«Ҳасбуналлоҳу ва ниъмал вакил» (Сураи Оли Имрон, 173)
Тарҷума: «Худо моро бас аст ва нек Коргузор аст»
«Рабби наҷҷини минал қавми-з-золимин» (Сураи Қасас, 21)
Тарҷума: «Эй Парвардигори ман, маро аз гуруҳи ситамкорон раҳо кун».
«Фасаякфикаҳумуллоҳу ва ҳува-с-самиъу-л-алим» (Сураи Бақара,137)
Тарҷума: «Пас, зуд бошад, ки_Худо туро аз [шарри] онҳо кифоят кунад; ва Ӯ Шунавою Доно аст».
«Раббӣ фало таҷъални фил-қавми-з-золи- мин».(Сураи Муъминун, 94.)
Тарҷума: «Эй Парвардигори ман, пас маро дар гурӯҳи ситамкорон дохил макун»
«Фасатазкуруна мо ақулу лакум ва уфаввизу амрӣ илаллоҳи инналлоҳа басирун билъибод».(Сураи Ғофир, 44.)
Тарҷума: «Пас, он чиро, ки ба шумо мегӯям, ёд хоҳед кард; ва кори худро ба Худо месупорам; ҳамоно Худо ба (аҳволи) бандагон Бино аст».
«Аллазина изо асобатҳум мусибатун қолу инно лиллоҳи ва инно илайхи роҷиъун».(Сураи Бакара, 156.)
Тарҷума: «Онон, ки чун сахтие ба онҳо бирасад, гӯянд: «Ҳамоно мо аз они Худоем ва ҳамоно мо ба сӯи Вай бозхоҳем гардид».
«Анни массания-з-зурру ва анта арҳаму-р- роҳимин».(Сураи Анбиё, 83)
Тарҷума: «..маро ранҷ расидааст ва Ту Меҳрубонтарини меҳрубононӣ».
«Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту мина-з-золимин».(Сураи Анбиё, 87)
Тарҷума: «...ғайри Ту ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамкорон будам».
«Рабби-ҳкум билҳаққ ва раббуна-р-раҳмону-л-мустаъону ъало мо тасифун».(Сураи Анбиё, 12.)
Тарҷума: «Эй Парвардигори ман, ба ростӣ ҳукм кун. Ва Парвардигори мо Бахшоянда аст, бар он чӣ Шумо баён мекунед, аз Вай мадад талаб карда мешавад».
«Ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло ҳува ъалайҳи таваккалту ва ҳува рабу-л-арши-л-азим».(Сураи Тавба, 129.)
Тарҷума: «Худо маро бас аст, ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест, бар Вай таваккул кардам; ва Ӯ Худованди Арши Бузург аст».
«Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту мина-з-золимин».(Ривояти Тирмизӣ ва Ҳоким)
Тарҷума: «Ғайри Ту ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ, ки ман аз ситамкорон будам».
«Аллоҳумма иннӣ абдука вабну абдика вабну аматика носияти биядика, мозин фийя ҳукмука, адлун фийя қазоука, асъалука бикуллисмин ҳува лака саммайта биҳи нафсака, ав анзалтаҳу фи китобика ав ъалламтаҳу аҳадан мин халқика ав истаъсарта биҳи фи илми-л-ғайби индака ан таҷъали-л- қуръона рабиъа қалбӣ».(Ривояти Аҳмад ва Ҳоким)
Тарҷума: «Бор Худоё. Ба дурустие, ки ман бандаи Туям ва фарзанди бандаи Туям ва фарзанди модаре, ки бандаи Ту аст. Нафсам ба дасти Туст. Ҳукми Ту бар ман ҷорӣ шуданист, ҳукми Ту бар ман адл аст. Туро бо номҳое, ки Зотатро номидаӣ, ё дар китобат нозил намудӣ ё бандае аз бандагонатро огоҳ намудӣ, ё дар илми ғайбат онро наздат нигоҳ доштаӣ, дуо менамоям, ки Қуръонро баҳори дилам бигардон».
«Ло илоҳа илаллоҳу-л-азиму-л-ҳалим, ло нлоҳа иллаллоҳу рабу-л-арши-л-азим, ло илоҳа иллаллоҳу рабу-с-самовоти ва рабу-л-арзи ва рабу-л-арши-л-карим».(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Тарҷума: «Нест маъбуди барҳақ магар Худованди Бузурги Ҳалим, нест маъбуди барҳақ магар Худои Парвардигори Арши бузург, нест маъбуди барҳақ магар Худои Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши карим».
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев