Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат,ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар душ кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят муҳри сукут хурдааст.Дастонатро бар руям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд у бигуяд ки чиқадар бароям заҳмат кашидаи. Падар то ҳол ҳар чи доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирузу имруз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рузат гиромӣ бод падарҷон. Бо эҳтироми самимӣ фарзанд(ҳоя)-тон, «Хирадманд, Хиромон, Маҳҷуба, Фараҳманд ва Гулмаҳмад»