ЧАРО ТОҶИКОН ПЕШ НАМЕРАВАНД?!?
Тоҷикон пеш намераванд, аз он сабабе, ки тарсончак, бахил ва дарунпӯсидаанд. Мо худро тоҷик ва мусулмон ҳисоб мекунем, аммо дар амал на тоҷик ҳастему на мусулмон. Аз мо ҳатто бӯйи одамӣ намеояд, ҳайвон бо ҳайвониаш аз мо мегурезад. Мо қолабан одамем, дар амал бадтар аз шайтон. Ҳама кори бадро иҷро карда, боз ҳамаи айбро ба гардани шайтон бор мекунем. Одам як тараф истад, сагу гурба, ҳатто ҳайвонҳои ваҳшӣ аз мо мегурезанд, мо ҳатто аз ҳайвонҳои ваҳшӣ ваҳшитарем. Мо худро идора карда наметавонем ва бештари вақт худро нашинохта, мурда меравем. Айни замон одам аз ҳайвон қариб фарқе надорад, Ҳайвон бо ҳайвониаш нангу номус дорад. Агар ба мокиён расем, хурӯс моро мезанад. Агар сагбачаҳоро аз модараш ҷудо кардан хоҳем, модараш намегузорад ба сагбачаҳо даст расонида бошем. Агар ба чӯҷа расем, мурғ мезанад. Саг бо сагиаш дар назди одам зино намекунад... Инсон чӣ? Мо барои чи ба ин дунё омадем ва вазифаи мо дар ин дунё чист? Мо кистем?
Агар ба хар зини тиллогин занем, хар асп намешавад. Одам ҳам чунин аст, агар хулқу атволи бад дошта бошад, ба Ҳаҷ равад ё бою бадавлат шавад, то худи Худо ба ӯ тайфиқ ва имон надиҳад, ӯ то абад пастсифат боқӣ мемонад. Аз одамони пастсифату беимон амалҳои хубро интизор шудан, аҳмақист.
Рақобати солим байни тоҷикон вуҷуд надорад, то ҳол мо бахил, тарсончак ва дарунпӯсидаем. Бо ин ҳолу аҳвол на Тоҷикистон пеш мераваду на тоҷик! Пулу молу мансабро аз ин дунё ягон кас гирифта намеравад, ҳама бо ду дасти холӣ аз ин олам меравем. Ҳеч кас то охир пурқуввату тавоно боқӣ намемонад...
Рақобати солим ангуштшумор аст. То ҳол қариб рақобати пурра солимро надидаам. Адолат нест, адолат, ки нест шуд, ҳурмату эҳтиром ва қадру қимат гум мешавад. Ба ҳама бандаҳои Худо ризқу рӯзӣ мерасад, ҳеч кас насиби дигар касро гирифта наметавонад. Ҳеч кас пеш аз аҷал намемирад, ҳатто барги дарахт бо хости Худо меҷунбад. Замона чунон шудааст, ки одамон ба мурда ва азодорӣ ҳасуду бахилӣ мекунанд.
Соли 2018 якумин маротиба ба ман Ингушҳо, ки аз як қаҳвахонаи ҳамватан бепул самбӯса хӯрда буданду ман талаб карда будам, ки пули самбӯсаро диҳанд, таҳқиру таҳдид карда буданд то ҳол чунин аст. Ҳарчанде заифони тарсончак нотаъин амал мекунанд. Аламовар ин аст, ки ин заифон ҳамватанонанд.
Имрӯз як ҳамватану ҳамшаҳре, ки ба ном одам асту як пояш дар лаби гӯр ва синну солаш бо бобоям баробар аст, аз сабаби рақобати носолим аз падару модарам шурӯъ карда, то устоду Ватанам ҳақорату дашном дод, ҳарчанде имрӯз арафа- айёми Иди Қурбон буд. Обрӯи Худодро ягон кас гирифта наметавонад. Ман ором нишастам. Ягон чиз нагуфтам, аз пиштам бисёр одамон хестанд, шармандагию ҳангома байни мардум буд...
Мо бисёр тӯҳмату таҳдид ва ҳатто шапалоқҳоро дидем, аммо дар дил ягон ҳисси бадбинӣ надорем. Мо ҳамеша хоҳони хушбахтиву хонаободии ҳар як фард ҳастем. Табассум мекунем, чун мо ҳам замоне бо дасти хушку холӣ аз ин дунё меравему оҳиста фаромӯш мешавем...
Шукри Худо, ки мо Худо дорем ва Ӯ ба мо сабр додааст. Ягон чиз бемукофот намемонад. Мо ягон чиз намегӯем. Мо танҳо дар ин рӯзҳои Муборак аз даргоҳи Худованди Карим ба тамоми беморон шифои комил, ба гумроҳон ҳидояту роҳи рост ва ба беақлону беимонон ақлу имони комил таманно дорем.
Ид муборак бошад, ҳамватанони азиз.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев