Подшоҳе, ки ҳамаи фарзандонашро аз даст дода буд ва дигар пас аз худ ҷонишине надошт, хост барои худ аз миёни ҷавонони кишвараш ҷонишине интихоб кунад. Подшоҳ ҷавонҳои шаҳрро ба наздаш хонд ва ба ҳар кадоме аз онҳо донаи гиёҳе дод ва аз онҳо хост ҳар яке аз онҳо рафта донаро дар як зарф ва ё гулдоне бикоранд ва пас аз чанд моҳи муайяне гиёҳро ба назди подшоҳ биёранд, то подшоҳ аз миёни онҳо кадоме, ки гиёҳро хубтар парваронидааст барои пас аз худ ӯро ба подшоҳӣ бипазирад. Яке аз он ҷавонҳо, ки тасмим дошт ба ин кор низ муваффақ гардад ва оянда подшоҳи ин кишвар шавад, тамоми талошашро ба кор бурд. ӯ ҳар чанд талош намуд то он донаро парвариш диҳад аммо дона намерӯид. Ба ин гумон афтод, ки до