🔸 Матни пурсиш:
Назари ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди фитрия чист?
Ва имсол чи маблағеро бояд пардохт?
🔸 Матни посух:
Закоти «Фитра» яке аз масодиқи закот аст ки Худованд дар китоби худ фарз фармуда ва Паёмбараш –бино бар ривоёти мутавотир ва машҳур– аз чанду чуни он хабар дода ва ба муҷиби он ду, ҳар мусалони дорои иститоъате мукаллаф аст ки аз субҳи рӯзи аввали Шаввол (тарҷиҳан пеш аз намози иди фитр), ба изои худ ва ҳар як аз оъилааш, ъайн ё қимати як соъ аз қути ғолиби худ ва ононро ба аснофи мазкур дар ояи 60 сураи муборакаи Тавба хусусан фуқаро ва масокин бирасонад ва як соъ дар замони ҳозир муъодили чаҳор мудд ва мусовӣ бо ҳудуди се келограм (2830 грам ё каме бештар) аст, вале аз бархӣ ривоёт[1] дониста мешавад ки –бар хилофи назари машҳури мусалмонон– дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маъодили панҷ мудд буда ва дар замони Умавиён ба чаҳор мудд коҳиш ёфта ва бо ин васф, як соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мусовӣ бо ҳудуди севуним келограм (3538 грам) аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3136/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев