Аз ҳамин ҷо буд, ки мақом ва манзалати забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ суст гардид ва аз ривоҷу равнақ монд. Ин фоҷеа ва ҷинояти бузургест, ки аз ҷониби истиъморгарони англис дар ин сарзамини бостонӣ содир гардид. Дар ин бора донишманди покистонӣ, доктор Сайид Муҳаммади Акрам бо надомат ва оҳу фиғон гуфтааст:
"Забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тӯлонӣ) забони расмии кишвар буд, забоне, ки ёд гирифтани он мӯҷиби ифтихор ва мубоҳот шуморида мешуд, забоне, ки азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки аз забони модарӣ ҳам ширинтар пиндошта мешуд, забоне, ки забони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд, забони рӯҳ буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин достонест, ғамангез ва риққатафзое, ки қалам бар он мегиряд".
Аз "Куллиёти форсӣ" Иқболи Лоҳурӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев