1. Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 2.Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.3.Бахшояндаи меҳрубон,4.Фармонравои рӯзи ҷазо.5.Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.6.Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:7.Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон. 1. Аз он рӯй, ки калому-л-лоҳи маҷид бо ин сура оғоз мешавад, фотиҳату-л- китобаш хондаанд. Аз дигар номҳои он «Сабъулмасонӣ» аст, зеро ҳафт оя дорад ва ба ривояте ду бор ба паёмбар нозил шудааст ё дар ҳар намоз ду бор хонда мешавад. Фотиҳа ту- л-китоб дар Макка нозил шудааст.2. Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).3. Онҳоеанд, ки ҳақро нашинохтанд ва гумроҳ шуданд (ҳамчун