Агар мехоҳи рӯи ту дар рӯзи қиёмат монанди моҳи чордаҳ намоён ва равшан бошад пас ин аст маслиҳати мо ба шумо: Ҳаргиз гуфтани «Ло илоҳа иллалоҳ»-ро фаромуш накун. Дар ҳадисе, ки онро Табаронӣ аз Абудардоъ (р) ривоят кардааст, омадааст: ﻗﺎﻝ ﺍﻟﻨﺒﻲ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ : ﻟﻴﺲ ﻣﻦ ﻋﺒﺪ ﻳﻘﻮﻝ ﻻ ﺍﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﻟﻠﻪ ﻣﺎﺋﺔ ﻣﺮﻩ ﺇﻻ ﺑﻌﺜﻪ ﺍﻟﻠﻪ ﺗﻌﺎﻟﻰ ﻳﻮﻡ ﺍﻟﻘﻴﺎﻣﺔ ﻭﻭﺟﻬﻪ ﻛﺎﻟﻘﻤﺮ ﻟﻴﻠﺔ ﺍﻟﺒﺪﺭ ﻭﻻ ﻳﺮﻓﻊ ﻷﺣﺪ ﻳﻮﻣﺌﺬ ﻋﻤﻞ ﺃﻓﻀﻞ ﻣﻦ ﻋﻤﻠﻪ ﺇﻻ ﻣﻦ ﻗﺎﻝ ﻣﺜﻞ ﻗﻮﻟﻪ ﺃﻭ ﺯﺍﺩ «Ҳеҷ бандае нест, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро сад маротиба мегӯяд магар инки Худованд рӯзи қиёмат ӯро дар ҳоле бармехезонад, ки рӯяш монанди моҳ дар шаби чордаҳ аст. Дар он рӯз амали ҳеҷ касе беҳтар аз ӯ нахоҳад буд магар касе, ки монанди ӯ («Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро) такрор карда бошад ва ё аз он ҳам бештар» Табаронӣ ҳадиси дигареро аз пбни Умар (р) овардааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудааст: ﻟﻴﺲ ﻋﻠﻰ ﺃﻫﻞ ﻻ ﺍﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﻟﻠﻪ ﻭﺣﺸﻪ ﻓﻲ ﺍﻟﻤﻮﺕ ﻭﻻ ﻓﻲ ﺍﻟﻘﺒﻮﺭ ﻭﻻ ﻓﻲ ﺍﻟﻨﺸﻮﺭﻛﺄﻧﻲ ﺍﻧﻈﺮ ﺇﻟﻴﻬﻢ ﻋﻨﺪ ﺍﻟﺼﻴﺤﺔ ﻳﻨﻔﻀﻮﻥ ﺭﺅﻭﺳﻬﻢ ﻳﻘﻮﻟﻮﻥ ﺍﻟﺤﻤﺪ ﻟﻠﻪ ﺍﻟﺬﻱ ﺍﺫﻫﺐ ﻋﻨﺎ ﺍﻟﺤﺰﻥ «Бар гӯяндагони «Ло илоҳ иллаллоҳ» ҳеҷ биме дар вақти марг ва на дар қабр ва на дар рӯзи растохез нахоҳад буд, гуё ман онҳоро дар вақти нидо (яъне ҳамон рӯзе, ки мардумро ба маҳшаргоҳ бозмехонанд) мебинам, ки сарҳояшонро мебардоранд ва мегӯянд: Сипос Худоро, ки аз мо ғаму андуҳро дӯр кард». Байҳақи ҳадисеро аз Маоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: ﻟﻴﺲ ﻳﺘﺤﺴﺮ ﺃﻫﻞ ﺍﻟﺠﻨﺔ ﻋﻠﻰ ﺷﻲﺀ ﺇﻻ ﻋﻠﻰ ﺳﺎﻋﺔ ﻣﺮﺕ ﺑﻬﻢ ﻟﻢ ﻳﺬﻛﺮﻭﺍ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﺰ ﻭﺟﻞ ﻓﻴﻬﺎ «Ҷаннатиё бар чизе ҳасрат намехуранд магар бар он лаҳзаҳое, ки дар он ёди Худои бузургашонро накарда буданд» Гуфтани «Ло илоҳа иллаллоҳ» рӯятро дар қиёмат равшан мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев