунин бо санади хеш аз
Тобеъини бузург Ҷобир Ибни зайд ки шогирди
Ибни Аббос буд чунин ривоят мекунад:
«Ҷобир Ибни Зайд назди мурда сураи раъдро
мехонд» (мусаннафи Ибни Абӣ шайба ҳадиси
№10852).
📚Ибни Қайим (ки муқаллидин ӯро бидуни
чуну чаро қабул доранд) мегӯяд:
«Ва зикр шуд, ки ҷамоъате аз салафи солеҳ
васият намуда будаанд, ки дангоми дафн
назди қабрашон қуръон хонда шавад» (Ар-руҳ
аз ибни қайим саҳ:10).
📚Имом Шофиъи(р) мефармоянд: Хондани
чанд ояҳ аз Қуръон канори қабр савоб дорад
ва хатми Қуръон кори неку аст.ниг: (Ал-
азкор,саҳ. 137,ва Ҳидоят- ул-Муртоб,саҳ. 27)
📚 Имом Аҳмад ибни Ҳанбал(р) мефармоянд:
Ҳангоми рафтан ба зиёрати қабр сураи
Фотиҳа,Ихлос,Муъаввизатайнро тиловат
карда, савобашро ба руҳи мурдагон ҳадя
кунед,ки ин савоб ба эшон мерасад. ( Иршод-
ул- Уббод,саҳ.21 ва Ҳадятул- муртоб,саҳ.27).
📚 Бародари азиз! Акнун равшан шуд,ки
тасбеҳи дарахтони қабристон ва савоби
қироъати Қуръон аз матни ҳадиси саҳеҳ
истихроч шудаанд ва аз руи далелҳои
овардашуда савоби тиловати Қуръон ба руҳи
мурдагон мерасад.
📚Оре далел барои манъ аз кироъат дар хеч
чое ворид нашудааст.. Аммо далели чавоз ва
машруъияти кироъат барои амвот ва нафъи
амвот ба кироъат пас хама китоби ахли
суннат бадон машхун аст.. Ва акидаи хамаи
ахли суннат хамин аст.. Аз ин ру дар шархи
хадис гуфтааст:.
📚Аз ин иборат зохир мегардад ин ки майит
унс мегирад ба зиёти муъмин уро ва салом
гуфтан зоир барои у ва ба шунидани оёти
куръони ва нафъ мебарад ба нузули сакинат
ва рахмати илохи вакти хондани оёти
куръони.
📚Хонандаи Азиз!
Чигунае ки мебинед хондани қуръон назди
қабр аз аҳодиси саҳеҳ, амали саҳоба, тобеъин,
ва уламои се қарни аввали ислом собит буда
ҳамагон инро қабул кардаанду ба дигарон
тавсия намудаанд дар ин барои шахсони бо
хирад ҳеҷ ҷои шакку тардиде нест.
📚Қироати қуръон дар назди қабр аз назари
ҷумҳури фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ ҷоиз балки
мустаҳаб ҳаст ва фатвои муътамад дар мазҳаб
низ ҳамин ҳаст, чуноне ки дар кутуби фиқҳии
мазҳаб омадааст:
📚Дар «Ихтиёр»ки аз ҷумлаи кутуби фиқҳии
мазҳаби ҳанафӣ ҳаст чунин омадааст:
📚 ﻭَﻛَﺮِﻩَ ﺃَﺑُﻮ ﺣَﻨِﻴﻔَﺔَ ﻗِﺮَﺍﺀَﺓَ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥِ ﻋِﻨْﺪَ ﺍﻟْﻘُﺒُﻮﺭِ ﻟِﺄَﻧَّﻪُ ﻟَﻢْ ﻳَﺼِﺢَّ
ﻋِﻨْﺪَﻩُ ﻓِﻲ ﺫَﻟِﻚَ ﺷَﻲْﺀٌ ﻋَﻦِ ﺍﻟﻨَّﺒِﻲِّ - ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﺍﻟﺼَّﻠَﺎﺓُ ﻭَﺍﻟﺴَّﻠَﺎﻡُ - ، ﻭَﻟَﺎ
ﻳَﻜْﺮَﻫُﻪُ ﻣُﺤَﻤَّﺪٌ، ﻭَﺑِﻪِ ﻧَﺄْﺧُﺬُ ﻟِﻤَﺎ ﻓِﻴﻪِ ﻣِﻦَ ﺍﻟﻨَّﻔْﻊِ ﻟِﻠْﻤَﻴِّﺖِ ﻟِﻮُﺭُﻭﺩِ ﺍﻟْﺂﺛَﺎﺭِ
ﺑِﻘِﺮَﺍﺀَﺓِ ﺁﻳَﺔِ ﺍﻟْﻜُﺮْﺳِﻲِّ ﻭَﺳُﻮﺭَﺓِ ﺍﻟْﺈِﺧْﻠَﺎﺹِ ﻭَﺍﻟْﻔَﺎﺗِﺤَﺔِ ﻭَﻏَﻴْﺮِ ﺫَﻟِﻚَ ﻋِﻨْﺪَ
ﺍﻟْﻘُﺒُﻮﺭِ.
📚«Ва Имом Абӯҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)
қироати қуръон назди қабрро макрӯҳ
медонист, зеро дар ин боб чизе аз паёмбар
алайҳиссалом ба тариқи саҳеҳ ба ӯ нарасида
буд ва Имом Муҳаммад инро макрӯҳ
намедонист ва мо-фуқаҳои аҳноф- ба ҳамин
қавл(қавли имом муҳаммад) чанг мезанем
(амал мекунем) барои онки дар ин(қироати
қуръон назди қабр) барои майит нафъ ва
фоида ҳаст, ба далили ривоят шудани асарҳо
(аҳодис ва ақволи саҳоба) дар мавриди
хондани оятал курсӣ, сураи ихлос ва фотиҳа ва
ғайра дар назди қабр” (ихтиёр литаълил-
мухтор ҷ4 саҳ:189).
Хонандаи азиз чигунае ки мебинед фуқаҳои
мазҳаби ҳанафӣ такя бар осор ва ривоёте ки
ба хондани ояталкурсӣ сураи ихлос, ва фотиҳа
ва ғайра дар назди қабр тарғиб намудаанд
хондани қуръон назди қабрро мустаҳаб
дониста фатвои муътамаде ки дар мазҳаб
мавриди амал ҳаст низ ба қавли Имом
Муҳаммад дода шудааст.
📚Аллома Бадриддини айнии ҳанафӣ
(раҳимаҳуллоҳ) дар “Умдатул-қорӣ шарҳи
саҳеҳул-бухорӣ” дар шарҳи ҳадисе ки Паёмбар
(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба назди
қабре гузаштанд ва донистанд ки соҳибони ин
қабрҳо дар азоб ҳастанд ду шохчаи дарахти
тарро шикаста боло қабр гузоштанд ва гуфтанд
"Умед ҳаст ки ба сабаби зикри ин шохчаҳои
тар азоби ин ду сабук мешавад"
Дар зери истинботи аҳком аз ин ҳадис ба нақл
аз хаттобӣ гуфтааст:
📚 ﻓِﻴﻪِ ﺩَﻟِﻴﻞ ﻋﻠﻰ ﺍﺳْﺘِﺤْﺒَﺎﺏ ﺗِﻠَﺎﻭَﺓ ﺍﻟْﻜﺘﺎﺏ ﺍﻟْﻌَﺰِﻳﺰ ﻋﻠﻰ ﺍﻟْﻘُﺒُﻮﺭ،
ﻟِﺄَﻧَّﻪُ ﺇِﺫﺍ ﻛَﺎﻥَ ﻳُﺮْﺟَﻰ ﻋَﻦ ﺍﻟْﻤَﻴِّﺖ ﺍﻟﺘَّﺨْﻔِﻴﻒ ﺑﺘﺴﺒﻴﺢ ﺍﻟﺸّﺠﺮ، ﻓﺘﻼﻭﺓ
ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥ ﺍﻟْﻌَﻈِﻴﻢ ﺃﻋﻈﻢ ﺭَﺟَﺎﺀ ﻭﺑﺮﻛﺔ .
📚«Дар ин ҳадис далиласт, бар мустаҳаб
будани қироати қуръон болои қабр, зеро
ҳангоме ки ба сабаби тасбиҳ гуфтани дарахт
барои майит умеди сабукӣ карда шавад пас
хондани қуръон умедвортар (бар сабукӣ барои
майит) ҳаст ва баракоташ зиёдтар
ҳаст» (умдатул қорӣ шарҳи бухорӣ ҷ 3 саҳ:
118).
📚Сипас худи Аллома бадриддини айнӣ
меафзояд:
📚 ﻗﻠﺖ : ﺍﺧْﺘﻠﻒ ﺍﻟﻨَّﺎﺱ ﻓِﻲ ﻫَﺬَﺍ ﺍﻟْﻤَﺴْﺄَﻟَﺔ، ﻓَﺬﻫﺐ ﺃَﺑُﻮ ﺣﻨﻴﻔَﺔ
ﻭَﺃﺣﻤﺪ، ﺭَﺿِﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﺗَﻌَﺎﻟَﻰ ﻋَﻨْﻬُﻤَﺎ، ﺇِﻟَﻰ ﻭُﺻُﻮﻝ ﺛَﻮَﺍﺏ ﻗِﺮَﺍﺀَﺓ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥ
ﺇِﻟَﻰ ﺍﻟْﻤَﻴِّﺖ، ﻟﻤﺎ ﺭﻭﻯ ﺃَﺑُﻮ ﺑﻜﺮ ﺍﻟﻨﺠﺎﺭ ﻓِﻲ ﻛﺘﺎﺏ ( ﺍﻟﺴّﻨَﻦ) ﻋَﻦ ﻋَﻠﻲّ
ﺑﻦ ﺃﺑﻲ ﻃَﺎﻟﺐ، ﺭَﺿِﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﺗَﻌَﺎﻟَﻰ ﻋَﻨﻪُ، ﺃَﻥ ﺍﻟﻨَّﺒِﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋَﻠَﻴْﻪِ
ﻭَﺳﻠﻢ ﻗَﺎﻝَ : ( ﻣﻦ ﻣﺮ ﺑَﻴﻦ ﺍﻟْﻤَﻘَﺎﺑِﺮ ﻓَﻘَﺮَﺃَ : ﻗﻞ ﻫُﻮَ ﺍﻟﻠﻪ ﺃﺣﺪ، ﺃﺣﺪ ﻋﺸﺮ
ﻣﺮّﺓ، ﺛﻢَّ ﻭﻫﺐ ﺃﺟﺮﻫَﺎ ﻟﻸﻣﻮﺍﺕ ﺃﻋﻄﻲ ﻣﻦ ﺍﻟْﺄﺟﺮ ﺑِﻌَﺪَﺩ ﺍﻟْﺄَﻣْﻮَﺍﺕ ) .
📚«Ман мегӯям дар ин масъала мардум
ихтилоф кардаанд Имом Абуҳанифа ва аҳмад-
Худо аз онҳо рози бод-бар ин қавл ҳастанд ки
савоби қироати қуръон ба мурда мерасад ба
далили ончи ки Абубакри наҷҷор дар китоби
"Сунан" аз Алӣ Ибни Абӣ толиб ривоят
кардааст ки Расули Худо(Салому дуруди Аллоҳ
бар ӯ бод) фармудааст: Касе байни қабрҳо
гузарад пас қулҳуваллоҳу аҳадро ёздаҳ
маротиба хонад сипас савоби онро ба
мурдагон ҳадия кунад аз ин савоб ба миқдори
адади мурдагон дода мешавад» (Умдатул-қорӣ
шарҳи бухорӣ ҷ3 саҳ:118).
📚Сипас Аллома бадриддини айнӣ дар ин
масъал ақволи дигарро зикр карда муноқаша
намудааст.
📚Дар китоби «фатовои ҳиндия»ки аз
фатвоҳои мазҳаби ҳанафӣ ҳаст чунин омадааст:
📚 ﻭَﻳُﺴْﺘَﺤَﺐُّ ﺇﺫَﺍ ﺩُﻓِﻦَ ﺍﻟْﻤَﻴِّﺖُ ﺃَﻥْ ﻳَﺠْﻠِﺴُﻮﺍ ﺳَﺎﻋَﺔً ﻋِﻨْﺪَ ﺍﻟْﻘَﺒْﺮِ ﺑَﻌْﺪَ
ﺍﻟْﻔَﺮَﺍﻍِ ﺑِﻘَﺪْﺭِ ﻣَﺎ ﻳُﻨْﺤَﺮُ ﺟَﺰُﻭﺭٌ ﻭَﻳُﻘَﺴَّﻢُ ﻟَﺤْﻤُﻬَﺎ ﻳَﺘْﻠُﻮﻥَ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥَ ﻭَﻳَﺪْﻋُﻮﻥَ
ﻟِﻠْﻤَﻴِّﺖِ، ﻛَﺬَﺍ ﻓِﻲ ﺍﻟْﺠَﻮْﻫَﺮَﺓِ ﺍﻟﻨَّﻴِّﺮَﺓِ .
📚 ﻗِﺮَﺍﺀَﺓُ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥِ ﻋِﻨْﺪَ ﺍﻟْﻘُﺒُﻮﺭِ ﻋِﻨْﺪَ ﻣُﺤَﻤَّﺪٍ - ﺭَﺣِﻤَﻪُ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺗَﻌَﺎﻟَﻰ - ﻟَﺎ
ﺗُﻜْﺮَﻩُ ﻭَﻣَﺸَﺎﻳِﺨُﻨَﺎ - ﺭَﺣِﻤَﻬُﻢْ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺗَﻌَﺎﻟَﻰ - ﺃَﺧَﺬُﻭﺍ ﺑِﻘَﻮْﻟِﻪِ ﻭَﻩَ
📚«Ва мустаҳаб ҳаст ҳангоме ки мурда дафн
карда шуд мардум баъд аз дафн лаҳзае назди
қабр ба қадре ки як ҳайвон забҳ карда шудаву
гӯшташ
📚тақсим карда мешавад нишинанд ва
қуръон тиловат кунанду барои майит дуо
кунанд чунин омадааст дар ҷавҳаратун-
найираҳ, қироати қуръон назди қабр назди
Имом муҳаммад-раҳимаҳуллоҳ-макрӯҳ нест ва
уламои мо-Раҳимаҳумуллоҳ-ба қавли имом
муҳаммад чанг задаанд» (Фатовои ҳиндия ҷ1
саҳ: 165).
📚Аллома Ибни Нуҷайми Ҳанафӣ дар "Шарҳи
канзуд-дақоиқ" ба нақл аз фатовои
"Тоторхония" овардааст:
📚 ﻭَﻓِﻲ ﺍﻟﺘَّﺘَﺎﺭْﺧَﺎﻧِﻴَّﺔ : ﺭَﺟُﻞٌ ﻣَﺎﺕَ ﻓَﺄَﺟْﻠَﺲَ ﻭَﺍﺭِﺛُﻪُ ﺭَﺟُﻠًﺎ ﻋَﻠَﻰ ﻗَﺒْﺮِﻩِ
ﻳَﻘْﺮَﺃُ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥَ ﻗَﺎﻝَ ﺑَﻌْﻀُﻬُﻢْ ﻳُﻜْﺮَﻩُ ﻭَﺍﻟْﻤُﺨْﺘَﺎﺭُ ﺃَﻧَّﻪُ ﻟَﺎ ﻳُﻜْﺮَﻩُ
📚«Ва Дар Татархония омадааст:Марде аз
дунё гузарад меросбарони ӯ мардеро барои
хондани қуръон назди қабраш шинонанд баъзе
уламо гуфтаанд макрӯҳ ҳаст аммо қавли
ихтиёркарда шуд(қавли саҳеҳ) инаст, ки макрӯҳ
нест» (Баҳрур-роиқ шарҳи канзуд-дақоиқ ҷ8
саҳ:235).
📚Аллома Алӣ Қорӣ дар "Мирқот" қавли
имом нававиро нақл намуда дар идома чунин
гуфтааст:
📚 ﻭَﺍﺳْﺘَﺤَﺐَّ ﺍﻟْﻌُﻠَﻤَﺎﺀُ ﻗِﺮَﺍﺀَﺓَ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥِ ﻋِﻨْﺪَ ﺍﻟْﻘَﺒْﺮِ ﻟِﻬَﺬَﺍ ﺍﻟْﺤَﺪِﻳﺚِ ﺇِﺫْ
ﺗِﻠَﺎﻭَﺓُ ﺍﻟْﻘُﺮْﺁﻥِ ﺃَﻭْﻟَﻰ ﺑِﺎﻟﺘَّﺨْﻔِﻴﻒِ ﻣِﻦْ ﺗَﺴْﺒِﻴﺢِ ﺍﻟْﺠَﺮِﻳﺪِ ، ..
📚«Уламо қироати қуръон назди қабрро
мустаҳаб донистаанд ба далили ҳамин ҳадис,
зеро қироати қуръон аз тасбеҳ гуфтани
шохчаҳои тар дида авлотар ҳаст ба сабук
шудани азоб(барои мурда)»(Мирқот шарҳи
мишкот ҷ1 саҳ:376 китоби таҳорат боби
халоъ).
📚Муҳаққиқ Камолуддин Ибни Ҳумоми
Ҳанафӣ мегӯяд:
📚 ﻭﺍﺧﺘﻠﻒ ﻓﻲ ﺍﺟﻼﺱ ﺍﻟﻘﺎﺭﺋﻴﻦ ﻟﻴﻘﺮﺀﻭﺍ ﻋﻨﺪ ﺍﻟﻘﺒﺮ ﻭﺍﻟﻤﺨﺘﺎﺭ
ﻋﺪﻡ ﺍﻟﻜﺮﺍﻫﺔ
📚«Дар (масъалаи) нишастани қориҳо назди
қабр барои хондани қуръон уламо ихтилоф
кардаанд ва қавли ихтиёркарда шуда(қавли
саҳеҳ) инаст, ки макрӯҳ нест» (Фатҳул-қадир ҷ2
фасли дафни майит саҳ:150).
📚Аллома Ибни Обидини Ҳанафӣ низ аз
ривояте ки аз ҳазрати Алӣ омадааст нақл
намуда қироати қуръон назди қабрро ҷоиз
дониста далил кардааст ки савобаш ба
мурдагон мерасад чигунае ки нақл мекунад:
📚 ﻭَﺭُﻭِﻱَ ﺃَﻳْﻀًﺎ ﻋَﻦْ ﻋَﻠِﻲٍّ ﻋَﻨْﻪُ - ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ - ﻗَﺎﻝَ
« ﻣَﻦْ ﻣَﺮَّ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟْﻤَﻘَﺎﺑِﺮِ ﻭَﻗَﺮَﺃَ } ﻗُﻞْ ﻫُﻮَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺃَﺣَﺪٌ { [ ﺍﻹﺧﻼﺹ : ١ ]
ﺇﺣْﺪَﻯ ﻋَﺸْﺮَﺓَ ﻣَﺮَّﺓً ﺛُﻢَّ ﻭَﻫَﺐَ ﺃَﺟْﺮَﻫَﺎ ﻟِﻠْﺄَﻣْﻮَﺍﺕِ ﺃُﻋْﻄِﻲَ ﻣِﻦْ ﺍﻟْﺄَﺟْﺮِ ﺑِﻌَﺪَﺩِ
ﺍﻟْﺄَﻣْﻮَﺍﺕِ »
📚«Ва инчунин Аз Алӣ-Худо аз ӯ рози бод-
ривоят шудааст ки Расули Худо(Салому дуруди
Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Касе бар қабрҳо
гузарад ва қулҳуваллоҳу аҳадро ёздаҳ
маротиба хонад сипас савоби онро ба
мурдагон ҳадия кунад аз ин савоб ба миқдори
адади мурдагон дода мешавад»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев