* Матни нақд:
Пас аз шукр ва сипоси Худованд ба хотири гушудани дари раҳмат ва ҳидоят ба рӯйи бандаи саропо тақсирӣ чун ман, аз ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ ба хотири рӯшан намудани масири ҳидоят ва таҳаммули тамоми ранҷҳои ин масир сипос ва қадрдонӣ менамоям. Чанд рӯзе аст китоби шарифи эшонро мутолиъа намуда ва аз матолиби муфиди сайт баҳра мебарам. Аз онҷо ки матолиб, баёнгари ҳақ мебошад бар умқи ҷон менишинад ва моро аз хоби ғафлат бедор карда таҳаввулӣ шиграф эҷод менамояд, то онҷо ки барои фурсатҳои аз даст рафтаи худ афсӯс мехурам. Бошад ки Худоӣ Раҳмон аз дари раҳмат, неъмати фаҳми дақиқи ин ҳақоиқ ва амал ба онро ба мо иноят фармояд. Мутолиъаи дидгоҳҳои мавҷуд дар сайт низ бисёр дар дарк ва фаҳми матолиб ёриям намуда ва боъиси ҳаракат ва иштиёқӣ беш аз пеш барои касби маърифат шудааст. Аз лутф ва заҳмати эшон ва ҳами ёронашон бисёр сипосгузорам ва аз Ҳазрати Ҳақ саломатӣ ва ёрии рӯзафзуни эшонро хоҳонам. Аз эшон низ илтимоси дуъо дорам.
* Матни баррасӣ:
Хоҳари мӯъмин, басир ва озода!
Худованд шуморо дар роҳи касби ризои худаш аз тариқи ёрии ҳақ пас аз шинохти он, муваффақ фармояд; Зеро ёрии ҳақ пас аз шинохти он, фаризае аст ки бар ӯҳдаи ҳар мард ва зани мусалмон қарор додааст то мояи қавоми ҳақ ва заволи ботил бошад ва ёрии ҳақ пас аз шинохти он, шиносондани он ба дигарон аст ки даъват ба хайр ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар шумурда мешавад; Чунонки фармудааст: «وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ» (Оли Имрон/104); <<Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд ки ба сӯӣ хайр фаро мехонанд ва ба маърифат амр ва аз мункар наҳй мекунанд ва онон ҳамоно растгоронанд>>. Ин мабноӣ ҳаракати ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст; Чароки он ...
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/%D0%BC%D1%83%D1%88%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D0%B4/1326/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1