Предыдущая публикация
Нигори нозхӯи мо муҳаббатро куҷо донад?
Чу лутфе нест дар хӯяш мурувватро куҷо донад!
Асири ӯ шудан оё қавитар мушкиле дорад?
Бад-ӯ саҳл асту дил бурдан қаробатро куҷо донад?
Ҳасан (р.а) ибни Алӣ (р.а) аз зан чи дидаст ин, ки мо бинем?
Ки он носери дунёҷӯй давлатро куҷо донад?
Зулайхо кунҷи зиндонро муқаррар кард бар Юсуф,
Агар дил бохтан ин аст, шафқатро куҷо донад?
Даруни хонаи Лайлӣ сухан дар боби Маҷнун гӯй,
Заъифӣ гар кунад маъшуқа раҳматро куҷо донад?
Касе ширин кунад гар коми худ бо қиссаи Ширин,
Бурун аз сӯзи дил ғофил тароватро куҷо донад?
Магӯ аз ишқи нокоми худ, эй Воҷид ҳаюлоӣ,
Касе, к-ӯ нозҳо дорад рафоқатро куҷо донад?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев