Бритониё барои суст кардани таъсир ва нуфузи дини Ислом дар ҷомеаи нимҷазираи Ҳинд зарбаи сахт ва ҳалокатоварро ба пайкари забони форсии дарӣ зад ва соли 1836 милодӣ ин забони муқтадир ва малакутиро аз мақоми забони давлатӣ ва илму адаб барандохт ва забонҳои англисӣ ва ҳиндиро ҷонишини он сохт. Аз ҳамин ҷо буд, ки мақом ва манзалати забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ суст гардид ва аз ривоҷу равнақ монд. Ин фоҷеа ва ҷинояти бузургест, ки аз ҷониби истиъморгарони англис дар ин сарзамини бостонӣ содир гардид. Дар ин бора донишманди покистонӣ, доктор Сайид Муҳаммади Акрам бо надомат ва оҳу фиғон гуфтааст:
"Забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тӯлон